ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМАРҚАНД

НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМАРҚАНД

19 октябр 2023, Панҷшанбе
35
0


Дар нигористони «Чорсӯ»-и шаҳри Самарқанд, таҳти унвони «Симо ва ранг», намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон ба вуқуъ пайваст.
Дар он асарҳои панҷ рассом – Далер Меҳтоҷев, Илёс Мамадҷонов, Баҳром Исматови тоҷикистонӣ, Нуриддин ва Аҳмад Исоевҳои ӯзбекистонӣ  ба маъраз гузошта шуданд. Дар ҷараёни ин маросими  фарҳангӣ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ноиби ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов ва шахсони дигари расмӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Маросимро устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, санъатшинос Баҳора Хуррамзод бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла гуфт: “Боиси хушҳолист, ки дубора чунин анъанаҳои нек эҳё гардидаву мардум бо осори рассомони кишвари ҳамҷавори мо аз наздик ошно мешаванд. Шодравон Даврон Сафозода, Ҷумъа Абдурауфов ва Аслиддин Исоев дастпарварони мактаби рассомии Тоҷикистонанд. Ҳоло анъанаҳои неки онҳоро фарзандону шогирдонашон бо майли том давом медиҳанд”. 
– Самарқанди бостониву тамаддунофар дар ин авохир ба маркази баргузории чорабиниҳои муштараку гуногуни фарҳангии Ӯзбекистону Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ташкили намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷику ӯзбек дар ин шаҳр аз тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар шаҳодат медиҳад, – гуфт зимни суханронӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода. 
Дар намоишгоҳ беш аз 50 асари рассомон пешниҳоди шавқмандон гардид. Мазмун ва мундариҷаи асарҳо ифтихор аз Ватани азиз, истиқлоли кишвар, табиати пурасрор ва амсоли онро тараннум менамуд. 
– Дар ин ҷо як фазои хеле дӯстона ҳукмфармост, ки боиси хушҳолист. Барои фароҳам овардани чунин фазо ва муҳит ба сарварони ду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев самимона арзи сипос менамоям, – мегӯяд нависанда Адаш Истад.   
Ба таъкиди ӯ, баргузории чунин чорабиниҳо мусоидат менамоянд, ки рассомон аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра бардоранд. 
– Одамони зиёд ба суратҳои мо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд ва ин боиси сарфарозии мо мебошад. Умедворам, ки ин анъанаи нек минбаъд низ давом хоҳад кард ва барои муаррифии асарҳои чи рассомони ӯзбекистонӣ ва чи рассомони тоҷикистонӣ дар ҳар ду кишвар шароити созгор фароҳам оварда мешавад, – иброз намуд узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Далер Меҳтоҷев. 
Ногуфта намонад, ки чанде муқаддам маҳз дар ҳамин нигористони Самарқанд таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон...” намоиши асарҳои устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд. 

Мирасрор АҲРОРОВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив