ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУРСУНЗОДА.  ОБОДКОРИҲО САМАР МЕДИҲАНД

ТУРСУНЗОДА.  ОБОДКОРИҲО САМАР МЕДИҲАНД

10 ноябр 2023, Ҷумъа
13
0
 
Дар шаҳри Турсунзода, бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза касб намудаанд. Тавре аз натиҷаҳои таҳлилу баррасии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон бармеояд, бештари соҳаҳо ба нишондиҳандаҳои чашмрас ноил гардиданд. Мардуми меҳнатқарини шаҳр бо дили гарму руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ободонию ояндаи дурахшони кишвар ҷаҳду талош доранд.  
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳр, зимни суҳбат иброз дошт, ки баҳри татбиқи барномаҳои давлатӣ, иҷрои нақшаи дурнамо дар ҳамаи соҳаҳо ва ноил шудан ба дастовардҳои беш аз пеш таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр, ташкилоту идораҳои дахлдор, масъулони ширкатҳои сохтмонӣ  ва сокинон ба ин самт равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025 аз самтҳои асосии фаъолият  маҳсуб меёбад. Барномаи мазкур аз 494 лоиҳа иборат буда, барои  амалӣ намудани он 1 миллиарду 18 миллиону 670 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз Барномаи мазкур ба маблағи умумии 778,6 миллион сомонӣ (76,4 дарсад) амалӣ гаштааст.  
Саҳми соҳибкорон барои пешрафт ва рушду нумуи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст. Бо назардошти ин, таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи маҳал, иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ пайваста дар мадди назари роҳбарияти шаҳр қарор дорад. 
Оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорону сармоягузорон ва таҳкими ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, мусоидат барои ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон дар шаҳр шурои соҳибкорию сармоягузорӣ амал мекунад. 
Айни ҳол дар шаҳр лоиҳаи давлатии сармоягузориҳои хориҷӣ ба маблағи 8 миллиону 598,8 ҳазор доллари ИМА татбиқ гардида,  корҳо дар ин самт идома доранд. Инчунин, 96,7 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар сарчашмаҳо ба сармоягузориҳои дохилии шаҳр маблағгузорӣ шудааст.
Соҳаи саноати шаҳри Турсунзода яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин, ҷиҳати таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми бахши хусусию соҳибкорӣ дар шаҳр бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди саноатӣ авҷи тоза гирифтаанд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисашаванда 781,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Бо мақсади афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳр  корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶДММ “Вежа Фарма”, ҶСП “Ноқили Турсунзода”, ҶДММ «Сардор-2008», ҶДММ “Алюмин Проф”, фаъолияти пурсамар доранд. Маҳсулоти ин корхонаҳо, ки бо сифати баланд истеҳсол мешаванд, рақобатпазир ва воридотивазкунанда буда,  ба содирот низ  нигаронда шудаанд. 
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  Солҳои рушди саноат  эълон намудани солҳои 2022-2026 қарори раиси шаҳр таҳия гардида, тибқи нақша, дар ин давра 23 корхонаву коргоҳи саноатӣ бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд. Инчунин, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар шафати ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» дар масоҳати 21 гектар қитъаи замин бунёди корхонаҳои саноатӣ ва  таъсиси паркҳои техникӣ пешбинӣ гардида, дар марҳалаи ҳуҷҷатгузорӣ қарор дорад. Ҳоло ҷараёни корҳои сохтмонӣ хуб ба роҳ монда шуда, маркази маъмурии шаҳри Турсунзода бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ таъмин аст. 
Бо мақсади ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа дар доираи нақшаи чорабиниҳо барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 435 иншооти гуногун  ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 171 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, эътибори аввалиндараҷа зоҳир намудан ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки  сохтмон ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва биною иншоот дар шаҳр 32 корхонаи сохтмонӣ ва 8 корхонаи лоиҳакашӣ фаъолият доранд. Дар ин давра рушди соҳаи сохтмон 101,2 дарсадро ташкил дод. 
Дар ин раванд рушди инфрасохтор ва нақлиёт низ дар мадди назари масъулон қарор дошта, ҷиҳати ҷорӣ намудани рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, дар нақлиёти ҷамъиятӣ васеъ истифода намудани нақлиёти барқӣ ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд. 
Дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҳамагӣ 282,2 километр роҳҳои автомобилгард мавҷуд аст.  Бо мақсади вусъат додани корҳо дар самти бунёду навсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо дар ин давра бо дастгирии ҳукумати шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 54,6 км роҳҳои байни деҳаҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 32,6 км зиёд мебошад. 
Кишоварзони шаҳри Турсунзода бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии шаҳр ба маҳсулоти хушсифату тару тоза  фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Бо назардошти сол ба сол афзудани аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, имрӯз сокинон кӯшиш доранд, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, аз як қитъа то 3 маротиба ҳосил гиранд. Иқлими мусоиди шаҳр низ барои парвариши навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқ  мебошад. 
Ин аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 848 миллион  сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,4 миллион сомонӣ зиёд аст. 
Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот айни ҳол дар ҳудуди шаҳр 78 сардхона фаъолият менамояд, ки миқдори ғунҷоиши маҳсулот дар онҳо 20312 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 сардхона бо ғунҷоиши 11742 тонна зиёд аст. 
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо сокинони он дар фаъолияти минбаъдаи худ талош доранд, ки  дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, ҷиҳати  татбиқи барномаҳои соҳавӣ, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба як шаҳри пешрафтаву муосир табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд, – изҳор дошт Парвиз Акрамзода.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив