ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУШАНБЕ.  ПОЙТАХТ ДАР РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР ПЕШОҲАНГ АСТ

ДУШАНБЕ.  ПОЙТАХТ ДАР РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР ПЕШОҲАНГ АСТ

20 ноябр 2023, Душанбе
63
0

 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ (26-уми декабри соли 2018) ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми  стратегӣ эълон карда, таъкид намуданд, ки нақшаи гузариши иқтисодиёти мамлакат аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ бояд таъмин гардад. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф ба тамоми ниҳодҳои дахлдор ва роҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  

Дар амал татбиқ шудани ҳадафи мазкур имкон медиҳад, ки устувории мавқеи саноат дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани ҷойҳои корӣ, бамаротиб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини бехатарию рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад ва дар натиҷа як ҷаҳиши бузургеро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоии ҷомеа ба миён оварад.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир шаҳри Душанбе  дар татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ пешоҳанг буда, ба комёбиҳои бузурге ноил шудааст. Роҳбарият ва масъулони сохторҳои шаҳр бо амалӣ сохтани мудирияти дуруст, зоҳир намудани меҳнати шабонарӯзӣ тамоми неру ва маҳорату кордонии хешро истифода карда, пойтахти кишварамонро ҳам аз ҷиҳати эстетикиву маънавӣ ва ҳам  аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ ба як шаҳри зебову муосири тамаддуни минтақавӣ табдил додаанд. Ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун як боғшаҳри зебои минтақа гардида, дар он чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ баргузор мешаванд. Дар ин маврид, шаҳри Душанбе муаррифигари фарҳангу тамаддуни кишвари соҳибистиқлоламон ба ҳисоб меравад, ки ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамеша пайи боз ҳам ободу зебо шудани пойтахти азизамон лоиҳаву барномаҳои навро роҳандозӣ менамояд.
Айни замон пойтахти кишвар дар ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ рушд мекунад. Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар пайваста кӯшиш ба харҷ дода шуда, ҷиҳати ҷалби сармоя ва бунёди корхонаҳои саноативу иншоотҳои муҳими марбут ба он барномаҳову иқдомҳои нав рӯи даст гирифта мешаванд, созишномаҳо ба тасвиб мерасанд. Дар ин раванд, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳоливу боло бурдани истеҳсолоти ватанӣ, рақобатпазир гардондани он мусоидат менамоянд. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе корхонаҳое бунёд меёбанд, ки бештар қувваҳои кории дохилиро ҷалб намуда, хусусияти воридотивазкунанда доранд ва ба баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ нигаронда шудаанд. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар  соли 2019 дар шаҳри Душанбе  60 корхона бо 812 ҷойи кори нав таъсис ёфта бошад, пас танҳо дар моҳи октябри соли равон 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода гирифт.
Ҳоло тибқи барномарезиҳои илмӣ, иқтисодӣ ва дурандешона, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бунёди сад корхона, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талаботу эҳтиёҷот, корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишту дигар маводи сохтмонии воридотивазкунандаву ба содирот нигарондашуда дар нақша аст.
Инчунин, тибқи нақша, давоми ин солҳо сифат ва бандубасти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла алюминий, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда мешавад.
Барномаи мазкур бозгӯкунандаи он аст, ки зимни амалишавии он рушди миёнасолонаи саноат дар сатҳи на кам аз 20 фоиз таъмин ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,5 миллиард сомонӣ расонда мешавад. 
Бо итминони комил метавон гуфт, ки роҳбарияти пойтахт дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо амалӣ намудани барномаҳои наҷиб муваффақона саҳм мегузоранд. Душанберо тадриҷан ба яке аз марказҳои бузурги саноатии минтақа табдил медиҳанд.
Мусаллам аст, ки кишвари истеҳсолотӣ имкониятҳои зиёди рушди иқтисодиёт ва соҳаҳои дигари иҷтимоиро дошта, аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ камтар осебпазир мебошад. Барои татбиқи ин андешаҳо, сохторҳои марбутаро зарур аст, ки корро дар асоси пешрафти илмию техникӣ, руҳияи соҳибкорӣ ва рақобати озод ба роҳ монанд. Саноатикунонии кишвар имкон медиҳад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ва демократия густариш ёбад, заъфи низом дар тазодди дохилии он кам гардад. Хулоса, саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки дар он шаҳри Душанбе пешоҳанг аст, метавонад як ҷаҳиши бузургеро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар фароҳам оварда, сатҳу сифати давлатдорӣ ва, дар маҷмуъ, зиндагии мардумро бамаротиб беҳбуд бахшад ва заминаи гузариш ба ҷомеаи пасосаноатиро фароҳам орад.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив