ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН.  ҶАШНИ ПЕШРАФТ ВА БАРОМАД БА САТҲИ ҶАҲОНӢ

РӮЗИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН.  ҶАШНИ ПЕШРАФТ ВА БАРОМАД БА САТҲИ ҶАҲОНӢ

23 октябр 2023, Душанбе
57
0

 
Ҳар сол 25-уми октябр дар Қазоқистон Рӯзи ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, ки барои мардум аҳамияти беназир дорад. Ин ҷашни муборак аз  соли 1991, замоне ки Қазоқистон соҳибистиқлолии худро эълон кард, ибтидо мегирад. Дар ҳақиқат, Эъломияи истиқлол на танҳо як изҳороти сиёсӣ буд, балки омодагии мардуми кишварро барои бунёди сарнавишти худ ифода мекард ва инъикосгари ормонҳо ва ҳувияти фарҳангии миллӣ маҳсуб меёфт.
Имрӯз Қазоқистон бузургтарин иқтисоди Осиёи Марказӣ мебошад. Баъд аз ба даст овардани соҳибихтиёрӣ дар кишвар сатҳи некуаҳволии мардум босуръат баланд гардид, нигаҳдории тандурустӣ, маориф ва сифати умумии зиндагӣ беҳтар шуд.
Дар сиёсати дохилӣ роҳи Қазоқистонро баъд аз касби соҳибихтиёрӣ махсус номидан мумкин аст. Бунёди як ҷумҳурии босубот дар минтақае, ки таърихан аз ҷониби империяҳо ва иттиҳодияҳои кӯчманчиҳо ишғол шуда буд, муваффақияти кам набуд. Дар муддати кӯтоҳтарин Конститутсия қабул ва вазифаҳои Президенту Парлумон муайян шуданд, якчанд интихоботи рақобатнок барпо гардид. Дар баробари ин, ҳамеша ба ваҳдат таъкид мешуд, таваҷҷуҳ ба он равона мегардид, ки гурӯҳҳои қавмии сершумор ба худшиносӣ расида, намояндагии хешро дар ҳаёти сиёсии кишвар дарёбанд. 
Қазоқистон дар роҳи демократия пешравии назаррас ба даст овард, ки ин ислоҳоти бузурги сиёсӣ бо ворид кардани тағйирот ба Конститутсия баъд аз раъйпурсии умумимиллӣ дар соли гузашта ба амал омад. Ин тағйирот асосҳои демократии кишварро тақвият бахшида, имкон дод, ки ақидаҳои гуногуни сиёсӣ баён карда шаванд ва ваколатҳо ба мақомоти қонунгузори интихобшуда аз нав тақсим гарданд. Тибқи тағйироти конститутсионӣ дар интихоботи охирини парлумонӣ интихоби мустақими ҳокимони (раисҳои) деҳот гузаронда шуда, модели аксарияти таносубӣ қабул карда шуд. Ин тағйироти ҷиддӣ шаҳодати манзараи интихоботии Қазоқистон буда, иштироки назарраси номзадҳои мустақил ва худпешбарро дар интихобот таъмин намуд, ки дар таърихи давлат падидаи воқеан бесобиқа мебошад.
Саъю кӯшиши Қазоқистон ба пешрафт дар таърихи иқтисодии он, ки эътирофи байналмилалиро соҳиб шудааст, равшан зоҳир мегардад. Кишвари дорои захираҳои бузурги нафту газ, маъдану металлҳо аз сарватҳои табиии худ самаранок истифода мебарад. Рушди инфрасохтори стратегӣ, сармоягузории ҷолиби хориҷӣ ва ташаббусҳои диверсификатсия Қазоқистонро аз як минтақаи кишоварзӣ ба як қудрати пешрафтаи иқтисодӣ табдил доданд. Қарори соли 1997 дар бораи таъсиси Остона ҳамчун пойтахт ин чашмандозро ифода карда, муъҷизаҳои меъмории муосирро таҷассум менамояд. Вақтҳои охир Қазоқистон ба як макони пешбари сармоягузорӣ дар минтақа ва  як маркази бузурги молиявӣ табдил ёфтааст. Ин натиҷаи ислоҳот ва ташаббусҳои мушаххасе ба монанди таъсиси маркази байналмилалии молиявии «Остона» буд, ки дар тули солҳои зиёд анҷом дода шуданд.
Дар паёми охирини худ дар бораи вазъи кишвар 1-уми сентябри соли ҷорӣ Президент Қосим-Жомарт Токаев ислоҳоти иқтисодии иловагиро, ки ба таъмини адолат, фарогирӣ ва амалгароӣ равона шудаанд, пешниҳод намуд. Сарвари давлат вазифаҳои диверсификатсияи иқтисодиёт, тақвият бахшидани саноат ва дар сатҳи 6-7 дарсад таъмин намудани афзоиши муътадили иқтисодро муайян кард. Нақшаи нави иқтисодӣ дар бораи рушди кишвар дар давоми се соли оянда дурнамои равшанест ва барои пешрафти минтақавӣ ва ҳамкорӣ таъсири бештаре хоҳад дошт. Ин дигаргуниҳои иқтисодӣ, ки аз дидгоҳи "Қазоқистони адолатпарвар"-и Президент илҳом гирифтаанд, барои мусоидат ба эҷоди иқтисоди боз ҳам мутавозин, устувор ва ҳамгирошудаи ҷаҳонӣ пешбинӣ шудаанд.
Дар арсаи байналмилалӣ Қазоқистон ҳувияти беназири худро тавассути фаъолияти дипломатӣ ташаккул дод. Илова бар ин, Қазоқистон ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намуда, дар чунин созмонҳо, аз қабили Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нақши муҳим мебозад. Бо таъмини муносибатҳои нек бо қудратҳои бузурге, монанди Россия, Чин, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА, Қазоқистон  ҳамчун пуле миёни Шарқу Ғарб амал мекунад ва идеяҳои ҳамоҳангкунандаеро ба ҷаҳони зудтағйирёбанда пешниҳод менамояд.
Аз моҳи июли соли 2023 кишвари мо бори чаҳорум дар таърих раёсати Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба уҳда гирифт. Қазоқистон ҳамчун як давлате, ки дар ибтидои таъсиси СҲШ қарор дошт, дар чаҳорчӯби раёсати дарпешистодааш нақши ҷаҳонии онро таҳким бахшида, ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек дар фазои Созмон мусоидат хоҳад кард.
Дар сиёсати хориҷии Қазоқистон дар самти Осиёи Марказӣ ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, мутақобилан судманд ва ҳампаймонӣ бо Тоҷикистон аҳамияти бузург дода мешавад.
Қазоқистон аз муваффақиятҳои бузурги Тоҷикистони бародар дар тавсеаи иқтисодӣ, таъмини рушди пӯё, ба кор андохтани соҳаҳои нави саноат ва беҳбуди некуаҳволии мардум хушҳол аст. Ин амр бештар ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар имконпазир гардид.
Имрӯз мо дар асоси таъриху фарҳанги муштарак ва анъанаҳои неки ҳамсоягӣ, ҳамкориҳои худро дар ҳама соҳаҳо бидуни истисно таҳким мебахшем.
Ба шарофати иродаи сиёсии пешвоёни мо муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон ба сатҳи комилан нави ҳамкориҳо бароварда шуданд. Дар 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ ду сафари муҳими Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сурат гирифт.
Натиҷаи муҳими таърихии ин сафарҳо (сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, 3-4-уми майи соли ҷорӣ) ба имзо расидани Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ,  инчунин, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар се шаҳри калонтарини Қазоқистон – Остона,  Алмати ва Чимкент (дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-26-уми августи соли ҷорӣ) аз ҷиҳати миқёс ва фарогирӣ бесобиқа буд. 
Рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли 2023 Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ширкат кард. Дар чаҳорчӯби ду ҳамоиш дар Душанбе якҷо бо ҷониби Тоҷикистон беш аз 50 чорабинӣ, аз ҷумла намоишгоҳи густардаи “ЭКСПО Осиёи Марказӣ-2023”, ки дар он ҳайатҳои Қазоқистон низ ширкат доштанд, баргузор шуд.
Созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ба рушди ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо такони қавӣ бахшиданд. Ба шарофати муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мунтазам вусъат меёбанд.
Имрӯз Қазоқистон дувумин шарики тиҷоратии бузургтарини Тоҷикистон аст. Соли 2022 гардиши мол миёни кишварҳо беш аз 18,5 дарсад афзоиш ёфта, ба натиҷаи рекордии 1,4 миллиард доллари ИМА расид. Мо мунтазам ба сӯи ноил шудан ба ҳаҷми савдои мутақобила то ба 2 миллиард доллари ИМА ҳаракат мекунем, ки барои ин тамоми захираҳоро дорем.
Иқтидори назарраси ҳамкориҳои иқтисодии моро натиҷаҳои Форуми соҳибкорон, ки соли равон (3-юми май) баргузор гардид, шаҳодат медиҳанд. Дар натиҷа, 39 шартномаи тиҷоратӣ ба маблағи рекордии 1,8 миллиард доллари ИМА ба имзо расид.
Дар суханронии худ дар ҷаласаи охирини Маҷмаи умумии СММ Президент Қ. Токаев таъкид кард, ки Қазоқистон ҳамкориро бо ҳампаймонҳои асосии худ дар тамоми масъалаҳои стратегӣ идома медиҳад. Ин равиш Қазоқистонро ҳамчун миёнарави боэътимод дар буҳронҳои байналмилалӣ қарор медиҳад, ки ин нақшро, аллакай, дар чаҳорчӯби раванди Остона оид ба Сурия бомуваффақият иҷро карда истодааст.
Пешрафте, ки Қазоқистон баъд аз эълони соҳибихтиёрӣ ба даст овардааст, на танҳо гувоҳи гузаштаи он, балки таҳкурсии мустаҳками оянда низ мебошад. Ин таҳкурсӣ замини ҳосилхезест, ки аз он навгониҳои ҷадид, амиқтар шудани равобити дипломатӣ ва пешрафти минбаъда дар тамоми соҳаҳо – иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷорӣ хоҳанд шуд. Ангезае, ки дар натиҷаи ин дастовардҳо ба вуҷуд омадааст, имкон дорад, ки Қазоқистонро дар даҳсолаҳои оянда боз ҳам бештар ба пеш барад ва мавқеи худро ҳамчун як нишондиҳандаи глобалии рушду пешрафт таҳким бахшад.
Барои қазоқистониён Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон на танҳо як хотираву ёдоварии гузашта, балки таҷассуми саъю кӯшиши онҳо ба ояндаи муттаҳид ва шукуфон аст. Ин рӯз ҷашни устуворӣ ва дурандешии онҳост, ки ба шарофати он Қазоқистон аз як ҷумҳурии собиқи шуравӣ ба машъали пешрафт ва дипломатия дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ваъдаи фардо, ки бо дастовардҳои имрӯза равшан мегардад, кафолат медиҳад, ки Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон  на танҳо таҷлили соҳибихтиёрӣ, балки ҷашни имкониятҳои бепоён низ боқӣ мемонад.

Валихан ТУРЕХАНОВ, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Санаи нашр: 23.10.2023 №: 210
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив