ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРНОМА

МЕҲРНОМА

18 октябр 2023, Чоршанбе
24
0

 
Хушбахтии ману бародарону хоҳарам дар он аст, ки фарзандони адиб, драматурги шинохта, собиқадори ҷангу меҳнат ва матбуот Ҳоҷӣ Содиқ мебошем. Падарам чандин сол сармуҳаррири рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳоло “Халқ овози”) буданд ва худро, пеш аз ҳама, журналист меҳисобиданд. Шахсони муътабар, адибону рӯзноманигорони машҳур устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ғанӣ Абдулло ва  Абдумалик Баҳорӣ ба хона омада, дар бораи пешрафти адабиёти муосири тоҷик баҳсҳо ба миён меоварданд.

Падарам ҳамчун драматург зуд-зуд бо модарам, ки омӯзгор буданд, ба театр мерафтанд ва мо – фарзандонашонро бо худ мебурданд. Аз ин рӯ, аз хурдӣ дар дили мо меҳри театр ҷой гирифт. Театр ҷойи дидорбинӣ, шиносоӣ, огоҳ шудан аз асарҳои драматургони тоҷику ҷаҳон ва, бешубҳа, дилбандӣ ба фарҳанг буд. Бори нахуст устод Сотим Улуғзодаро низ дар ҳамин театр дида будам, дар намоишномаи “Алломаи Адҳам ва дигарон”.  
Падарам хеле серкор буданд, зеро рӯзнома  ҳар рӯз нашр мешуд. Ҳамзамон, чун вакили Шурои Олии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар мекарданд, дар арафа ва Ҷашни Рӯзи Ғалаба ҳамчун иштирокдори ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мактабу ташкилотҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ бо ҷавонон мулоқот анҷом медоданд. Мо ҳам аз суҳбатҳояшон ҳаловат мебурдем, ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ мебардоштем. Китобхонаи бузурге доштанд, аз он ҳамсинфону ҳамкурсонам  асарҳои мақбулашонро мегирифтанд. Алифбои арабиасоси форсиро низ бо ҳамроҳии хоҳарам Хуршеда, ки баъдтар рӯзноманигор шуда, солҳои мадид дар АМИТ “Ховар” ва  “Согдийская правда” заҳмати эҷодӣ кашид, аз зодмандон омӯхтам.  
Қиблагоҳ пухтани оши палавро хеле дӯст медоштанд. Устод Раҳим Ҷалил, вақте ки  ба хонаи мо меомаданд,  баъди хӯрдани палав ягон “камбудӣ” ёфта, бо ҳазл мегуфтанд: «Ҷӯраҷон, дафъаи оянда болаззаттар мешудагист?». Ҳатто байни журналистон дар бораи ошпазии падарам ривоятҳои аҷибе чарх мезаданд. Мегуфтанд, ки гӯё барои пухтани палав дар рӯзҳои корӣ Ҳоҷӣ Содиқро дар бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон муҳокима кардаанд ва сармуҳаррири “Совет Тожикистони” ваъда додааст, ки минбаъд барои хӯроки нисфирӯзии аҳли эҷод ба ҷойи палав шӯрбо мепазад. 
Падарам бо санъаткорон, устодони саҳнаи театр Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, Тӯтӣ Ғаффорова, Муҳаммадҷон Халилов, Убайдулло Раҷабов, Раҷабгул Қосимова, Саидмурод Мардонов ва дигарон робитаи қавӣ доштанд. Вақте ки намоишномаи телевизионии  «Эҷодкор» бо иштироки Убайдулло Раҷабов ва Раҷабгул Қосимова таҳия мешуд, секунҷаи Ҳоҷӣ Содиқ, Раҷабгул Қосимова ва Убайдулло Раҷабов ба миён омад. Заҳмати зиёде кашиданд, дар натиҷа намоишномае таҳия гардид басо диданӣ. Хушбахтона, онро то ҳол намоиш медиҳанд, зеро мавзуъяш замонавӣ буда, мушкилоти гендериро фаро мегирад.  
Намоишномаи «Интихоби домод»-и падарам дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ садҳо маротиба ба саҳна гузошта шуд. Хеле шуҳрат ёфт, чунки мавзуъ ҳаётӣ буд. Дар нахустнамоиши он  ман бо шавҳарам ширкат доштам. Баъзеҳо мегуфтанд, ки мавзуи комедияро Ҳоҷӣ Содиқ ҳангоми интихоби домодаш пайдо намудааст. 
Қаҳрамони ҳикояи «Шонашӯрбо» ман будам. Вақте ки онро баланд-баланд мехондам, такрор ба такрор мегуфтам: «Ин  ман нестам, ин ман нестам», ҳарчанд худро зуд шинохта будам. Ҳикояҳои ҳаҷвияшонро дӯст медоштам, китобҳои шарҳиҳолии «Қадамҳои нахустин», «Камолот» ва «Солдати ношинос»-ро пайваста мехондам. 
 Аз тарҷумаҳояшон намоишномаи «Исёни арӯсон»-ро дӯст медорам. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки он ба қалами Ҳоҷӣ Содиқ тааллуқ дорад, баъзан дар матбуоти даврӣ ҳам иштибоҳ карда чунин менависанд, вале муаллифи асар адиб ва драматурги маъруфи ӯзбек Саид Аҳмад аст. Вақте ки муаллиф намоишномаашро бори аввал дар Тоҷикистон тамошо мекунад, бисёр ба ваҷд омада, ба падарам бо миннатдорӣ мегӯяд: «Аз матни асл  беҳтар баромадааст». 
Сулҳия СОДИҚОВА, 
мудири шуъбаи физика ва математикаи
Энсиклопедияи миллӣ 

Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив