ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

26 октябр 2023, Панҷшанбе
95
0

 
Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ, инчунин,  дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта арзёбӣ гашт. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Ҳамоишро Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат барои амалисозии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 зина ба зина саъю талош менамояд, ки рушди рӯзмарраи иқтисодиёти худро бо дастовардҳои технологии муосир алоқаманд созад. Яке аз ҷузъҳои муҳимтарини ин талошҳоро рақамикунонии иқтисодиёт ташкил медиҳад. Рақамикунонӣ, аслан, ҷараёни хеле пурпечутоб ва заҳматталаб буда, марҳалаи мураккаби гузариш аз иқтисодиёти анъанавӣ ба иқтисодиёти муосир мебошад, ки онро бояд кишвари мо низ пушти сар созад.
Бояд тазаккур дод, ки Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 барои ба ин зинаи рушд расидани иқтисодиёти мамлакатамон се марҳалаи панҷсолаи рушд: гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020), рушди босуръати иқтисодиёт бо мақсади ҷалби сармоя (солҳои 2021-2025) ва тадриҷан ба анҷом расондани инду-стриализатсия тавассути тақвияти зарфиятҳо, алалхусус, рушди илм ва навоварӣ (солҳои 2026-2030)-ро дар мадди назар қарор додааст. Ин иқдомҳо зарурати ҷорӣ намудани технологияи муосирро бо мақсади мусоидат ба афзоиши сармояи инсонӣ ба миён мегузорад. Иқдоми мазкур на танҳо боиси дигаргун шудани мазмуну мундариҷаи муносибатҳои иқтисодӣ, балки ба тағйироти куллии инноватсионии усулҳои фаъолияти иқтисодӣ ва идоракунӣ мусоидат мекунад.
Тавре  Бахтовар Қосимзода сармутахассиси раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иброз дошт, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалисозии марҳилаи якуми Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, ҳадафҳо ва вазифаҳоро дар доираи 8 самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2025 муайян мекунад. Тибқи нақша-чорабиниҳои Барнома, барои рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ амалисозии 178 тадбири мушаххас дар 17 соҳаи иқтисоди миллӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва тадбирҳои андешидаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Хадамоти гумрук дар самти рақамикунонии савдои хориҷӣ ва содагардонии расмиёти савдо раванди ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пешниҳоди дархост ва дастрас кардани иҷозатнома ва сертификатҳоро дар самти савдои хориҷӣ тариқи электронӣ пешбинӣ менамояд, ба анҷом расонда шуд. Дар соҳаи андоз бошад, барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон имрӯз 81   хизматрасонии электронӣ ба роҳ монда шудааст. Ташкили чунин хизматрасониҳо барои сода ва шаффоф иҷро кардани уҳдадориҳои андозӣ мусоидат менамояд.
Ораз Муртазоев, сардори раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ доир ба мавзуи “Нақши иқтисоди рақамӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар мисоли модели индустралӣ-инноватсионӣ” маъруза кард: “Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро инқилоби технологӣ ва иттилоотӣ фаро гирифта, беш аз пеш бо суръати кайҳонӣ рушд менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ қарор дошта, он барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар як қатор корҳои назаррас ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо анҷом дода шуданд. Зеро бо истифодаи технологияҳои муосир дар иқтисодиёт, қабл аз ҳама, вақт сарфа мегардад. Дар натиҷа, бо истифодаи технологияи муосир дилхоҳ фармоиш метавонад дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом ёбад ва дар асоси маълумоти дақиқ барои  банақшагирӣ ва баровардани қарори дуруст шароит фароҳам орад. Дар ин росто, консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардида, аз соли 2019 бошад, портали савдои Тоҷикистон расман фаъолият мекунад.   
Ба гуфтаи Ораз Муртазоев, истифодаи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт, дар баробари доштани афзалиятҳои бештар, ба пайдо шудани як қатор мушкилот низ мусоидат намудааст. Яке аз ин мушкилот афзоиш ёфтани қаллобӣ дар фазои шабакаҳои интернетӣ ба ҳисоб рафта, ба пайдо гардидани шаклҳои нави ҷинояткорӣ мусоидат кардааст. Дуздидани пул, маълумот ва моликияти зеҳнӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ бештар ба чашм мерасанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба мавзуъҳои гуногун суханронӣ карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Ҳамзамон, иштирокдорони ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив