ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАХИРАҲОИ МАЪДАНИ ТОҶИКИСТОН.  ДАР СУҲБАТИ ГЕОЛОГ

ЗАХИРАҲОИ МАЪДАНИ ТОҶИКИСТОН.  ДАР СУҲБАТИ ГЕОЛОГ

09 ноябр 2023, Панҷшанбе
127
0

 
Қаъри замини Тоҷикистон дорои захираи бойи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ буда, омӯзиш ва коркарди онҳо асоси пешбурди соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад. Дар омӯзиш ва муайян кардани захираҳои бойи табиӣ нақши геологҳо хеле бориз аст. Барои инъикоси фаъолияти заҳматталаби геологҳои тоҷик бо Илҳомҷон Оймуҳаммадзода,  сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат оростем, ки манзури хонандаи рӯзнома мегардад.
– Тоҷикистон дорои захираи бойи на танҳо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ, балки дигар канданиҳои фоиданоки стратегӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2021, Барномаи нави давлатии рушди соҳаи геология ба тасвиб расид, ки тули се сол аст Саридораи геология фаъолияташро дар доираи он ба роҳ мондааст. 
Давоми нуҳ моҳи соли 2023 Саридораи геология омӯзиши геологиро аз рӯи зиёда аз 30 лоиҳа дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология  ба анҷом расонда, айни замон корҳои геологии саҳроӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, корҳои саҳроӣ ва таҳлили пурраи намунаҳои бардошташуда дар доираи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи геокимиёвӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ – Лучоб, миқёси 1:25000» ба охир расида, дар натиҷа, зиёда аз 30 майдони эҳтимолии аномалиядор муқаррар  шудааст. Натиҷаҳои ташхиси тилло маҳаки ҷӯякӣ ва геохимиявӣ аз майдони гирифташуда файзнокии умедбахши тиллоро то 1,0 г/т нишон дод. Ҳисоботи геологӣ оид ба захираи маъдан то охири соли ҷорӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод мешавад.
Дигар лоиҳаи умедбахш, бо мақсади ошкор кардани майдонҳои нави маъдан ин “Корҳои ҷустуҷӯи геокимиёвӣ дар варақаҳои J-42-32; J-42-33; J-42-44; J-42-45» ба ҳисоб меравад, ки то ин дам як қатор корҳо, аз қабили омода намудани харитаҳои гуногунмиқёс, хатсайрҳои геологӣ бо намунабардории пурра ба иҷро расиданд. 
Дар рафти амалишавии лоиҳаи «Ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи тилло дар майдони Ошоба» чор қитъаи ояндадор барои тилло – Буюрлук, Само, Сарипул ва Чашмасор, ҷудо ва омӯзиш шудааст, ки дар асоси натиҷаи ташхиси маҳакҳои корҳои литокимиёвӣ фосилаҳои нави файзнокии тилло муайян гардиданд.
Лоиҳаи дигари натиҷабахш ин «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ дар зуҳуроти сурмаи Ривути Боло» ба ҳисоб меравад, ки дар вақти гузарондани иктишофи геологӣ, аз қабили хандақканӣ, хатсайрҳои кофтукови миқёси 1:5000,  аксбардории топографӣ, маҳакбардории ҷӯякӣ ва литогеокимиёвӣ, файзнокии маъданҳои сурма, тилло ва нуқра муайян гардидааст.  Объекти дигаре, ки дар он натиҷаҳои ҷустуҷӯ назаррасанд, лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯию арзёбӣ ва тафтишотӣ дар майдони маъдании Саримад» ба ҳисоб меравад. Дар ин қитъа дар рафти гузарондани иктишофи геологӣ, аз қабили хатсайрҳои ҷустуҷӯии миқёси 1: 2000, ҳуҷҷатгузории нақбҳо, маҳакбардории ҷӯякӣ аз нақбҳо, ташхиси ҷазби атомӣ ва пробирӣ файзнокии баланди тилло муайян шуд. Ҳамзамон, дар соҳили рости дарёи Саримад ду баромади ҷисми маъданӣ (поёнӣ ва болоӣ) омӯхта шуда, дарозии баромади ҷисми маъдан мутаносибан 1 километр ва 360 метрро ташкил медиҳад. Мақсад аз гузарондани корҳои мазкур ҳисоб кардани захираҳои тилло бо категорияҳои С2 ва Р1 мебошад. 
Ҳамин тавр, дар доираи лоиҳаҳо аз ҷониби геологҳои тоҷик муҳимтарин конҳои маъдан омӯхта мешаванд, ба мисоли металлҳои нодир дар қитъаҳои Шазу, Миёнакӯҳ ва Дузахдара, ки дар онҳо  манбаъҳои лантан, серий, празеодим, неодим, самарий, европий бо категорияи Р1 ҳисобӣ шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади кашфи зуҳуроти нави сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда, тибқи лоиҳаи «Корҳои ҷустуҷӯи умумии сангҳои қиматбаҳо ва зинатдиҳанда, дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошим» минералнокии сангҳои худҷило ба монанди сапфир, корунд, лаъл ва турмалин муайян гардид. Аз ҷумла, зуҳуроти сапфири Ишкошим ва турмалини рангаи Гармчашма,  турмалини Бағуш ва корунди Бағуш, тибқи талаботи стандартҳои соҳавӣ, ҳамчун маводи ҷавоҳирӣ ва коллексионӣ баҳо дода шуданд. Аз рӯи натиҷаи коркарди маводи корҳои саҳроии зуҳуротӣ сапфири Ишкошим ва турмалини рангаи Гармчашма (Бағуш), нисбатан ояндадоранд.  Дарозии раги турмалиндори зуҳуроти турмалини рангаи Гармчашма (Бағуш) ба ҳисоби миёна то 20 метр мушоҳида гардида, масоҳати миёнаи майдони раги ашёдор ба 70 м2 мерасад. Захираҳои пешгӯишавандаи ашёи турмалиндор ва турмалини босифат бо категорияи Р1 пешгӯӣ карда шуданд. 
Мавриди зикр аст, ки дар баробари омӯзиши конҳои фоиданок аз тарафи корхонаҳои воҳидии Саридораи геология, якчанд лоиҳаҳои дигари ба равандҳои эгзогении кишвар ва омӯзиши обҳои зеризаминӣ тааллуқдошта роҳандозӣ мегарданд. Соли равон дар доираи ҳамкорӣ, тибқи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025», байни Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Пажӯҳишгоҳи маркази илмӣ-татқиқотии геологӣ иктишофи филизҳои ранга ва асил» (ЦНИГРИ) ва КВ «Экспедитсияи ҷустуҷӯию аксбардории геологӣ» КВ «ЭҶАГ» дар майдони Кабутион бо усули ҷазби ионӣ корҳои таҷрибавии саҳроӣ ба роҳ монда шуданд.   
Айни замон корхонаҳои бузурги истихроҷи маъдан барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок аз барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) истифода мебаранд. Бинобар ин, дар соҳаи геологияи ҷумҳурӣ ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бояд бо истифода аз ин барномаҳо ба роҳ монда шавад. Саридораи геология соли гузашта дар шаҳри Душанбе Конфронси панҷуми  байналмилалии истифодабарандагони Micromine ва соли равон бо иштироки намояндагони ширкати «Micromine Central Asia» дар Тоҷикистон тренингҳои омӯзишӣ баргузор намуд ва кор дар ин самт идома дорад.
Албатта, барои кор кардан бо чунин барномаҳои муосири геологӣ мутахассисони касбӣ хеле заруранд. Саридора дар ин самт низ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст. Саридора барои кормандони ҷавон бо иштироки коршиносони соҳа ҷиҳати омӯхтани кор бо барномаҳои муосир дарсҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, барои табодули таҷриба кормандонро ба хориҷи кишвар мефиристад.
Инчунин, тибқи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии истифодаи сарватҳои зеризаминии Федератсияи Россия (Роснедра) барои солҳои 2023-2025» табодули таҷрибаи кормандон ба нақша гирифта шудааст.    
Зикр кардан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии «Маркази таълимии бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо»-и Саридораи геология мунтазам бо дархости воҳидҳои сохтории Саридора кормандони корхонаҳои воҳидиро касб меомӯзонад. Марказ дар нуҳ моҳи соли равон 171 нафарро аз рӯи ихтисосҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, усулҳои иктишофи геофизикӣ, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, устои кӯҳӣ, коркарди зеризаминӣ, коркарди корҳои кушода, пармагари пармачоҳҳо, борбандчӣ, сементкор, таркишгар дар корҳои кӯҳкории тарзи кушода, зеризаминӣ ва сохтмон, кафшергар, топогеодезия ва корҳои маркшейдерӣ, ҳуқуқи роҳбарӣ ба амалиётҳои пармагарию таркишӣ касб омӯхт. 
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар баррасии Комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 45 мавод, аз қабили ҳисоботи геологии конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул, кони канданиҳои ашёи химиявӣ, бозҳисобкунии захираи конҳо ва  ҳисоботи афзоиши захираи конҳо қарор дошт.  
Дар асоси ҳисоботи аз экспертизаи давлатӣ гузашта, захираҳои  канданиҳои фоиданок, аз қабили тилло, нуқра, волфрам, сурма, нафт, гаҷсанг, мармар,оҳаксанг, хок, рег ва ғайра тасдиқ гардида, ба тарози давлатӣ гузошта шуданд. Хушбахтона, имрӯз ҷумҳурии мо истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 09.11.2023 №: 221
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив