ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 80 БАҲОРИ МУШКРЕЗИ ОШЁНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

80 БАҲОРИ МУШКРЕЗИ ОШЁНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

08 ноябр 2023, Чоршанбе
42
0

  
Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара яке аз  куҳантарин муассисаҳои таълимии кишвар ба шумор рафта, дар тули 80 соли фаъолияташ зиёда аз 18 ҳазор мутахассисро аз рӯи касбҳои гуногун дар оғӯши худ ба камол расондааст. 

Таъсисёбии ин даргоҳи муқаддаси маърифату касбомӯзӣ ба оғози солҳои 40-уми асри ХХ рост меояд. 19-уми  марти соли 1943 фармони Шурои комиссарони халқии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таҳти № 5994 оид ба ташкил кардани Техникуми саноати хӯрокворӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи агротехникӣ, консервабарорӣ ва коркарди маҳсулоти тамоку дар Исфара ба имзо расид. Мавриди зикр аст, ки барои нашъунамои ин боргоҳ заминаи мусоид  мавҷуд  буд.  Яъне, дар  Исфара як  қатор  корхонаҳои саноатӣ  фаъолият  доштанд. Биноан, ҳамон сол Техникуми консервабарории  шаҳри Одесса дар ҳайати пурраи омӯзгорон ва донишҷӯён ба Исфара интиқол дода шуд. Ҳамзамон, таҷҳизоту маводҳои лозима ба қадри имкон аз Одесса оварда шуданд. Ин воқеаи муҳим дар роҳи минбаъдаи инкишофи ҳаёти иқтисодиву мадании халқи Исфара марҳилаи нав буд. 
Ҳангоми суҳбатҳоямон бо дуюмин хатмкунандагони солҳои 1950-51 номзади илмҳои кишоварзӣ шодравон Муҳидхон Ҳомидов,  Корманди  шоистаи Тоҷикистон Абдураззоқ Холматов, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Ҳайдарбек Ҷумонқулов,  дотсентон  Раҳимбой Маҳмудов, Мирзоғафур Бобоев, Субҳиддин Юлдошев, Муҳидхон Қаюмов, Холбой Зоидов маълум гардид, ки устодони шаҳри Одесса, аз ҷумла А. П. Перов, М. М. Юрасов, В. Лахонин, М. С. Дашков, А. М Янатев, А. П. Промина бо сарварии мутахассиси варзида  В. С. Удодов, мудири қисми таълим, ба Исфара омада, барои пешрафти таълимгоҳ, ҷо ба ҷо кардани мутахассисон ва соҳиби маълумоти касбӣ намудани сокинони маҳаллӣ хизмати шоён кардаанд.  
Соли 1943 нахустин сарвари таълимгоҳ ташкилотчӣ ва мутахассиси варзида  С. Д. Додоҷонов таъин гардида, ҳамроҳи бародарони рус барои ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо, нақшаҳои таълиму тарбия, ҷалби донишҷӯён ба таълимгоҳ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ  корҳои зиёдеро ба сомон расонданд. 
Дар соли аввали таҳсили 1943-1945 65 донишҷӯ дар ду гурӯҳ таълим мегирифт. Ҷолиби диққат аст, ки сафи донишҷӯён сол ба сол аз ҳисоби ҷавонони болаёқати миллатҳои гуногун мафзуд. Дар ҳақиқат, он солҳо таълимгоҳро оилаи интернатсионалӣ мегуфтанд, чунки  8 миллату халқият ба таҳсил фаро гирифта шуд. Инҳо дастпарварони мактабҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва Федератсияи Россия буданд.  
Агар ба сайри таърихии ин даргоҳи куҳанбунёд назар андозем, хоҳем дарёфт, ки  дар оғози таъсисёбиаш ба бисёр мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешуд. Ин ҳам бошад, дар сатҳи зарурӣ мустаҳкам набудани базаи моддӣ-техникӣ ва мутобиқсозӣ барои ташкили омӯзондани донишҷӯён барои самтҳои гуногуни хоҷагии халқ, васеъ кардани таълимгоҳ, сохтани биноҳои махсус (замонавӣ) ва ғайра. Бо назардошти ҳамин сабабҳо, фаъолияти Техникум бо фармони Вазорати саноати хӯроквории Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 1953, таҳти № 49 муваққатан қатъ мегардад. Бино, маводу таҷҳизот, инчунин, ҳамаи ҳуҷҷатҳои Техникум бо фармони Вазорати саноати хӯрокворӣ таҳти № 99 аз 31-уми марти соли 1953 ба ихтиёри трести консервабарории Тоҷикистон гузаронда мешаванд. Инчунин, ба сардори ҳамонвақтаи ин идора С. Ю. Юлдошев супориш медиҳанд, ки дар муҳлати 5 рӯз барои қабул, ҷобаҷогузории кадрҳо, нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ чораҳои зарурӣ андешад ва  маълумоти пурраро ба  Вазорати саноати хӯрокворӣ пешниҳод намояд. Ниҳоят, баъди таваққуфи бистсола 16-августи соли 1973 бо фармони Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон ҳамин таълимгоҳ ба сифати Техникуми саноати хӯрокворӣ дарҳои худро барои толибилмон  боз  намуд.  Соли  аввали  таҳсил дар Техникум 120 донишҷӯ таҳсил мекард. Аз рӯзҳои нахустин дар ду факултет аз рӯи чаҳор ихтисос: технологияи маҳсулоти шир, мошин ва таҷҳизоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, мошин ва дастгоҳҳои яхдону компрессорӣ, мошин ва таҷҳизоти саноати шир мутахассисон омода мешуданд. Донишҷӯён соҳиби ихтисосҳои  номбаршуда  гардида,  ба истеҳсолот ба кор мерафтанд. Ҷавонон – талабгорони касбу ҳунар дар истеҳсолот кор карда, дар ин боргоҳ дониши худро сайқал медоданд. Дар ин давра бо сарварии Аълочии маорифи ИҶШС Т. М. Назаров ҳайати омӯзгорону мураббиён  Абдусаттор Холиқов, Абдусаттор Аюбов, Зоирҷон Боиров, И. Холиқзода, Елена Багина, Г. Веаминеовна, Мешарова, Ёдгорбой Собитов, Темур Маҳмудов, Атохон Аҳмадзода, Махкамбой Холиқов, Низомиддин Асомиддинов ва дигарон кори таълиму тарбияро ба сатҳи зарурӣ бардошта, мутахассисони арзандаи замонро ба камол расонданд. Мавриди зикр аст, ки сарпарастии ин боргоҳи илму маърифат ба зиммаи заводи шир буд. Инчунин, собиқ раиси комиҷрояи шаҳри Исфара Оритқбой Қурбонов ҳамеша ҷараёни кори таълимгоҳро назорату роҳбарӣ мекард. Вале бояд иқрор шуд, ки рушду нумӯи ин боргоҳи дониш, бахусус, аз соли таҳсили 1976-1977 баъди сарвари он таъин гардидани номзади илмҳои техникӣ, дотсент, вакили мардумӣ шодравон Зулфиқор Абдусатторов назаррас шуд. Ин марди соҳибдил барои болоравии сатҳи дониш, беҳбуди шароити кору зисти омӯзгорону донишҷӯён талошҳои зиёд кард ва дар тамоми соҳаҳои таълиму тарбия, базаи моддӣ-техникӣ шароитҳои заруриро муҳайё намуд. 
Маҳз дар солҳои аввали роҳбарии ӯ теъдоди донишҷӯёну омӯзгорон меафзояд. Шумораи омӯзгорон аз 16  ба 28 нафар ва сафи донишҷӯён  аз 340 ба 360 нафар расид. Дар охири соли таҳсили ҳамон сол аз рӯи чаҳор ихтисос 90 хатмкунанда соҳиби касб шуда, ба истеҳсолот рафтанд. Маҳз бо сарварии ин марди фозил солҳои 1980-1990 ду бинои таълимии чорошёна, ду бинои хобгоҳ барои 400 донишҷӯ ва ошхона бунёд гардид. Он солҳо омӯзиши ихтисосҳои биотехнология, технологияи коркарди филизоти ранга дар барномаи таълимӣ мавқеи хосса касб намуд. Ҳамзамон, бахши таҳсили ғоибона аз ихтисоси нонпазӣ ба фаъолият пардохт. Теъдоди донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзонаю ғоибона меафзуд. Танҳо соли 1980 шумораи донишҷӯён ба 820 нафар расид ва ин соҳибкасбон дар бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнат карда, обрӯву эътибори ин боргоҳи донишро баланд мебардоштанд.
Ба бунгоҳи илмиву техникӣ такя намуда, Зулфиқор Абдусатторов дар назди идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ҳукумати шаҳри Исфара масъала гузошт, ки мақоми таълимгоҳро баланд кунанд. Ниҳоят, баъди талошҳои зиёд ва соҳибистиқлолии кишвар 5-уми августи соли 1993 Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарори худ ин боргоҳи донишро ба Мактаби олии таҷрибавӣ табдил дод. Ба Мактаб омӯзгорони пуртаҷрибаву соҳибилм: доктори илмҳои техникӣ И. С. Саидаминов, номзадҳои илмҳои техникӣ Қ. Муҳиддинов, М. Мадиброҳимов, Н. Убайдуллоев, номзадҳои илмҳои риёзӣ ва физика  С. Б. Бабаев, Н. Маҳмудов, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Абдураззоқ Холматов, дотсент М. Яҳёев ва дигарон ҷалб шуданд. Чопи китобу дастурҳои методии таълифкардаи омӯзгорон  ба пешбурди кори таълим мусоидат намуд. Имрӯз месазад номи он омӯзгоронеро, ки  барои пешрафти ин боргоҳ заҳматҳои зиёд кашиданд ба забон биёрем: А. Аҳмадзода, М. Б. Исмоилов,  Ё. Собитов, Ҳ. Халимҷонов, И. Пӯлотов, С. Ғаффоров, Т. Солхӯҷаев, У. Неъматуллоев,  У. Арабеков,  А. Рабиев,  А. Холиқов, А. Содиқов, С. Маҳмудова, Л. Бобоев, С. Тарасова,  С. Ризоев, И. Ҳомидов, Б. Қодиров, А. Шаҳобов, Э. Каримова, Т. Туранбоев, А. Хайруллоев,  С. Бобоев, А. Шукуров, Ш. Қудӯсов, Б. Сатторова ва дигарон. Ҳамаи онҳо ба диёри куҳанбунёд бо муҳаббати самимӣ менигаристанд ва саъю кӯшиш мекарданд, ки сатҳи дониш ва маърифати донишҷӯёнро баланд бардоранд. Вақте ки мо фаъолияти 23-солаи Зулфиқор Абдусатторовро ҳамчун роҳбар таҳлил мекунем, таҳаввулоти азимеро мебинем. Ӯ ҳамеша шогирдону ҳамкоронро ба меҳнати софдилона ҳидоят менамуд. Афсус, ки мо дар як мақола ҳамаи рафтору фаъолияти ин шахси наҷибро гуфта наметавонем. Банда фаъолияти рангину пурсамари Зулфиқор Абдусатторовро дар китобҳоям “Шасти камолот” бахшида ба 60-солагии Коллеҷи технологии шаҳри Исфара соли 2003, “Инсони нексиришт” соли 2015, мақолаҳоям дар маҷаллаи “Ганҷи Исфара” бо унвони “Зи мардони ҷаҳон мардӣ биомӯз”, (№ 9-10 ноябри соли 2015), рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ленинобод”, “Насими Исфара”, “Навиди донишгоҳ” ва ғайра нақл кардаам, ки ҳоҷат ба такрор нест. Аз соли таҳсили 1999-2000 Зулфиқор Абдусатторов ба нафақа мебарояд. Роҳбарии ин боргоҳи маърифат ба дӯши фарзанди барӯманди диёр, профессор Аҳадбой Тешаев гузошта мешавад. Муовинони аввали он кас оид ба таълим ва тарбия, дотсентон Н. Маҳмудов ва Н.Убайдуллоев таъин гардида, давоми 1,5 соли фаъолияти худ ҳамроҳи сарвари нав бисёр корҳоро ба сомон мерасонанд. Банда, ки дар ҳукумати шаҳри Исфара ба ҳайси мудири шуъбаи идеологӣ фаъолият доштам, ҳамчун муовини директор оид ба корҳои таълим, илм ва тарбия аз соли 2001 ба кор даъват шудам. Таҳти роҳбарии Аҳадбой Тешаев ба  сохтори Коллеҷ навгониҳо (тағйирот) ворид мешаванд. Деканҳо омӯзгорони собиқадор Қ. Муҳиддинов, С. Ғаффоров таъин гардида, барои ривоҷу равнақи таълимгоҳ кӯшишҳо ба харҷ доданд. 23 омӯзгор ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб мешавад. Аввалин маротиба мудири кафедраи забонҳо Б. Қодиров дар ДДХ баъди хатми аспирантура рисолаи номзадӣ  дифоъ менамояд. Солҳои 2003-2004 бошад,  омӯзгори калон И. Ҳомидов бо роҳбарии А. Тешаев рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи технологии шаҳри Душанбе дифоъ кард. 
Шумораи донишҷӯён ба 450 нафар расид. 52 нафар устодон, ки аз онҳо 13 нафар унвондор ва ду нафараш доктори илм аст, фаъолияти илмӣ, педагогӣ бурда, дастуру китобҳои худро барои донишҷӯён аз чоп мебароранд. Дар давоми ин солҳо 5 кафедра 14 озмоишгоҳ, 22 кабинети фаннӣ, 24 синфхонаи марказӣ, хобгоҳу ошхона барои донишҷӯён амал мекунад.
11-уми июли соли 2001 бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтори ДДТ ба номи М. Осимӣ бароварда шуда, ба сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон шомил ва ба мақоми давлатӣ соҳиб гардид. Олимони Коллеҷ барои илмро ба ҳаёт пайвастан ҳамарӯза бо шогирдони худ заҳмат кашида, ба як қатор дастовардҳои илмӣ ноил гаштанд. И. А.  Саидаминов ба истеҳсоли комплекси нуриҳои минералӣ дар асоси бетонит, ки барои баланд бардоштани қобилияти ҳосилнокии хок ёрӣ мерасонад, машғул мешавад. А.Т. Тешаев бо шогирдони худ паспорти экологии корхонаҳои саноатиро тайёр менамоянд. Н. Маҳмудов дар озмуни “Одами сол” бо мақолаҳояш дар шаҳри Кембриҷи Англия ширкат варзида, барандаи ҷоизаи Маркази байналмилалии Донишгоҳи Кембриҷ  мегардад. Тӯли ин солҳо китоб ва дастурҳои  методии омӯзгорон Б. Қодиров “Коргузорӣ ва  дафтардорӣ”, дотсент М. Яҳёев “Тарбия ҳам санъат аст”, “Алифбои мусиқӣ”, “Маҷмуи лексияҳо аз фанни фарҳангшиносӣ”, “Шарҳи мухтасари истилоҳоти фарҳангшиносӣ”, “Шасти камолот”  ва ғайра аз чоп мебароянд. Ҳамзамон, як қатор мақолаҳои илмӣ, гузоришҳои олимону омӯзгорони таълимгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Тошкент нашр мешаванд. Корҳои таҷрибавию таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо роҳбарии омӯзгорон Т. Туранбоев, В. Исмоилов ва И. Бобоев хуб ба роҳ монда шуданд. 
Бояд гуфт, ки новобаста ба серкорӣ, А. Тешаев дар ҳама чорабиниҳои тарбиявӣ, озмунҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявие, ки баргузор  мешуданд, ҳамчун роҳнамо ширкат меварзиданд. Банда як чанд сол ба дастаи  ҳунарии ҳаваскорони санъати донишҷӯён роҳбарӣ намудам ва онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, ба монанди “Ҳозирҷавобон”, “Андалеб”, фестивал-озмуни “Хурӯши дилҳо”, “Очааш чӯрӣ” ва ғайра ширкат варзида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва мукофотпулию ифтихорномаҳо гаштанд.   Ман бо А. Тешаев солҳои зиёд кор кардам. Дар як мақола ҳамаи комёбию дастовардҳои назарраси он солҳоро  рӯи қоғаз овардан амри маҳол аст.   Дар мақолаҳоям “Устод ва мураббии ғамхор”, “Махзани илм” дар рӯзномаи “Насими Исфара”, “Мефахрам, ки бо устод ҳамкор будам” дар китоби “Хуршедҳисол” (соли 2014) дастовардҳои он солҳоро навиштаам. Афсус, ки дар айёми камолоти зиндагӣ ( 65-солагӣ) пас аз бемории вазнин устод А. Тешаев ин дунёро тарк кард, лекин ёди он кас доим дар хотири ёру дӯстон боқӣ хоҳад монд. Ҳангоми бистарӣ будани устод ман зиёда аз даҳ моҳ иҷрокунандаи вазифаи директори таълимгоҳро ба зимма доштам. 
Аз соли таҳсили 2010-2011 мутахассиси варзида, номзади илмҳои техникӣ, дӯсти наздики ман Исмонхӯҷа Неъматуллоев директори Коллеҷ таъин гардид. Чун сухан дар боби роҳи тайнамудаи И. Неъматуллоев меравад, пеш аз ҳама, саъю талошҳои он кас, ки барои ташкил ёфтани филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара  кардаанд, пеши назар ҷилвагар мегарданд. Маҳз бо ташаббуси  И. Неъматуллоев ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Исфара 2-юми майи соли 2012 Коллеҷи технологии Исфара ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара табдил дода шуд. Ба шарофати муттаҳидию сарҷамъии аҳли Донишгоҳ таҳти сарварии И. Неъматуллоев, як гӯшаи Исфара ба гӯшаи ободу дилкаш ва ба шаҳраки ҳақиқии донишҷӯён табдил меёбад. Дар зарфи зиёда аз ҳафт соли роҳбарии ӯ филиали навбунёд ба комёбӣ ва дастовардҳои зиёд ноил мегардад. Пеш аз ҳама, толори  Кохи ҷавонон, китобхона, 2 толори ошёнаи чаҳорум пурра таъмир, ихтисосҳо зиёд ва озмоишгоҳҳо бо таври замонавӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Алоқаи Донишгоҳ бо дигар донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Олмон, ба таври васеъ ба роҳ монда мешавад.  Навоварӣ ва гирифтани сертификату патентҳо, ихтироот аз тарафи омӯзгорони Донишгоҳ сол ба сол   меафзояд. Омӯзгорони варзидаи диёр ва номзадони илм: М. Абдуллоев, С. Я. Исмоилов, З. Солиев, омӯзгорони калон С. Мамадҷонов, Л. Мухторов, М. Ҷавҳарова ба кор даъват мешаванд. 
Дар айни фаъолияти корӣ И. Неъматуллоев барои дифои рисолаи докторӣ ба Россия сафар карда, дар ҳамон ҷо бистарӣ мешавад ва аз олам чашм мепӯшад. Мутахассиси варзидаи диёр, номзади илмҳои филология, собиқ мудири шуъбаи маорифи ҳукумати шаҳри Исфара Муҷибахон Ҷавҳарӣ сарвари Донишгоҳ таъин мегардад. Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар муддати ду соли роҳбарии худ кору пайкори муассисону роҳбарони гузаштаи мактаби олии Исфараро хеле хуб пайгирона идома медиҳад. Ҳангоми фаъолияти корӣ ва роҳбарӣ он кас худро ҳамчун ташкилотчии моҳиру кордон нишон дода, барои боз ҳам беҳтару ободу зебо шудани Донишгоҳ, ҷараёни таълиму тарбия ҳиссаи арзанда гузошт. Ба омӯзгорони соҳибтаҷриба ва нафақахӯрон бештар аҳамият дода, ба онҳо шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамеша намунаи ибрат буд. Ман дар вақти роҳбарии он кас вазифаи котиби Шурои олимонро ба зимма доштам, борҳо шоҳиди он будам, ки доимо дилсӯзона сухан мегуфт, омӯзгоронро ба роҳи рост ҳидоят намуда, ба сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ медод. Дар мақолаҳояш дар нашриётҳои гуногун аз боби таълиму тарбия, одоб навишта, пешниҳодҳои муфидро пешкаш мекард. Омӯзгорону донишҷӯён ӯро ҳамчун зани хубу ботадбир, дурандеш, сарвари кордону оқил, соҳиброй, дорои фазилатҳои шоистаи инсонидошта пазируфтанд ва эҳтиромаш менамуданд. Ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла конфронсҳои бонуфуз дар шаҳри Исфара, Хуҷанд, Душанбе, баромад мекард. Маҳз бо сабаби кордону ташкилотчӣ ва соҳиби дониши мукаммал  буданаш, вакилии Маҷлиси намояндагон интихоб гардид.  Алҳол ҳамчун ходими намоён шинохта шуда, корҳои зиёдеро ба сомон расондааст. Мехоҳам, ки ӯ қуллаҳои баландтаринро фатҳ намояд. 
Аз соли 2020-2021 дастпарвари ҳамин Донишгоҳ (собиқ Коллеҷи технологии Исфара),  ҷавони болаёқат, ташкилотчию кордон, номзади илмҳои иқтисод Музаффар Холиқзода роҳбари Донишгоҳ таъин мегардад. Ӯ аз рӯзи нахустини фаъолияти кориаш тавонист аҳли ҷомеаи  меҳанатии Донишгоҳро сарҷамъ намояд. Дар муддати кӯтоҳи роҳбариаш М. Холиқзода тадбирҳои судманду мушаххас андешида, сафи омӯзгоронро аз ҳисоби ҷавонони боистеъдод зиёд намуд. Теъдоди қабули донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона афзуд. Ихтисосҳо бо равияҳои гуногун зиёд шуданд. Алҳол дар Донишгоҳ аз рӯи 28 ихтисос, аз ҷумла 11 ихтисоси педагогӣ, донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ба шуъбаҳои рӯзонаю фосилавӣ барои идомаи таҳсилоти дуюм донишҷӯён мувофиқи иҷозатнома тариқи шартномавӣ қабул мешаванд. Довталабон барои таҳсил дар зинаи магистратура аз рӯи се ихтисос: иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои саноатӣ, менеҷменти молиявӣ, метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия (саноати хӯрокворӣ) қабул карда мешаванд. Хобгоҳи донишҷӯён барои 100 нафар пурра аз таъмир баромад, дар ошёнаи сеюми бинои якуми Донишгоҳ ошхонаи замонавӣ барои 150 нафар сохта, ба истифода дода шуд.  Дар давоми роҳбарии М. Холиқзода сафи номзадони илм аз ҳисоби омӯзгорони ҷавону занҳо афзуд, аз ҷумла   се  омӯзгори калон Насибахон Шаропова 15-уми октябри соли 2021, Маҳинахон Зокирова моҳи январи соли 2023 ва Наргисхон Ризобоева моҳи майи 2023 рисолаи номзадиашонро дифоъ карданд. Алҳол  дар Донишгоҳ 18 номзади илм, 5  дотсент фаъолият дорад ва ҷонишини директор оид ба илм З. Солиев барои дифои рисолаи докторӣ омодагӣ мебинад. Донишҷӯёни Донишгоҳ низ дар олимпиада ва озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гаштанд. 
Барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзида, Б. Байзоқов аз фанни биология,  Ш. Ёқубов аз фанни физика ҷойҳои дуюм, Н. Мирзоев аз фанни информатика  ҷои сеюмро гирифтаанд. Ҳамчунин, М.Султонов аз фанни риёзӣ ва Абдуллоева аз фанни кимиё сазовори ифтихорнома гардиданд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат  як донишҷӯи Донишгоҳ аз равияи технологияи иттилоотӣ (тахассусӣ) ҷойи дуюмро аз худ кард. Ҳамзамон, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз”  донишҷӯён Н. Мирзоев аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷои аввал, М. Абдусатторова аз фанни педагогика  ҷои сеюм гашта, Раҳматуллозода А. аз фанни забони англисӣ соҳиби   ифтихорнома шуд.
Омӯзгорон Зайнуриддин Зухайрзода, ҷонишини директор оид ба илм З. Солиев, номзади илмҳои биология Ш. Усмонова дар даври Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ширкат варзида, сазовори ҷои дуюм ва ифтихорнома гардиданд. 
Дар раванди таълим озмоишгоҳҳои фанҳои техникӣ, устохонаҳои касбӣ муҷаҳҳаз гашта, аз соли аввали роҳбарии М. Холиқзода ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва бо мақсади шаффоф  ва тибқи низоми кредитии таҳсилот гузарондани санҷишу имтиҳонҳои ниҳоӣ, қабули имтиҳонҳо тариқи компютер ба роҳ монда шудааст. Синфхонаҳои компютерии Донишгоҳ  ба шабакаи ягонаи электронӣ васл  шудаанд. Алҳол барои ду факултет се бинои таълимӣ мавҷуд буда, зиёда аз 35 синфхона ва 17 озмоишгоҳи таълимӣ бо 8 тахтаи электронӣ, 11 проектор, 10 принтер, 85 компютер, 8 ноутбук ва  8 сканер муҷҷаҳаз гардидаанд.
Дар  замини бекорхобидаи назди хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳ боғи нав  ва гармхона дар масоҳати 180 метри мураббаъ  бунёд ёфт.
Парки технологии Донишгоҳ ҷиҳати рушди илм ва инноватсия, истифодаи самараноки технологияи аълосифат, қонеъ гардондани талабот ба истеҳсолот дар истифодаи технологияи навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионию инвеститсионӣ пурсамар фаъолият дорад. Дар назди парки технологӣ 5 сех:   оббарорӣ, меваҳои хушк, кафшергарӣ ва мебелбарорӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён  ташкил шудааст. Барои сайқал додани дониши донишҷӯён китобхона бо фонди 19642 китоб ва китобхонаи электронӣ бо хатти интернет пайваст хизмат мерасонад.
Дар Донишгоҳ бо роҳбарии ҷонишини директор оид ба тарбия К. Мусаямова чорабиниҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои тартибдодашуда ва берун аз он,  вохӯриҳои судманд, семинару машваратҳои гуногун дар сатҳи баланд гузаронда мешаванд. 
Имрӯзҳо раёсат ва омӯзгорони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои сазовор пешвоз гирифтани 80-солагии Донишгоҳ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тайёрии ҳаматарафа мебинанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ барои иҷрои  дастуру супоришҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати маориф ва илм, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар раванди таълиму тарбия, илм, тайёр кардани мутахассисони баландпоя ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо мунтазам саъю кӯшиш менамоянд. Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки хизматҳои шоёни дусолаи М. Холиқзодаро ба назар гирифта, ӯро моҳи июли соли ҷорӣ бо медали Ҷашнии 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд. 

Муҳаммадхоҷа ЯҲЁЕВ, дотсенти кафедраи гуманитарии ФДТТИ

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив