ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИНАВ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

ШАҲРИНАВ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

20 ноябр 2023, Душанбе
35
0
Мусоҳибаи хабарнигори «Ҷумҳурият» бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир Исуф
– Муҳтарам Абдуқодир Вализода, лутфан мегуфтед, ки иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав барои солҳои 2021-2025” дар кадом вазъ қарор дорад?
–  Барои иҷрои Барномаи мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 382,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла буҷети ҷумҳуриявӣ 41,9 миллион, маҳаллӣ 3,9, бахши хусусӣ (соҳибкорон) 302,1  ва сармояи хориҷӣ 34,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои татбиқи Барнома то имрӯз 138 миллиону 200 ҳазор сомонӣ  сармоягузорӣ шуда, иҷрои он 36 фоизро ташкил медиҳад.
Аз 10 корхонаи саноатии истеҳсолии дар Барнома пешбиншуда, 6-тои он, аз ҷумла ҶДММ “Аҳмад-Абӯбакр” (истеҳсоли афшураҳои зарфӣ, консерва), ҶДММ “30-солагии Истиқлолият” (истеҳсоли панҷараҳои оҳанин ва сарпӯши лӯлаҳо), ҶСП “Воҳид-С” (истеҳсоли қуму шағал), ҶДММ “Зеби диёр” (истеҳсоли хишти сементӣ), корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва сангҳои ороишӣ дар деҳоти Шаҳринав ва коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ дар деҳоти Чуст мавриди истифода қарор гирифт.  Инчунин, давоми сол берун аз Барнома корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ “Нигоҳи зебоофар” (истеҳсоли сангҳои ороишӣ), “Алиҷони Содиқҷон” (истеҳсоли қоғази ташноб), “Машҳур шавад” (истеҳсоли сарулибоси мактабӣ) ва “Тоҷик-табиб дорусоз” (истеҳсоли маҳсулоти ғайриспиртӣ) сохта, ба истифода дода шуданд. Итминон дорам, ки фаъолияти босамари ин корхонаҳо дар рушди саноатикунонии босуръат саҳми муассир мегузоранд. 
– Табиист, ки таъмини амнияти озуқаворӣ бе рушди соҳаи кишоварзӣ имконнопазир аст. Лутфан, аз натиҷаҳои заҳмати кишоварзони ноҳия иттилоъ медодед.
– Нишондодҳои оморӣ бозгӯӣ аз он ҳастанд, ки ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ сол ба сол меафзояд. Соли ҷорӣ ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ва деҳқонони ноҳия бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 4154 гектар, аз ҷумла 819,7 ғалладонагӣ, 319 пахта, 682 зағир, 170 маъсар, 159,2 нахӯд, 258,3 картошка, 1167,5 сабзавот, 86 полизӣ ва 97 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карданд. Ҳамчунин, дар раванди сол дар майдони 1230 гектар кишти такрорӣ гузаронда шуд. Аз ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, дар маҷмуъ, 18347 тонна ғалладона, 5066 картошка, 76198 сабзавот, 8456 мева ва  7491,6 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ шуд. Маблағи умумии маҳсулоти кишоварзии дар ноҳия истеҳсолгардида ба 447 миллиону 790 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 7 миллиону 519 ҳазору 800 сомонӣ зиёд аст. 
Барои дар ҳамаи фаслҳои сол бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар майдони 6,71 гектар гармхона ташкил шудааст. Дар майдони 4,73 гектар дарахтони ситрусӣ парвариш ёфта, дар 1,98 гектари боқимондааш сабзавоти барвақтӣ корида мешавад. Имсол аз гамрхонаҳо 59 тонна сабзавот ҳосил гирифта шуд. Ҳамчунин, дар ноҳия 5 сардхона фаъолият дошта, дар онҳо шароити нигоҳдории 2360 тонна меваю сабзавот мавҷуд аст. 
– Ноҳияи Шаҳринав дар чорводорию парандапарварӣ дар миқёси кишвар шуҳрат дорад. Хуб мебуд, роҷеъ ба ин соҳаҳо суҳбат мекардед. 
– Дарвоқеъ, ноҳияи Шаҳринав дар чорводорию парандапарварӣ аз ноҳияҳои муваффақу пешрафта маҳсуб мешавад. Сокинон низ ба ин ду самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Тибқи маълумоти оморӣ, алҳол дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 28050 сар чорвои калони шохдор, 49733 чорвои хурд, 518 асп ва 383255 сар паранда мавҷуд мебошад. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 2802,1 тонна гӯшт, 10473,5 тонна шир ва 3,1 тонна пилла истеҳсол гардид.   
Парандапарварӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Парандапарварии Шаҳринав», ки ба соҳибкорон иҷора дода шудаанд, то аввали моҳи октябри соли ҷорӣ 28 миллиону 731 ҳазору 100 дона тухми мурғ истеҳсол шуд. 
–  Соли ҷорӣ барои рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ чораҳо андешидед? 
– Зимнан, дар ноҳия 56 муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ,  Осоишгоҳи бачагонаи “Қаратоғ”, 2 литсейи хусусӣ, 1 литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат, 3 муассисаи томактабии давлатӣ ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият дорад. Шумораи умумии хонандагон 27 ҳазору 410 нафарро ташкил медиҳад.  Ҳоло дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 787 компютер, 132  принтер, 38 видеопроектор, 14 тахтаи электронӣ мавҷуд аст.  
Бо мақсади татбиқи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар назди 36 муассисаи таълимии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдак ташкил ёфта, дар онҳо   1405 нафар кӯдаки 5-6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. 
Норасоии синфхонаҳо ва ҷойи нишаст барои хонандагон аз мушкили ҷиддии соҳа ба ҳисоб мерафт. Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, соҳибкорон ва дигар сарпарастон дар назди муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд. Бавижа, дар арафаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли  давлатӣ дар назди МТМУ № 46  чор синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода  дода шуд. Алҳол сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 19 (8 синфхона), № 27 (6 синфхона), № 33 (6 синфхона), № 35 (18 синфхона), № 53 (8 синфхона) ҷараён доранд. 
– Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия то кадом сатҳ риоя мегарданд? 
–  Возеҳ аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз аввали қабул то ҳол дар беҳтарсозии шароити зисту зиндагии мардум ва сарфаву сариштакорӣ таъсири мусбат гузошта истодааст. Ҳоло дар ноҳия комиссияҳо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дар назди корхонаву ташкилот ва муассисаҳо амал мекунанд. Комиссия дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ваколатдор рафти иҷрои қонуни мазкурро зери назорати қатъӣ қарор додааст.
Дар ин давра, дар ноҳия 1630 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта  38-то зиёд мебошад. Маблағи умумии дар маъракаҳо харҷшуда 7 миллиону 726 ҳазору 900  сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳар маърака аз 5500 то 8500 сомонӣ рост меояд. Забҳи чорво ҳамагӣ 474 сар буда, аз он 100 сар чорвои калон ва 374 сар чорвои хурд мебошад. Комиссия дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳия амалкунанда дар баргузории тӯйи домодию арӯсӣ 7 қонуншикании аз ҷониби шаҳрвандон содиршударо ошкор намуда, баъди тартиб додани протоколи маъмурӣ барои баррасӣ ба суд ирсол намуд. 
Қариб дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи ноҳия таҳаввулот ва беҳбудӣ дида мешавад. Нишондодҳои оморӣ низ сол ба сол меафзоянд, ки ин ҳама аз рушду пешравӣ гувоҳӣ медиҳанд. Сокинони бонангу номуси ноҳия бо қалбу нияти пок баҳри ободии диёр камар бастаанд.  
Ёқуби СОДИҚ,  «Ҷумҳурият»   
Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив