ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТАРАВШАН. РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ ОМИЛИ ОБОДИВУ ОСОИШ

ИСТАРАВШАН. РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ ОМИЛИ ОБОДИВУ ОСОИШ

25 октябр 2023, Чоршанбе
24
0

 
Истаравшан аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодӣ, ки ба ободиву созандагӣ, болоравии сатҳи зиндагӣ ва осоиши мардум мусоидат мекунанд, дар байни шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷумлаи муваффақтаринҳост. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан, дар ду-се соли охир ба тараққиёти муътадилу бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мешавад. 
Дар ин самт таваҷҷуҳи хурду бузурги шаҳри бостонӣ ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, ки барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, равона мебошад. Барномаи мазкур аз 180 лоиҳаи барои хоҷагии халқи шаҳр афзалиятнок иборат буда, ҷиҳати амалишавии он 599,45 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Таҳлили коршиносон бозгӯи онанд, ки то имрӯз роҳандозии воқеии Барномаи мазкур ба маблағи 169 миллиону 889 ҳазор сомонӣ иҷро гаштааст.
– Албатта, ин нишондиҳанда дар робита ба он имконияту иқтидорҳои мавҷудаи иқтисодӣ на ба он дараҷаест, ки дил мехоҳад, – мегӯяд Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳр, – вале рӯз ба рӯз шароит фароҳам меояд, ки мо дар ин самт, яъне татбиқи босифати Барнома, натоиҷи боз ҳам дилхоҳро ба даст орем. Ҷиҳати тақвияти андешаҳои мазкур ба чанд рақам рӯ меорем. Масалан, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ду сол қабл ба 208,4 миллион сомонӣ баробар буд, ҳоло бошад, дар нуҳ моҳ ба 244,3 миллион сомонӣ расид. Агар ду сол пеш иҷрои буҷети маҳаллӣ 110,3 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас имрӯз ҳамагӣ дар нуҳ моҳ ба 135,5 миллион сомонӣ баробар шуд. 
Имрӯз шаҳри Истаравшан ба як минтақаи муҳими саноатӣ табдил ёфта, ба хотири амалишавии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат тадбирҳои судманд меандешад ва дар ин ҷода саҳми соҳибкорон назаррас аст. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр наздик ба 90 адад расида, то 30 номгӯи маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки аксарияти онҳо воридотивазкунанда мебошанд. Корхонаҳои саноатӣ давоми нуҳ моҳ ба маблағи 822,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоишро ба 1,4 дарсад расонданд. Дар заминаи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, дар нимсолаи 2023 қариб 800 нафар сокини шаҳр соҳиби ҷойи кор шуд. Яъне, Истаравшан имрӯз як шаҳри сирф истеъмолӣ набуда, балки марҳила ба марҳила ба шаҳри истеҳсолию содиротӣ мубаддал мегардад. Яке аз роҳҳои дигари беҳтар гардондани вазъи иқтисодӣ, ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ, албатта, роҳ кушодан ба бозорҳои бузурги ҷаҳон аст. Дар ин замина ҳам Истаравшан қадамҳои устувор мегузорад. Ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дар ин давраи соли равон ба зиёда аз 7,7 миллион доллари ИМА баробар шуд, ҳол он ки ду сол қабл ин нишондод ҳамагӣ 1, 3 миллион долларро ташкил медод.
– Ин рақамҳо худ аз худ ба даст намеоянд, – мегӯяд  Адҳам Маъмурзода,  раиси шаҳр, – ин ҳама ба шарофати  заҳмату иқдомҳои соҳибкорони ватандӯсту   бонангу  номуси шаҳр аст.  Ҷиҳати  фаъолияти босамари соҳибкорони маҳаллӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Ин аст, ки солҳои охир теъдоди соҳибкорони созандаву бунёдкор бамаротиб меафзояд. 
Маҳсулоти дар корхонаҳои шаҳр истеҳсолшуда, аз қабили оби машҳури “Зулол”, маҳсулоти ҳунармандии аз чӯб сохташуда, пластмассӣ, бозичаҳои бачагона ва ғайра, айни замон ба кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ва то кишварҳои хориҷи дур содирот мешаванд. Дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр бунёди як қатор корхонаҳо оид ба коркарди ниҳоии маҳсулоти саноати сабуку хӯрокворӣ дар назар аст. Ҳамчунин, тибқи барномасозӣ, дар нақша аст, ки минбаъд корхонаҳое сохта шаванд, то маҳсулоти тавлидкардаи онҳо бо маҳсулоти машҳуртарини ширкатҳои ҷаҳонӣ рақобатпазир бошанд. Дар ин замина, моро зарур аст, ки ба технологияҳои муосири инноватсионӣ, нанотехнологӣ такя карда бошем. Бо ин мақсад, гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, таҷрибаи минтақаҳои пешрафтаро дар дохили кишвар ва берун аз он меомӯзанд. 
Бешубҳа, дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр, ободиву созандагии он ҳиссаи кишоварзон низ муассир мебошад. Тибқи омори расмӣ, ҳоло ҳиссаи кишоварзон дар иқтисодиёти шаҳр то ба панҷ дарсад мерасад ва солҳои наздик бо бунёди боғу токзор, ба кишт омодасозии заминҳои бекормонда тамоюли афзоиш дорад. Соли равон низ кори деҳқонону боғдорон, сарфи назар аз баъзе мушкилиҳо, бобарор омад. Ҳамин буд, ки дар нуҳ моҳ кишоварзон ба маблағи 1 миллиарду 359,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоиши соҳаро ба 1,2 дарсад боло бардоштанд. Истеҳсоли картошка сол ба сол меафзояд. Дар мавсими имсола дар майдони беш аз 3,5 ҳазор гектар картошка кишт шуда, то имрӯз қариб 50 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 фоиз зиёд мебошад. Дар заминҳои ҳосилхези шаҳр наздик ба 10 навъи ангур парвариш мешавад. То даҳаи аввали моҳи октябр 29 ҳазору 406 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст. 
Аз лиҳози ободиву созандагӣ: бунёди иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта – корхона, марказҳои хизматрасонӣ, варзишгоҳу майдончаҳо, толорҳои варзиш, фароғатгоҳ ва, албатта, манзилҳои истиқоматии баландошёна Истаравшан ҳоло дар миқёси мамлакат яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Агар то соли 2020 шумораи биноҳои баландошёна ҳамагӣ 7-то бошад, феълан миқдори чунин биноҳо ба 40 адад расидааст. Меъморону шаҳрсозон тасмим доранд, ки Истаравшанро ба як шаҳри замонавии ҷолибу дилкаш табдил диҳанд. 
Ҳунармадони шаҳр бо дастони муъҷизаофари хеш маҳсулоти ҷолиби бахши иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ омода ва ба мардум пешкаш намуда, дар олам эътироф шудаанд. Ҳунармандони истаравшанӣ, аз қабили кандакор Мирраҳим Ёқубов, кордсоз Иброҳим Мирзоев, қолинбоф Абдуқаҳҳор Ҳамдамов, читгар Мирамин Саидов, шонатарош Солеҳ Зарифов, чармгар Раҳим Розиқов, мисгар Мирзо Мансуров, шонатарош Карим Саидов ва садҳо нафари дигар, маҳз бо ҳунари волои хеш обрӯву нуфузи шаҳр ва кишвари худро дар намоишгоҳҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд бардошта, сазовори аҳсану офаринҳо шудаанд. Имрӯз ҳунармандони машҳури шаҳр ҳунари худро ба шогирдон меомӯзонанд, то ки фардо идомадиҳандаи кору номи неки онҳо шаванд.
Дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, боз таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳаи сайёҳӣ ҷалб гардидааст. Барои ҷалби сайёҳон ба Истаравшан айни замон хатсайрҳои ҷолибу мушаххас тартиб дода шудаанд. Дар шаҳр 5 меҳмонхонаи замонавӣ, 6 осоишгоҳ, 153 ёдгории таърихӣ ва 160 намуди ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд мебошанд. Солҳои охир, бахусус баъди аз байн рафтани бемории коронавирус, теъдоди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар Истаравшан афзудааст. Масалан, аз шумораи умумии 10 ҳазору 495 сайёҳе, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба Истаравшан омадааст, қариб 1,5 ҳазор нафараш шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Соли 2022 шумораи сайёҳони хориҷӣ ҳамагӣ 145 нафарро ташкил медод. 
– Мардуми Истаравшани бостонӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ободкориву созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, таҳким бахшидани иқтисодиёти шаҳр тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона хоҳанд кард, – бо қаноатмандӣ изҳор медорад Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳр.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив