ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИННАТДОРЕМ 

АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МИННАТДОРЕМ 

19 октябр 2023, Панҷшанбе
103
0


Беш аз 23 сол аст, ки Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҷисман бо мо нест, аммо руҳан ҳамеша бо мост. 
 Дар синни 47 – солагӣ ӯро душманони миллат ба қатл расонданд, аммо дар асл ба мақсад нарасиданд. Маргашро, гум шудани номашро мехостанд, ӯ дубора зинда шуд ва зиндатар гашт.

Дар айни камолоти эҷодӣ буд. Ҳам барои рушди адабиёти миллӣ эҷод мекард ва  ҳам Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳуриро сарварӣ менамуд. Дар ин муддат корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Ҳамзамон, барои беҳтар шудани сифати намоишҳои телевизион ва барномаҳои радио нақшаҳои зиёд дошт.
Заҳмату ташвишҳои ӯро барои пешрафти соҳаҳои адабиёт, телевизион ва радио, синамои миллат, албатта, ман ҳамчун ҳамсар, рафиқи зиндагии ӯ хуб эҳсос мекардам, шоҳид мешудам. 
Ба Сарвари хирадманду фарҳангпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати беандоза дошт. Мегуфт, ки тамоми донишу хирад, таҷрибаи андӯхтаашро бо муҳаббати хос ва тамомии ҳастии хеш барои миллатсозӣ, муаррифии бештару беҳтари он дар арсаи олам ва пешрафту тараққиёти кишвар бахшидаву сарф мекунад. 
Пас аз реҳлаташ чандин китоби нашрношудааш рӯи чопро дид. Заҳматҳояш дар рушди адабиёт ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ қадр шуд. Аз рӯи асарҳояш филм бардоштанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки дар ноҳияи Фархор дар он таҳсил карда буд, ба номаш гузоштанд. Як ҷамоати деҳоти ноҳияи Балҷувон номи Сайф Раҳимзоди Афардиро дорад. Дар шаҳри Душанбе кӯчае номи ӯро гирифт. 
Бешак, ман ва аҳли хонадонамон ин ғамхориҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сипосгузорӣ мекунем. 
Чанде пеш тамоми асарҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуданд. «Гунҷишки сафед», «Аз ёдҳо, аз ёдҳо…», «Доғҳои офтоб», «Чашми саҳар» дар ин шуморанд.
Аз самими қалб, бо муҳаббати беандоза аз номи худ, фарзандону набераҳоям ба Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям. Инчунин, шукргузорӣ мекунам, ки Худованд ба бахти миллат чунин Пешвои муаззамро ато намудааст. 

Зебо АФАРДӢ

Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив