ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОНИ ИСЛОМ СУЛҲ МЕХОҲАД

ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОНИ ИСЛОМ СУЛҲ МЕХОҲАД

20 ноябр 2023, Душанбе
19
0

Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити муштараки изтирории арабию исломӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар мубориза бо хатарҳои глобалии ҷаҳон шинохта шудааст. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити муштараки изтирории арабию исломӣ бори дигар ин ҳақиқатро бозгӯ намуд. 

Пешвои муаззами миллат, зимни суханронии худ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки бо ҳузури доираи васеи меҳмонону коршиносони дохилию хориҷӣ 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Риёз баргузор гардид, чунин  изҳор доштанд: “Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии  минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад. Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”.
Дар навбати аввал, агар ин ҳама ҷонсӯзиҳо, пеш аз ҳама, башардӯстии Сарвари давлатро бори дигар пешорӯи мо падид орад, аз тарафи дигар равшан мекунад, ки ҳар кишваре, ки дар ҳудуди маъмурияш ин зуҳуроти хатарнок вуҷуд надораду нисбат ба ҷилавгирӣ аз он чорасозӣ намекунад, иштибоҳ хоҳад кард. Зеро оташе, ки хонаи ҳамсояро месӯзад, дер ё зуд хонаи шуморо ҳам месӯзад. Бетарафӣ, хомӯшӣ, тамошогари ҷанг ва хушунат шудан, оқибатҳои нанговар дорад, ки ногуфтанист. Ба ин мазмун, Сарвари давлат қотеона баён доштанд: “Дар ҳоле ки даргириву хунрезӣ дар ин минтақаи Ховари Миёна ба нуқтаи авҷи худ расидааст, ҳанӯз  иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ба мушоҳида намерасад. Гузашта аз ин, ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд”.
Моро зарур аст, ки ба ҷиддӣ будани ин масъала таваҷҷуҳ намуда, хатарзоии ин равандҳоро дар назар бигирем ва насли наврасу ҷавонро, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост, дар руҳияи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватани аҷдодӣ ва ҳифзи марзу буми он тарбия намоем. Субъектҳои ин навъи ҷиноят метавонанд фард, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон бошанд. Ташкилот ё гурӯҳи одамоне, ки ин амалҳои даҳшатнокро содир менамоянд, дар сар андешаҳои нодуруст дошта, ҳадафи онҳо аз байн бурдани оромиву суботи ҷомеа ва ё кишварҳо ба шумор мераванд. Амале, ки ин гурӯҳ анҷом медиҳад, қатли мардуми бегуноҳ номида мешавад. 
Дар ин робита, ҷавонони моро лозим аст, ки дар такя бо илму хирад, аз худ кардани донишҳои замони муосир ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ доираи ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, дар роҳи худшиносиву  худогоҳии миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ камари ҳиммат бубанданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз таҷрибаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки миллати тоҷик дорад, ёдовар шуда, ба иштирокдорон роҳи раҳоӣ аз бунбастро сулҳ ва танҳо сулҳ унвон карданд: “Тоҷикистон, ки дар таърихи муосири худ ҷанги харобиовари таҳмилии дохилиро паси сар намудааст, ҷонибдори иқдомоти сулҳофарӣ ва ҳаллу фасли мусолиматомези ҳама гуна мушкилоту мухолифатҳои ҷаҳонӣ мебошад”. 
Дар робита ба ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро, бояд дар назар дошта бошем, ки танҳо иттиҳоду якдилӣ, ҳамбастагиву ваҳдати миллӣ ва зиракии сиёсӣ метавонад моро аз ин таҳдидҳо, ҳизбу ҳаракатҳо, тундравиву хурофот ва равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорад.

Шоҳназар БЕРДИЕВ, номзади илмҳои фалсафа

Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив