ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ,  ЗАН ВА ҶОМЕА  

ИСТИҚЛОЛ,  ЗАН ВА ҶОМЕА  

20 ноябр 2023, Душанбе
19
0


Мусаллам аст, ки рушду нумӯи кишвар, сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз тарзи муносибат ба зан-модар низ вобастагии калон дорад. Яъне, агар занон маърифатноку соҳибкасб, хушахлоқу кордон, босавод, тарбиятгари ғамхору меҳрубон бошанд, ҳамон андоза барои пешрафти ҳаёти ҷомеа  фаъолу саҳмгузор мешаванд.
Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар доир ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, тибқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, амалӣ мегардонад. 
Дар ин маврид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар 6-уми марти соли 2015 чунин зикр намуда буданд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
Чунин суханҳои ғамхорона ва боварибахш тули ин солҳо ҳамеша дар паёмҳо, мулоқотҳо ва суханрониҳои Роҳбари давлат садо медиҳанду масъалаҳои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва бо шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани онҳоро ба миён мегузоранд. Ин аст, ки маҳз дар ин давра занон низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо собит намуданд, ки метавонанд, дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ сарбаландона ифои вазифа намоянд.
Ба тасвиб расидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин давра такягоҳ ва пуштибони  зани тоҷик гашт, ӯ ҳуқуқҳои худро шинохт ва имрӯз озодона аз он баҳра мебарад. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҳамчун роҳнамо барои афзудани теъдоди кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон, иштироки фаъолонаи онҳо дар пешрафти кишвар, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо нақши калон бозид. Дарвоқеъ, имрӯз занон дар тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, аз қабили саноату кишоварзӣ, маорифу фарҳанг, тиб ва соҳибкорӣ сарбаландона меҳнат намуда, дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ ин нукта махсус зикр гардид: «Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ, қариб 40 фоиз мебошанд. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд».
Боиси ифтихор аст, ки дар соҳаи маориф 73 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ин далел гувоҳи он аст, ки занони даврони мо қодиранд дар ин соҳаи пуршарафи масъулиятнок пурсамар фаъолият намоянд. Зеро, тарбияи насли наврас кори саҳл нест, ин пеша аз омӯзгор саводи комил, сабру тамкин, устуворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, мушкилписандиро талаб менамояд. 
Чунонки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Аз ин лиҳоз, мо – омӯзгоронро зарур аст, ки дар пешаи  интихобнамудаи худ содиқона заҳмат намуда, нахуст, ба боварии Роҳбари олии кишвар сазовор бошем. Ҳамзамон, ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расондани насли шоистаи даврон саҳми арзанда гузорем. 

Сафармоҳ ҒОИБОВА, омӯзгори МТМУ № 67-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив