ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АДАБИЁТИ ТОҶИК СИПАР ДАР  МУҚОБИЛИ  ҒОЯҲОИ  ИФРОТӢ

АДАБИЁТИ ТОҶИК СИПАР ДАР  МУҚОБИЛИ  ҒОЯҲОИ  ИФРОТӢ

21 феврал 2023, Сешанбе
39
0
Барои амалисозии пешниҳодҳои Сарвари мамлакат дар раванди давлатдории навин ва вазъи мураккаби ҷаҳон тақвияту такмили тарбияи ахлоқии ҷавонон ногузир аст. Зеро маҳз ҳамоне бо дасту дили гарм барои Ватанаш хидмат мекунад ва шарафу номуси ватандориро ҳифз менамояд, ки сиришти модарзодиаш аз меҳру муҳаббати он саршор бошад. Барои ин омӯзиши густурда ва илман асосноки фанҳои ҷамъиятӣ лозим аст ва ин, бегумон, ба мо – омӯзгорони фанни забону адабиёти тоҷик низ дахл дорад.
Имрӯзҳо омӯзишу таҳсилот дар муассисаҳои таълимии миёна ба ду гурӯҳи фанҳо асос ёфтаанд: фанҳое, ки бештар аз ҷанбаи моддии ҳаёти инсон баҳс мекунанд (фанҳои дақиқ ва табиӣ) ва фанҳои иҷтимоӣ, ки бо мафҳуми «гуманитарӣ» маъмуланду ҳоло дар илми муосир онҳоро илмҳои инсонӣ ҳам мегӯянд.
Гурӯҳи аввали фанҳо, ки зикрашон рафт, ҳастии ҷисмонӣ ва ҳаёти моддии инсонро бештар ба доираи баҳс кашида, барои пешрафти иқтисодии ҷомеа ва рушди техникаву технология таҳкурсӣ мегузоранд. Ҷомеаи башарӣ наметавонад бидуни омӯхтани илмҳои табиатшиносӣ - физикӣ тараққӣ кунад. Аз ин рӯ, асосҳои ин илмҳоро дар мактаби миёна таълим медиҳем. Насли наврас бо фаро гирифтани асоси ин илмҳо пояҳои моддии зиндагиро устувор мекунад.
Саъдии Шерозӣ  хеле бамаврид мефармояд:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Аз ин байт рӯшан мешавад, ки одамият танҳо маҳсули адабу ахлоқ ва тинати покизаву гуфтори муаддабонаи ӯст. Либоси зебо, ки худ аз худ ифодакунандаи ҳаёти моддии шахс аст, наметавонад ба унвони ҳастии эҳтироми инсонӣ баромад кунад. Баҳри бештар ошно кардани хонандагон бо илми ба истилоҳ «инсонгароӣ» (гуманизм) фанҳои адабиёт, забон, санъат, зебоишиносӣ ва таърих мусоидат хоҳанд кард. Аз ин сабаб, ба ин ҷиҳати омӯзиш эътибори ҷиддитар додан, натиҷаҳои самарабахшро метавонад ба бор орад. Аз ҷумла, дар замони имрӯз, ки ҳар лаҳза неруҳои гуногуни геополитикӣ ва ифротӣ ба зеҳни сокинони сайёра таҳдид мекунад, вусъат бахшидани тарбияи фарҳангии ҷавонон зарур аст. Бахусус, ҳангоми омӯзондани осори аз ғояҳои инсондӯстӣ саршори классикон имкони бештар даст медиҳад, то насли наврасро аз бебунёдии ғояҳои тундравон огоҳ созем. Бино ба навиштаи адабиётшиноси бузург Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ: «Адабиёти классикии форсӣ - тоҷикӣ мағз то мағз маънавӣ, мазҳабӣ, ирфонӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ буда, қувваи азими таъсири он аз ҳамин сифатҳо ва аз матонати сухани волои устодони бузург сар задаст ва бегумон дар аксари мавридҳо пуртаъсир хоҳад омад».
Мо – омӯзгорони фанни забону адабиёт бештар аз ҳарвақта фаъолтар бошем. Фарҳанги бою рангини ниёгонро на ҳамчун воситаи таълим, балки ҳамчун сипари боэътимод алорағми ғояҳои пучу сӯзанда истифода барем ва аҳамияти осори тарбиявии онҳоро ба падару модарон низ дар мавридҳои сазовор талқин созем, зеро ба гуфтаи мутафаккир Ч. Диккенс: «Одаме, ки ба такмили дигарон мусоидат намекунад, худ низ такмил намеёбад».
 
Зарафшонгули ДИЛОВАР,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар 
Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 21.02.2023 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив