ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НУРОБОД. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ    

НУРОБОД. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ АСТ    

26 октябр 2023, Панҷшанбе
14
0

 
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа сол ба сол боло рафта, иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон бештар мегардад. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа нақши калидӣ доранд.
Аз ҷумла, дар ин ҷода занону бонувони ноҳияи Нуробод низ, сарфи назар аз мушкилоти кӯҳистон, дар пешравии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд. Ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат, занону духтарони деҳоти ин минтақаи кӯҳистони кишвари азизамон дар самтҳои гуногуни иҷтимоиёт ба муваффақияту комёбиҳои шоиста ноил мешаванд . 
Дилором Сафоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод, роҷеъ ба саҳми занон дар пешрафт ва равнақу ривоҷи соҳаҳои мухталифи ноҳия чунин иброз намуд: 
– Воқеан, соҳибистиқлолӣ занону духтарони кӯҳистонро, ба қавле, аз "қафас" озод кард. Агар ба давраи шуравӣ назар андозем, ҳувайдо мешавад, ки дар ноҳия занони дорои маълумоти олӣ ангуштшумор буданд. Соҳибмаълумот шудан дар он солҳо барои духтарони деҳот душвор буд. Ва табиист, ки бонувони роҳбар ками андар кам ба назар мерасиданд. Хушбахтона, дар замони соҳибихтиёрӣ, дар натиҷаи сиёсати инсонгаронаву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат, шумораи занони роҳбар дар ноҳия беш аз пеш афзуда, ба 71 нафар расидааст. Ҳамзамон, дар соҳаҳои маориф 150 ва тиб 187 нафар занон дар касбу кори гуногун фаъолият дошта, 38 нафар ба соҳибкорӣ машғул мебошад. 
Боиси ифтихори мо – сокинони Нуробод аст, ки соли ҷорӣ Назригул Шамсиева, раиси Ҷамоати шаҳраки Дарбанд, дар озмуни беҳтарин хизматчии давлатӣ, ки дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030  дар шаҳри Ҳисор баргузор шуд, миёни  намояндагони бист ноҳия мақоми аввалро касб намуд. 
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо духтарони мо пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯшиш менамоянд, то ба макотиби олӣ ва ё барои соҳибкасб шудан, ба муассисаҳои тахассусӣ дохил шаванд. Умуман, имрӯзҳо таваҷҷуҳи духтарон ба ҳунаромӯзӣ афзудааст. Ба ин хотир, бахши занон ва оилаи ноҳия дар якҷоягӣ бо занони куҳансолу собиқадор пайваста ҷиҳати боз ҳам ҳавасманд намудани занону духтарони кӯҳистонӣ барои касбомӯзӣ дар ҷамоатҳои дурдаст суҳбату вохӯриҳо доир менамояд. Дар рафти мулоқот аз занҳои солору дорои ҳунарҳои қадима хоҳиш мекунанд, ки баҳри побарҷо мондани ҳунарҳои мардумӣ, онро ба ҷавондухтарон омӯзонанд.
Бахши кор бо занони ноҳия дар пешбурди сиёсати фарҳангпарварона, маорифпарварона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд. Сокинони ноҳияи Нуробод, бахусус занон, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз тамоми имкониятҳо ва неруву тавоноияшон истифода мебаранд, то ҷиҳати боз ҳам пешрафтаву шукуфо шудани кишварамон саҳми бориз гузоранд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив