ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ ИҚТИСОДӢ, САРМОЯГУЗОРӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

ҲАМОИШИ ИҚТИСОДӢ, САРМОЯГУЗОРӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
13
0

 
8-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.
Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронда шуда, дар он ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ва доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш ба пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тиҷорат мусоидати муассир хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд.
Бо натиҷагирӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки татбиқи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030 натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба масъалаи таъмини пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ медонад.
Дар қонунгузории мамлакат барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёд ва кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин, тибқи қонунгузориҳои кишвар, барои сармоягузорону соҳибкорон беш аз 240 номгӯйи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзу сабукиҳо дар самтҳои андозу гумрук, пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосию стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва имкону захираҳои табиии Тоҷикистон, андеша ронда, сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро, муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эронро ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт ҷалб карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронии пурмуҳтаво, ҳамчунин, оид ба зарфиятҳои мавҷудаи рушди “иқтисоди сабз”, густариши ҳамкории доираҳои соҳибкории ду кишвар дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судовари саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Таъкид гардид, ки соҳаҳои номбаршуда ва дигар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонанд барои тавсеаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд заминаи муносиб бошанд.

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив