ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР МАРҲАЛАИ НАВ 

ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР МАРҲАЛАИ НАВ 

26 октябр 2023, Панҷшанбе
44
0

 
Дар низоми ҳуқуқии кишвари мо нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ гардида, бо дастгирии пайвастаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти судӣ сол ба сол таҳким меёбад. Таваҷҷуҳ ба рушди соҳа пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонунсолорӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад.
Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузарондани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад. Ин дар ҳолест, ки тибқи тартиби қонунгузорӣ судяҳо дар фаъолоияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба кори онҳо манъ аст.
Тавре маълум аст, Конститутсия барои ҳама ҳифзи судиро кафолат додааст, яъне шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҳангоми халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳояшон метавонанд, бевосита ба суд муроҷиат намоянд ва суд уҳдадор аст, дар асоси меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя кунад ё дар сурати вайрон шудан ҳуқуқу озодиҳоро барқарор намояд. Ин муқаррарот барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, ба дурустӣ татбиқ шудани он эътимоди аҳли ҷомеаро ба мақомоти судӣ меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани ин кафолати конститутсионӣ аз ҷониби судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ тамоми чораҳо андешида шаванд.
Қобили қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ дар чанд давра барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ намудани онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.
Тибқи ин барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва қонунҳои вижа қабул шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо, таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.
Як нукта қобили зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба масъалаи ҷалби васеи занон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ба мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаанд. Ин аст, ки имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат як қатор занон ба сифати раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ, судя, кормандони дастгоҳи суд фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар таъмини адолати судӣ хеле назаррас мебошад.
Мо кормандони мақомоти судӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зимни иҷрои вазифаи базимма доштаамон дар таҳкими фаъолияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, инчунин, такмили қонунгузорӣ дар ин самт бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намоем.

Марзия САИДЗОДА, муовини раиси суди шаҳри Душанбе,
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе 

Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив