ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

19 октябр 2023, Панҷшанбе
22
0

 
Агар дар гузаштаи дур илми кимиё ба таркиби илмҳои дигар шомил шуда бошад ҳам, ин илм дар алоҳидагӣ дар байни дигар илмҳои табиатшиносӣ мавқеи махсус дошт. Нависандаи машҳури амрикоӣ Айзек Азимов (1920-1992), ки ихтисосаш биохимик аст, дар китоби машҳури худ «Боз як ченак» навишта буд: «Таърихи илм барои маърифати ҳақиқат  нақше дорад беҳамто». Ба ҳамагон маълум аст, ки пажӯҳиши илмҳои табиатшиносӣ нишон медиҳад кашфиётҳои илмӣ ҳар чи қадар овозадор бошад ҳам, дар ҷои холӣ пайдо шуда наметавонанд. Ба қавли олими машҳур И. Нютон: «Агар ман нисбат ба дигарон дуртар дида бошам, сабаб он аст, ки ба кашфиёти пешгузаштагон такя мекардам». 
Омӯзиши таърихи илми кимиё навоварии илми кимиёро ошкор намекунад, балки имконият медиҳад, ки ба он баҳои дуруст дода шавад. Инчунин, дар инкишофу тараққиёти илмҳои имрӯза мавқеи махсусро доро мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки илми кимиё аз ду манбаъ такомул ёфт: яке, илми тиб ва дигаре, санъати иҷрои он. Ҳаёти инсон ба соҳаҳои рангрезӣ, даббоғӣ, собунпазӣ, шишагарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ зич алоқаманд буд. 
Роҳи эҷодии яке аз бузургтарин шахсиятҳои ҷодаи илми кимиёи ҷумҳурӣ доктори илмҳои кимиё, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эшонқул Усмонович Нуъмонов басо пурпечутоб ва дар айни замон омӯзанда аст.
Ӯ соли 1936 ба факултети химияи шаҳри Самарқанд дохил мешавад.
Аз он замон пайваста дар ҷустуҷӯ, дар ҳаракат ва банди пажӯҳиш мебошад. Ба ҳар як қисми ин фанни табиӣ: кимиёи ғайриузвӣ, узвӣ, таҳлилӣ, радиокимиёӣ нигоҳи хос дорад. 
Дар вуҷуди устод Э. Нуъмонов хислатҳои хирадмандӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул, адлу инсоф, сахтгирӣ, накукорӣ, ҳозирҷавобӣ модарзодӣ аст. Ҳолномаи ин олими муътабари соҳаи кимиё ва омӯзгори тавоно бо ҳамзамононаш, ки беҳтарин шоҳроҳи пурмашаққати илму омӯзгориро онҳо интихоб намудаанд, шабоҳат дорад. Ӯ роҳи пурпечутобро бо сарбаландӣ паси сар карда, ба муваффақиятҳо мерасад.
Ба худ дар ин маврид саволе медиҳед, ки сабаби ин шуҳрат, эътироф ва парвози самоӣ дар чӣ нуҳуфта бошад? Посух ин аст: Дар симои ин шахси муътабар ду хислати бузурги инсонӣ таҷассум ёфтааст: Фазлу дониш ва ҳалимию хоксорӣ, чунончи шоир мефармояд:
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Мутафаккири бузурги олмонӣ Карл Маркс барҳақ гуфта буд: «Дар илм роҳи васеи илм вуҷуд надорад, танҳо ҳамон касоне ба қуллаҳои он баромада метавонанд, ки аз душвориҳо наҳаросида, гаваккалан пеш мераванд». Ӯ ҷавҳари илми кимиёро омӯхта, барои иқтисодиёти кишвар чӣ қадар зарур будани онро ошкор кардааст. Олим ёдрас менамояд, ки илми кимиё ба илмҳои физика, риёзӣ, биология, маъданшиносӣ алоқаманд мебошад. 
Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Устод ба комиссарияти ҳарбӣ рафта, ариза медиҳанд, ки  ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбараш намоянд. Ҳамзамон, бо ин амали худ  мақсад дошт, ки Ватанро аз фашизми гитлерӣ муҳофизат намоянд. Э. Нуъмонов ҳамчун ҷавони боғайрат, нотарс, чусту чолок дар таъмини ғалаба бар ғосибон саҳми чашмрас гузошт. 
Фаъолияти илмии ин пажӯҳишгар  бо пешниҳоди директори Институти химияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  В.И. Никитин оғоз мегардад. Ӯро ба аспирантураи Институти кимиёи органикии ба номи Н. Зелленский, ки дар шаҳри Москва буд,  сафарбар намуданд. Ҷавонписари тоҷик бо тамоми неру ба омӯзиш оғоз кард. Таҳсил дар аспирантура барояш  роҳи пурпечу тоби илмро, ки аҷдодони мо онро сарбаландона гузошта буданд,  рӯшан сохт. Гузарондани таҷрибаҳои бешумор, гирифтани маълумотҳо рӯз ба рӯз олимро дар ин нардбони илми озмоишӣ боло мебурд. Дар ҳақиқат, ӯ ҳис менамуд, ки  танҳо сабру таҳаммул метавонад дастовардҳоро  эҳдо кунад. Ҳар лаҳза гуфтаи Абдураҳмони Ҷомиро, ки дар хурдӣ  аз бар карда буд, пеши назар меовард:
Илме, ки дар у амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Сафар ХОЛИҚОВ, устоди  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив