ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Қадрдонии ҷоизадорони  Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2022

Қадрдонии ҷоизадорони  Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2022

20 октябр 2023, Ҷумъа
27
0


Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизадорони Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу – 2022-ро ба ҳузур пазируфт.
Шуъбаи  иттилоотии Дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ додааст, ки Рустами Эмомалӣ варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу – 2022 ва баланд бардоштани Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфт. Раиси шаҳр ба Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев калиди хонаи 3-ҳуҷрадор, ба Темур Раҳимов калиди хонаи дуҳуҷрадор ва ба Беҳрӯз Хоҷазода, Миҷгона Самадова, Ҳақназар Назаров ва Хайрандеш Муродзода калиди хонаи якҳуҷрадор тақдим намуд. 


Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа дар Прокуратураи генералӣ
Дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Тавре  АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ 5 ҳазору 669 санҷиш гузаронда, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 39 ҳазору 387 санади эътиноии прокурорӣ баровардааст. Дар ин давра 52 ҳазору 781 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуд, 3 ҳазору 361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи 863,4 миллион сомонӣ барқарор гардид, ки аз ин миқдор 341,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат мебошад. Ҳамчунин, бо дахолати прокуророн 14 026 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.


Баррасии масъалаи хатсайрҳои мусофирбари мустақим байни Душанбе ва Давҳа
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Мудирияти сармоягузории Қатар, раиси Шурои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» Шайх Файсал ибни Сонӣ оли Сонӣ мулоқот намуд. 
Ба роҳбари бахши сармоягузориҳои Мудирияти сармоягузории Қатар лоиҳаҳои афзалиятнок, бахусус маблағгузории сохтмони Фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва карго дар ноҳияи Данғара, замонависозии ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» (Талко), хатсайрҳои мусофирбари мустақим байни Душанбе ва Давҳа, сохтмони НБО «Шӯроб», баланд бардоштани рақобатпазирии ширкати “Сомон Эйр”, сохтмони корхонаи коркард, истеҳсол, консервкунонӣ ва анбори хушккунии меваю сабзавот дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара пешниҳод шуд. Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ пешниҳодҳоро хуш пазируфта, омодагии худро ҷиҳати оғози ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодгардида иброз дошт.


Вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин
Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода  дар вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» дар Пекин сурат гирифт, иштирок ва суханронӣ кард.  
Мавсуф оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳа ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози назар намуда, гуфт, ки баҳри тезондани ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки минтақа барои зиёд кардани гардиши тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридшавии ғайриқонунии молу воситаҳо ва дигар самтҳои афзалиятнок ба манфиати кор хоҳад буд.


Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ
Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Самарқанд раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муъминзод бо муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия  Гёкхон Язги мулоқот кард.
Тавре аз Кумитаи мазкур ба мо хабар доданд, дар он масъалаҳои  густариши ҳамкорӣ байни ду  давлат дар соҳаи сайёҳӣ  баррасӣ гардида, ҷонибҳо бо назардошти таҷрибаи Туркия дар самти хизматрасонии баланд ва зарфияту имконияти фаровони Тоҷикистон, фаъол намудани ҳамкориҳоро дар бахшҳои сайёҳии солимгардонӣ, таърихӣ, варзишӣ, рафтинг ва корӣ хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Санаи нашр: 20.10.2023 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив