ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Тоҷикистон ва ҶХД Корея Баррасии дурнамои робитаҳои парлумонӣ 

Тоҷикистон ва ҶХД Корея Баррасии дурнамои робитаҳои парлумонӣ 

26 октябр 2023, Панҷшанбе
26
0


Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дар Тоҷикистон Син Хон Чхол мулоқот намуд. 
Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо ҶХД Корея, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин  бо Ютта Урпилайнен
Дар Люксембург мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Ютта Урпилайнен баргузор гардид. Дар ин хусус ба «Ҷумҳурият» аз Вазорат иттилоъ доданд. 
Ҷонибҳо маҷмуи васеи ҳамкориро матраҳ намуда, роҷеъ ба сатҳи шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми бархӯрдӣ аз афзалияти гумрукии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта мубодилаи назар намуданд.


Ҳамгироии минтақавӣ дар қолаби С5+1
Дар шаҳри Самарқанд нишасти вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА оид ба ҳамгироии минтақавӣ дар қолаби С5+1 баргузор гашт, ки дар он муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода сухан ронд. 
Аз Вазорат ба мо хабар доданд, ки ҷонибҳо баҳри таҳкиму густариши шарикии созандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ҷиҳати вусъатдиҳии ҳамгироии давлатҳои минтақа дар соҳаҳои афзалиятнок ва пешбурди рушди устувори иқтисодӣ омодагӣ изҳор намуданд. Аз натиҷаи ҷаласа изҳороти муштарак  қабул  гашт. 


Ҷоизаи навбатии НБО «Норак»
Ҷоизаи «Беҳтарин шартномаи коллективии Иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар соли 2023» насиби Иттифоқи касабаи Неругоҳи барқи обии «Норак» гашт. 
Ин қарор дар ҷаласаи IV Шурои Иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон баргузор шуд, якдилона қабул гардид. Ғолиб аз ҷониби котиби генералии Шурои Иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ Сатиболди Даулеталин бо диплом ва ҷом қадр гашт. 


Шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии Шоҳигарии Нидерланд
Ҳайати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии ин давлат дар соҳаҳои занҷираи арзиши иловашудаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварию чорводорӣ, кластерҳои агросаноатӣ ва нақши илм дар самти беҳтар намудани равандҳои истеҳсолӣ шинос шуд. 
Дар Вазорат тавзеҳ доданд, ки зимни суҳбату мулоқот ҳайатҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, гузариш ба «иқтисоди сабз», идоракунии партовҳо, тақвияти ҳамкорӣ байни бахши хусусию давлатӣ дар доираи лоиҳаҳои мушаххас, баргузории форуми соҳибкорӣ байни ду давлат ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.


ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
Ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳ
Муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо мушовир оид ба масъалаҳои савдо ва иқтисодии Сафорати Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сун Хэ вохӯрд. 
Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар додааст, ки ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар лоиҳаҳои сохтмони роҳ дар шаҳри Душанбе ва лоиҳаи Маркази коркарди маълумотро баррасӣ намуданд.


Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати байналмилалӣ
Намояндагони Академияи идоракунии давлатӣ дар Машварати байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муколамаи байнифарҳангӣ дар ҷаҳони муосир: маориф, маърифат ва дипломатияи халқӣ», ки дар шаҳри Тошкент доир гашт, иштирок намуданд. 
Аз Академия ба мо иттилоъ доданд, ки машварат бо ташаббуси Маркази дипломатияи мардумии СҲШ доир гашта, дар он намояндагони мамлакатҳои аъзои СҲШ иштирок намуданд.

Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив