ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. ТАҚВИЯТИ БАРНОМАҲО ДАР САМТИ КАСБУ ҲУНАРОМӮЗӢ

СУҒД. ТАҚВИЯТИ БАРНОМАҲО ДАР САМТИ КАСБУ ҲУНАРОМӮЗӢ

15 ноябр 2023, Чоршанбе
29
0


Яке аз масоили асосии Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ин “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” буд, ки аз рӯи он муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. 

Бино ба гузориши Анвар Яъқубӣ ба хотири сифатан амалӣ кардани Барнома дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд биноҳои филиал ва намояндаҳои Муассисаи давлатии  “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Мастчоҳ аз таъмиру тармим бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуданд.
Ҳамчунин, солҳои 2021-2022 бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар маҷмуъ, 12 номгӯй  китобҳои дарсии тахассусӣ дастраси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят гардида, китобҳои дарсии тахассусии «Техникаи барқӣ», «Барномаи офисӣ» ва  «Тракторҳо» аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бознашр гардида, ҳамин тариқ сатҳи таъминнокӣ дар охири соли 2022 бо китобҳои дарсии фанҳои умумитаълимӣ 54,3 фоиз ва тахассусӣ 30,5 фоизро ташкил дод.
Давоми солҳои 2021-2022 ва ҳашт моҳи соли 2023 аз ҷониби шуъбаи машварати касбӣ ва интихоби касбии вилояти Суғд ба 21338 шаҳрванд хизматрасонии интихоби касб расонда шуд. Аз ҷумла, 10562 нафар маълумоти касбӣ ва 6724 нафар маслиҳати касбӣ гирифта, 1103 нафар аз интихоби касбӣ гузаштанд ва ба 2949 нафар дастгирии касбӣ расонда шуд. Аз шумораи умумии хизматрасонии касбӣ гирифтагон 8957 нафар бекорон, аз ҷумла 2235 занҳо, 366 маъюб, 3318 ҷавони синни 15-29 сола, 1171 шаҳрванди аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатшуда, 1094 мутахассиси маълумоти олидошта, 1311 аз маҳбас озодшуда ва 205 нафарро аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта ташкил медиҳанд.
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ амалӣ сохтани «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», рушди ҳунарҳои миллӣ ва муосир, муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумии хоси шаҳру ноҳияҳои вилоят, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, ташкили  курсҳои омӯзишӣ, ба фурӯш баровардани маҳсулоти ҳунармандон, инчунин, барои иттилоотонии шаҳрвандон 15 адад Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар назди литсейҳои касбии техникии ҳудуди вилоят таъсис дода шудааст, ки барои қабули касбомӯзон ва ҳунаромӯзон ба ин марказҳо дар байни аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма, бахусус рӯзномаҳои даврӣ, радио ва телевизион пайваста корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. 
Мавриди зикр аст, ки масъалаи касбомӯзонӣ ҳамеша дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, ҷиҳати васеъ намудани доираи касбҳои омӯхташаванда ва таъсис додани касбҳои нав дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор мунтазам корбарӣ шуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки касбомӯзонии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо воситаи филиалҳои Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар марказҳои таълимии соҳа ба роҳ монда мешавад. Айни ҳол дар вилоят 11 филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Гулистон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”, филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии омӯзиши модулии шаҳри Душанбе” дар деҳаи Маҳрами шаҳри Конибодом ва филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази касбомӯзию соҳибкории шаҳри Душанбе” дар шаҳри Гулистон фаъолият мебаранд. 
Ҳамчунин, 3 намояндагии филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони шаҳри Истаравшан” дар ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштич ва Зафаробод ва 3 адад намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Бӯстон ва Спитамен таъсис дода шудаанд. Ҳамаи муассисаҳои таълимии номбаршуда дорои низомнома буда, аз рӯи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки бо фармонҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳлатҳои муайян дода шудааст, фаъолият доранд. Муҳлати омӯхтани касбҳо аз 1 то 3 моҳ буда, муассисаҳои таълимии мазкур аз рӯи зиёда 40 намуди ихтисос касб омӯзонда метавонанд.
Баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои мазкур соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва филиалҳои он номгӯи бештари ихтисосҳо бо назардошти имкониятҳои шаҳрвандони дорои маъюбиятдошта пешбинӣ гардидааст. Ин ихтисосҳо мансуб ба омӯзиши ҳунарҳои  мардумӣ  буда,  дар  ҷойи  нишаст   фаъолият анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, касбу ҳунарҳои “Тоқидӯзӣ”, “Ҷомадӯзӣ”, “Шерозадӯзӣ”, “Чакандӯзӣ”, “Бофандагӣ”, “Муҳрабофӣ”, инчунин, ихтисосҳо барои хизматрасонӣ ба аҳолӣ “Пойафзолдӯзӣ”, “Таъмиргари телефонҳои мобилӣ”, “Хизматрасонии техникӣ ва таъмири компютер”, “Таъмиргари асбобҳои барқӣ” дар иҷозатномаи Марказ ва филиалҳои он ворид карда шудаанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, махсусан маъюбон, дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалҳои он таълими инклюзивӣ роҳандозӣ гардида истодааст, ки ин аз амалӣ гардидани бандҳои "Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ва “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон” дарак медиҳад. 
Муассисаҳои таълимии касбии сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷиҳати ҳарчи бештар ба касбомӯзонӣ фаро гирифтани табақаҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон, ятимон, модарони танҳо, аъзои оилаи муҳоҷирон ва оилаҳои камбизоат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва пайдо намудани дигар сарчашмаҳои молиявӣ курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии ройгонро мунтазам ташкил менамояд.
Курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзонӣ дар филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон амалӣ карда мешаванд.
Дар доираи Барномаи мазкур давоми соли 2021 – 4400 нафар, соли 2022 – 4649 нафар ва ҳашт моҳи соли 2023 – 3585 (дар маҷмуъ 12634) шаҳрванди бекор, ки дар қайд мебошанд, ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Иҷрои нақшаи ба касбомӯзӣ  ҷалб намудани шаҳрвандон нисбати пешгӯии барнома мутоносибан 104,8%, 103,6% ва 80%-ро нишон дода, шумораи занону духтарони ба касбомӯзӣ фарогирифташуда дар соли 2021 – 3340 нафар, соли 2022 – 3855 нафар ва ҳашт моҳи соли 2023 – 2922 (дар маҷмуъ 10117) нафар мебошад.
Айни ҳол дар вилоят 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 15 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, 11 филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ва 3 адад дигар марказҳои касбомӯзии сохтори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд, ки онҳо баробари касбу ҳунаромӯзӣ ба шаҳрвандон, мунтазам хоҳишмандонро ба шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз қабули “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” то имрӯз малакаҳои касбии 6690 нафар шаҳрванд аз ҷониби муассисаҳои таълимии мазкур шаҳодатномакунонӣ карда шудааст. раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳамзамон, оид ба камбудиҳо ҷиҳати амалишавии Барномаи мазкур, ислоҳоти саривақтии ноҷӯриҳо дар роҳандозии  Барнома фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои хешро иброз дошт.

Ҷовиди АШТӢ, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 15.11.2023 №: 226
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив