ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОҒУН - ШАҲРИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ, САЙЁҲӢ ВА САНОАТӢ

РОҒУН - ШАҲРИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ, САЙЁҲӢ ВА САНОАТӢ

01 ноябр 2023, Чоршанбе
17
0


Имрӯзҳо, ба шарофати соҳибистиқлоливу суботу ягонагӣ ва талошҳои хастагинопазиру ташаббусҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳру ноҳияҳои кишварамон рӯ ба ободиву пешрафт ниҳоданд. Роғун ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна шаҳрҳост, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ва заҳмату талошҳои содиқонаву собитқадамонаи роҳбарият ва сокинони он имрӯз ба яке аз шаҳрҳои зебоманзар ва ободу пешрафтаи диёр табдил ёфтааст. 

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, раванди созандагиву ободкорӣ ва талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар шаҳр бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони шаҳр ҳадафмандона амалӣ мешаванд. Дар зимн, омодагиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба муносибати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои ободонӣ дар сатҳи хуб қарор доранд. Бино ба гуфтаи Баҳром Шарафзода, муовини раиси шаҳри Роғун, татбиқи нақшаи чорабиниҳо аз 110 банд иборат буда, 105 банди он иншоотҳои сохтмонӣ ва панҷтои дигар чорабиниҳои тарғиботиро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол 20 иншоот мавриди истифода қарор гирифта,  дар 41 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, сохтмони баъзеи онҳо, аллакай, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. 
 
ТАДБИРҲО ДАР ДОИРАИ СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ
–  Бо мақсади таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) мо тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025, ба маблағи бештар аз 88 миллион сомонӣ лоиҳаҳоро ба нақша гирифта, ба вазорату идораҳо ва шарикони рушд пешниҳод намудем, – гуфт Баҳром Шарафзода. 
Тавре ӯ иброз дошт, айни ҳол дар шаҳр чор коргоҳ, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли тасмолак (брусчатка), сементблок, шағал ва корхонаи хурди истеҳсоли қуму шағал фаъолият доранд. Инчунин, корхонаҳои ҶДММ “Вест Транс Строй”, ҶДММ “Интер Сохтмон”, ҶДММ “Юиф Сервис” дар дохили Ҷаъмияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” ба истеҳсоли шағал, бетон ва рег машғул мебошанд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар шаҳри Роғун соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда бунёди як қатор корхонаю коргоҳҳо, аз ҷумла маркази ҳунарҳои мардумӣ, адрасу атлас, корхонаҳои коркарди пашму пӯст, ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳ, коркарди чӯб, истеҳсоли хиштҳои сементӣ ва бунёди сардхонаву гармхона ба нақша гирифта шудаанд. Тибқи нақша, ҳамзамон, бунёди корхонаи хурди афшураи мева ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва, ба ин васила, таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебарад. 

РОҒУН БА ШАҲРИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД
– Дар баробари пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун, соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушд инкишоф меёбад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар пешрафти сайёҳӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ  менамояд. Қабули Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028 аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад. Барномаи мазкур истифодаи самараноки имкониятҳо барои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр ва дигар хизматрасонии сайёҳиро ба танзим медарорад.  Омодагиҳо ва пешниҳодҳо бобати қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаи сайёҳӣ эълон шудани шаҳри Роғун  ҳанӯз аз солҳои 2018-2019 оғоз шуда буданд, –  мегӯяд Б. Шарафзода.
Ӯ гуфт, ки дар натиҷа, 31-уми августи соли 2022 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 441 «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» қабул гардид. 
Барнома як механизми асосӣ барои гузоштани заминаҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳр мебошад. Ҳадафҳои асосии Барнома боз ҳам фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи сайёҳии Роғун ба ҳисоб меравад. Албатта, мо барои расидан ба ҳадафҳои Барнома амалишавии якчанд самтҳоро ба инобат гирифтем.
Ин ҳам бошад, таъсиси механизми самараноки танзими давлатӣ ва дастгирии соҳаи сайёҳӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо шарикони рушд, ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, мақомоти дигари ба фаъолияти сайёҳӣ алоқаманд, беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ ба бахши сайёҳӣ, густариши ҳамкориҳо бо васоити ахбори омма, ташкили саноати сайёҳии рақобатпазир, рушди устувори даромади буҷети маҳаллӣ ва аҳолӣ аз ҳисоби ҳаҷми даромад аз сайёҳии воридотию дохилӣ мебошад. 
Албатта, тавре гуфтем, як сабаби қабули Барнома дар он аст, ки дар шаҳри Роғун НБО «Роғун» бунёд мегардад. Аз шаш хатсайри асосие, ки дар Барнома дарҷ кардаем, яктоаш обанбори НБО «Роғун» мебошад. Дар ояндаи наздик бо бунёд ёфтани Неругоҳ на танҳо иқтидори саноатӣ ва гидроэнергетикии ҷумҳурӣ боло меравад, саноат рушд мекунад, балки шаҳри Роғун, ки минбаъд ҳамчун як минтақаи сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ эътироф мегардад, тараққӣ меёбад. 
Дар ҳамин замина обанбор ва инфрасохторе, ки дар гирду атрофи Неругоҳ ба инобат гирифта мешавад, боз ҳам шароити мусоидро дар минтақаи сайёҳии Роғун фароҳам меорад. Аз ҳамин лиҳоз, рушди сайёҳии экологӣ бо обанбори НБО «Роғун» дар минтақаи сайёҳии Роғун тавъам мегардад. Ин имкон медиҳад, ки инфрасохтори минтақаи сайёҳии Роғун рушд намояд. Дар баробари ин, дар шафати роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод сохтмони  меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ,  марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба нақша гирифта мешаванд.  
 Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз эълони шаҳри Роғун ҳамчун минтақаи сайёҳӣ шумораи сайёҳон афзуд. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли равон ба шаҳри Роғун 4199  сайёҳ ташриф овардааст, ки аз ин шумора 704 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»,
Душанбе – Роғун – Душанбе  

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив