ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУҒЛИ АҲОЛӢ.  ДАР СУҲБАТИ МАСЪУЛИ СОҲА

ШУҒЛИ АҲОЛӢ.  ДАР СУҲБАТИ МАСЪУЛИ СОҲА

10 ноябр 2023, Ҷумъа
55
0

 
Бо ҷойи кор таъмин кардани шахсони бекор аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок, имрӯзҳо кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва шуъбаю бахшҳои шаҳрию ноҳиявии он барои амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 як қатор тадбирҳои муассирро амалӣ намуда истодаанд. 
Тавре директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Абдураҳмон Ашурализода зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳадафи асосии онҳо мусоидат ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Ба гуфтаи ӯ, давоми нуҳ моҳи соли равон 107 ҳазору 900 шаҳрванд ба Агентӣ барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуд, ки беш аз 82 ҳазор кас, ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра тавассути татбиқи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, беш аз 58 ҳазор сокин дар асоси роҳхат дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазор нафар бештар мебошад. Тибқи нақша, то охири соли равон боз қариб 17 ҳазор кас бо кор таъмин мешавад. 

Масъалаи дигаре, ки дар асоси қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо ва бо мусоидати раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳалли худро меёбад, бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони эҳтиёҷманд аст, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд. Дар ин росто, дар давраи ҳисоботии соли равон зиёда аз 7 ҳазор нафар – бештар маъюбон, ятимони ноболиғ, занони серфарзанд, модарони танҳо, сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавобшуда ва нафарони аз маҳбас озодшуда бо кор таъмин гаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 992 нафар зиёд мебошад. Аз ҳисоби умумии бо кор таъминшудагон тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квота) 3700 нафараш зан мебошад. 
Ҳамзамон, барои таъмини аҳолӣ бо маълумот оид ба ҷойҳои кори холӣ дар сомонаи www.kor.tj, www.kasb.tj, www.shugl.tj зиёда аз 16 ҳазор ҷойи кори холӣ пешниҳод гардида, маълумоти он пайваста нав карда мешавад. 
Ҷиҳати бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил ва гузарондани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ нақши муҳим дорад. Абдураҳмон Ашурализода гуфт, ки Агентӣ дар нуҳ моҳи соли равон 832 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронд, ки дар он 10 ҳазору 285 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои гуногун иштирок ва 91 ҳазору 177 ҷойи кори холӣ пешниҳод карданд. Дар натиҷа, 9300 корҷӯ бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуда, 1737 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид ва 7720 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифт. Бештари ба кор таъминшудагон дар корҳои сохтмонӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҷалб шуданд. 

 
Баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 19751 (3622 зан) муҳоҷири меҳнатӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки вурудшавиашон ба кишварҳои хориҷӣ манъ мебошад, муроҷиат намуданд. Аз шумораи муроҷиаткунандагон 9396 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гашта, 9012 нафари дигар ба касбомӯзии ройгон фиристода шуд. Инчунин, 124 нафари онҳо ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 102 нафар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба соҳибкории хурд машғул аст ва 1232 кас ба машварати касбӣ фаро гирифта шуд. 
Яке аз самтҳои фаъолият хизматрасонии роҳнамои касбӣ мебошад, ки давоми нуҳ моҳ, дар маҷмуъ, ба 17323 нафар хизматрасонии  касбӣ дода шуд. 
– Қатъи назар аз муваффақиятҳои нуҳмоҳаи соли равон, моро зарур аст, ки фаъолиятро тақвият бахшида, дар мавриди ташкили ихтисосҳои зарурӣ тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешем. Илова бар ин, роҳбарияти ташкилоту муассиса, корхонаву дигар ниҳодҳо бояд, ки бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва, ба ин васила, коҳиш додани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро тақвият бахшанд, – илова кард Абдураҳмон Ашурализода.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.11.2023 №: 222
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив