ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ. КОНСТИТУТСИЯ ВА НИЗОМИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ 

МАОРИФ. КОНСТИТУТСИЯ ВА НИЗОМИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ 

03 ноябр 2023, Ҷумъа
88
0


Конститутсияи даврони истиқлол дарвоқеъ ҳамчун ифодагари манфиатҳои волои давлату миллат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳо эътироф гардидааст.  Ин санади олии ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму асосӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар гирифтани таҳсил ҳисобида, дар моддаи 41 онро чунин ифода кардааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад».
Бояд гуфт, ки то қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар иҷлосияи 18-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми декабри соли 1993, таҳти № 900 қарор «Оид ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул шуд. Қонуни мазкур бо назардошти ба инобат гирифтани қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар шуда, дар давоми солҳои 1994, 1995, 1996 ва 1997 ба он тағйироту иловаҳо ворид гардид ва пас аз интишори расмӣ аз 15-уми майи соли 1997 иборат аз 6 фасл ва 49 модда мавриди амал қарор гирифт. 
То ин муддат бо мақсади таҳкими раванди таълиму тарбия, ташаккули қобилият, рушди зеҳнӣ, огаҳӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои муосири инноватсионӣ, дарку эҳсоси масъулияти базиммадошта, такя ба адабиёти муосири таълимию илмӣ, рӯ овардан ба навҷӯиву навоварӣ ва кашфиёту ихтироот, дар зинаҳои баъдидипломӣ давом додани таҳсил  ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо, мутаносибан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» «Дар бораи адабиёти таълимӣ» «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» тасвиб шуданд, ки ба танзими раванди таълиму тарбия, сифат ва самаранокии таълим, омодагии касбии мутахассисон ва низоми маориф нақши муҳим доранд. 
Асоси муқаррароти ин санадҳо нишондоди моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» буда, низоми соҳаи маорифи кишвар ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи маорифро танзим намудаанд. Ба баъзе аз он санадҳо борҳо тағйироту иловаҳо ворид шуда, қисме дар таҳрири нав қабул гардидаанд. Дар заминаи талабот ва муқаррароти аксари онҳо дар шакли низомномаву консепсия, стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ ва дигар намуди санадҳои меъёрии зерқонунӣ қабул гардида, дар танзими низоми соҳаи маориф нақши муҳим доранд. Ҳадаф аз қабули чунин санадҳо ин такмил ва таҷдиди низоми маориф, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳсилот, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, баробарии гендерӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрванд ва рушди сармояи инсонӣ мебошад. 
Мусаллам аст, ки соҳаи маориф соҳаи ниҳоят муҳиму сарнавиштсоз ва омили муайянкунандаи рушди инкишофи ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Мутаассифона, то ҳол соҳаи маорифи кишвар қонуни ягона ва мураттабгаштаи сатҳи муайяни ҳуқуқӣ-мантиқӣ - кодекс, ки тавассути он соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ пурра, бевосита ва бонизом ба танзим дароварда мешавад, надорад. Кодекс ҳамчун соҳаи муайяни ҳуқуқ, ки асоси ҳуқуқии соҳаи дахлдорро дар бар мегирад, меъёрҳои мушаххаси қонунҳо ва санадҳои зерқонуниро фаро гирифта, дар маҷмуъ, натиҷаи фаъолияти кодификатсионии қонунгузории соҳа ба ҳисоб меравад. Зери мафҳуми кодекс қонуни мураттабе дар назар аст, ки тамоми меъёрҳо ё қисми зиёди меъёрҳои танзимкунандаи соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ ба таври дақиқ ба назари эътибор гирифта мешавад.   
Бо вуҷуди дар соҳаи маориф қабул шудани қонуну санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ, ҳолатҳои такрорёбӣ дар матни қонунгузорӣ, ибора ва таркибҳои норавшан, номураттабӣ ва номутобиқатии меъёрҳои ҳуқуқӣ, такроршавии мафҳумҳо, дар қолаби маъмуливу анъанавӣ таҳия шудан ба мушоҳида мерасанд. Муҳаққиқон ва коршиносони соҳа сарчашмаи асосии пайдоиши баъзе аз қонунгузории соҳаи маорифро ҳам дар зиёд будани санадҳои меъёрии соҳа ва ҳам ба таври дақиқ риоя нагардидани меъёрҳои онҳо, ки боиси номураттабӣ ва мушкилот гардидааст, меҳисобанд. 
Бинобар ин, бо мақсади таҷдиди назар намудани қонунгузории соҳаи маориф, ки таъкиди банди 24-и “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2020, № 526) ба шумор меравад, зарурати қабули санади кодификатсионии қонунгузорӣ дар соҳаи маориф ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии ягонаи маҷмуӣ дар шакли “Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарурати замон аст.
Мутобиқи талаботи замон таҳия шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2018 таъкид шудааст: «Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд». 

Раҷабалӣ САНГОВ, 
Аълочии маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.11.2023 №: 217
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив