ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАВЛОНО ХАСТА.  ПОРАЕ АЗ САФАРНОМАИ ШОИРИ ХАТТОТ АЗ ХАТЛОН ТО БУХОРО

МАВЛОНО ХАСТА.  ПОРАЕ АЗ САФАРНОМАИ ШОИРИ ХАТТОТ АЗ ХАТЛОН ТО БУХОРО

20 ноябр 2023, Душанбе
30
0


Мавлоно Хаста дар яке аз ёддоштҳои худ барои баёни шарҳи ҳоли худ ин байти Абулқосими Фирдавсиро овардааст: 

Кунун умр наздик 
ба ҳафтод шуд, 
Умедам ба якбора 
барбод шуд.
Баъд меафзояд: «Шаст навбаҳори зиндагӣ сипарӣ шуд ва умед аз зиндагӣ чандоне нест. Дар ин муддат аз айёми туфулият гарму сарди рӯзгор дидам ва талхиву ширинии зиндагиро бешумор  чашидам. Аз се сол ба ин сӯ по ба домани таваккул печидам ва гӯшаи хилватро ба ҷилват тарҷеъ ба машраби сулҳи кул, ки доштаму дорам, дарсохтаам».      
Инчунин, худро  ин гуна шинос мекунад: «Холмуҳаммади Хаста – фарзанди мулло Рустам, фарзанди Абдураҳим».  
Ба эътирофи худаш зодгоҳаш  деҳае аз маҳаллоти Кангурт марбути Балҷувон аст,  ки дар қадим ба номи Кӯлоб буд ва баъдҳо Хатлон намудаанд.  Соли 1279 –и хуршедӣ (1900) таваллуд шудааст. Ӯ ёдовар мешавад: «Падарам аз тарафи Ҳукумати он аср мирзо (котиб, хатнавис) буд, аз аёни қавм ба шумор мерафт ва ин мақом аз аҷдод ба мерос дошт». 
Дар назди яке аз машоихи Кӯлоб, ки машҳур ба эшони Рӯпӯш буд, касби тариқат мекунад ва тарки дунё мегӯяд. 
Модараш Шаҳрбону ном дошт ва аз қавми содоти ин минтақа буд. Бо марги модар (дар 2-солагии Хаста) талхии рӯзгори беаҳд чашидааст ва дар охир 14 солро, ба гуфтаи худаш, пас аз он дар ғурбат ба сарзамини Ҳиндустон сипарӣ намудааст. Дар он ҷо ба камоли адабу ҳунар мерасад ва ба шаҳри бостонии Балх, дар диёри Савло Алӣ иқомат мекунад. 
Хаста дар 5-солагияш ҳамроҳи падар аз Кангурт рахти сафар мебандад:

Зи Хатлон панҷсола сар кашида,
Ба волӣ дар Бухороям расида.
Дар Бухоро  ду  бародараш аз олам чашм мепӯшанд ва пас аз он  озими Балх мешаванд:
Ба хок он ҷо супурда ду бародар,
Кушодам бо падар дар Балх бистар.

Аз ин ҷо падар ба сафари ҳаҷ меравад ва ӯро танҳо мегузорад:
Қазо он ҷо падарро ҳаҷ фиристод,
Сари танҳо маро дар Балх бинҳод.
Дар ин айём умрам ёздаҳ буд,
Бар он чун ёздаҳ дар Балх афзуд.

Хаста ба давраи ҳафтуми Шурои миллӣ аз ҷониби бошандагони ин диёр дар соли 1327-и хуршедӣ ба ҳайси вакил интихоб ва чун намояндаи он ба Кобул меравад. Ӯ дар ин хусус менависад:
Риштае бар гарданам афканд дӯст,
Меравам ҳар ҷо, ки хотирхоҳи ӯст.
Ҳамин тавр, шуруъ аз соли 1328 по ба арсаи сиёсат мегузорад. Дар мубориза бо истибдод истодагӣ мекунад. Аз ин рӯ, ба интихоботи баъдӣ роҳ намеёбад. Ба ҷуз ин, зери назорати давлат қарор мегирад ва иҷозаташ намедиҳанд, ки аз Кобул хориҷ бишавад. Бо ин ҳама, ин зиндонии озодро давлати вақт нозир ба он сохт, ки дар ҷараёни соли 1343 дар Ҷиргаи Қонуни асосӣ узви интисобӣ (нисбат доштан) аз тарафи давлат интихоб ва баъди сипарӣ шудани ҷаласот ва тасвиби Қонуни асосӣ  ҳамон сол боз ҳам хонанишин мешавад. Пас аз соле чун озод мегардад, боз ҳам ба василаи рӯзнома алайҳи Ҳукумати истибдодии вақт мебарояд. 
Соли 1339 фармон содир мешавад, ки «Девон»-и Ҳазрати Абулмаонӣ Бедил ба нашр бирасад. Мавлоно Хаста дар ин бора навиштааст: «Рӯзе аз ин пайғом нагузашта буд, ки маро ба матбааи «Маориф» хостанд. Ин ҳайъат ба раёсати муҳтарам Халилуллоҳи Халилӣ  буд… Банда ҳам узви ин ҳайъат   интихоб шуда будам ва маро ба ғарази (мақсади – А.Р) эҳтимоми табъ ва тасҳеҳ муваззаф сохтанд ва бароям  як ҳазору дусад афғонӣ маош таъин намуданд. Ва ман ба эҳтироми Ҳазрати Абулмаонӣ Бедил қабул намудам». 
Муҳаммадюсуф, фарзанди Хаста, дар ин бора навишта буд: «Аз ҷумлаи осоре, ки ҷаноби Мавлоно Хаста бо алоқамандии тамом болои он кор карда, метавон тасҳеҳ ва муқобалаи «Куллиёт»-и (аслан «Девон» -А.Р.) Ҳазрати Мирзо Абдулқодири Бедил (рҳ)-ро  зикр намуд, ки дар чаҳор ҷилд ва 3434 сафҳа ба муддати чор соли тамом шабу рӯз кор карданд, то ба пояи акмал (комилтар, пурратар) расонида, чунончи фармуданд: «Ҳазрати Мирзо Абдулқодири Бедил (рҳ) болои ҷомеаи башарӣ ҳақ дорад». 
Баъдҳо дар хусуси шарҳу ҳолу шахсияти Абулмаонӣ асари «Мунтахаб-уз-замон»-ро таълиф мекунад, ки бо саъю кӯшиши ин фарзандаш ба табъ мерасад.
 Муҳаммадюсуфи Хастазода  дар мавриди бемории саратон шудани падар ва аз ин дард вафот кардани ӯ чунин  ёдовар мешавад: 
«Соли 1352 (1974)  дӯстони Хаста азми бурдани эшонро ба ҷиҳати тадовӣ (дармонбахшӣ)  намуданд. Магар боз ҳам Ҳукумати вақт иҷозат надод». Ӯро ба шифохонаи Садрӣ ибни Сино бурданд, то ин ки шоми  26-уми саратони соли 1352 аз шифохона ба манзили зисташ интиқол доданд».
Ин фарзандаш, ҳамчунин, менависад: «Билохир, ба таърихи 26-уми сунбулаи 1352 вақти саҳар ба оғӯшам ҷон супурд. Ва даҳ соли умри хешро хос ба хидмати эшон будам. Ҷанозаи ӯ пуршукӯҳтарин ҷаноза дар Афғонистон  маҳсуб мешавад». 
Асарҳои илмӣ ва адабии ӯ баъдҳо ба нашр ва дастрасии хонандагон мегардад. «Рамзи ҳаёт», «Хумистон», «Ёде аз рафтагон», «Дабиристони Балх», «Нуфуси дониш», «Тазкиранигорон», «Рисолаи одоби хатти настаълиқ», бахши чаҳоруми «Суханварони муосир», «Тазкираи хушнависон», «Гулбонг», «Фарёдҳо» аз ин қабиланд. 
Ӯ хаттоти моҳир низ буд. 
Ин мисраъҳо намунаи каломи манзуми ӯст:

Ин гуна нигар зинда зи ман боғи суханрост,
Баъд аз сари ман фахр ба ман аҳли суханрост….
Дар зиндагиям, Хаста, ки қадрам нашиносанд,
Баъд аз сари ман фахр ба ман аҳли Ватанрост.

Воқеан, бо Хаста, ин олиму адибу рӯзноманигору сиёсатмадор, омӯзгор, хаттот, ба камолрасида дар мактаби илму фарҳанги Ҳиндустон, ки он замон бо мақоми баландаш эътирофшуда  буд, мо низ ифтихор мекунем, зеро тавре худаш баён доштааст, зодаи Кангурти Тоҷикистон буд ва 5 сол дар ин ҷо зистааст.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

РS: Маълумоти фавқро аз Афғонистон фарзанди Мавлоно Хаста – Муҳаммадюсуфи Хастазода ба муаллифи ин сатрҳо фиристод, то ӯро бори дигар ба хонандагон, хосса насли наврас, бишиносонем. Имсол 50-умин солрӯзи рух  ба ниқоби хок кашидани падари бузургвораш будааст. Ба ин муносибат, худ ҳам чун фарзанди асили падар ин чанд сатрро нигоштааст, ки бозгӯи рӯзгору кору пайкори  падар  ва истеъдоди худи  ӯ мебошад:


Хастаи мо аз ҷаҳон ношод рафт,
Оташи тобандае бар бод рафт.
Мурғи ҷонаш роми зӯру зар нашуд,
З-ин ҷаҳони бевафо озод рафт,
Неку бад охир зи дунё меравад, 
Сайд рафту аз паяш сайёд рафт. 
Буд аз табъидии ҷабри замон
З-ину он озод он устод рафт.
Кӯҳи дониш буду ганҷи маърифат,
Эй дареғо, соҳиби иршод рафт.
Буд дарвешу адибу номвар,
Бо дили пур з-ин харобобод рафт.
Бори ранҷи зиндагӣ аз бас кашид,
Оқибат аз дасту по афтод, рафт.
Шоиру хаттоту соҳибдид буд,
Посдори хомаи Беҳзод рафт.
Бесутуну ҷӯйи шири ӯ  ба ҷост,
Бо дили пурдарду ғам Фарҳод рафт.

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив