ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУФТУГӮ АЗ ДӮСТӢ ДОРЕМ МО

ГУФТУГӮ АЗ ДӮСТӢ ДОРЕМ МО

22 ноябр 2023, Чоршанбе
20
0
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шоир, нависанда, публитсист ва тарҷумон Сулаймон Эрматов дар партави паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суҳбат оростем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.
– Устод, Шумо китобе ба нашр расондаед таҳти унвони «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо». Мавзуи меҳварии он дӯстист, махсусан дӯстии ду халқи ҳамҷавор – тоҷикону ӯзбекон. Дӯстӣ аз қадим мавзуи асосии адабиёт, яъне аҳли  адабу фарҳанги мо буд, ҳаст ва хоҳад монд. Шуморо байни аҳли фазл фарзанди  ду миллат меноманд. Шоири халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Маъмур дар мақолааш «Ду шохи як чанорем» навишта буд: «Сулаймон Эрматов на танҳо фарзанди падару модар, балки фарзанди ду халқ аст».  Шумо ба ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ,  асарҳо меофаред ва тарҷума менамоед, аз ин рӯ, мехостам, дар оғози суҳбат сухан аз  дӯстӣ  ҷараён бигирад.
 
– Хатти сурхи  эҷодиёти бандаро мавзуи дӯстӣ ташкил  медиҳад ва ин сабаб дорад, зеро ман дар муҳити дӯстонаи ду халқ – тоҷику ӯзбек, тарбия ёфта, ба камол расидаам. Маънии дӯстиро аз китоб не, аз ҳаёт омӯхтаам.  
Дар деҳаи Бошқалъаи Қубодиёни бостонӣ, ки як паҳлуяш ба Ӯзбекистони ҳамсоя мерасад, таваллуд шудаам. Яъне, дузабонӣ ё худ ба истилоҳ «зуллисонайн» будани ман на ин  ки аз ҷиҳати маънавӣ-фардӣ, балки аз лиҳози ҷуғрофӣ ва ҳудудӣ низ як чизи муқаррарӣ, маъмул ва табиист. 
Оре,  ман фарзанди ду халқ, ду миллат – тоҷику ӯзбек  ҳастам. Ба гуфти шоири ширинзабон Боқӣ Раҳимзода «тоҷику ӯзбек дугонике ҳастанд, ки онҳоро фарқ кардан душвор аст».
Баҳори соли 2018, ба шарофати сиёсати оқилонаи сарварони ду кишвар– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дӯстии ин ду халқ, ки  ба ойинаи он каму беш соя афтида буд, тозаю беғубор ва нурафшон    гашт ва ба  марҳалаи нав қадам гузошт. 
Бинои дӯстии ду халқ, ки бо меҳру муҳаббат, рафоқату  садоқат сохта шуда буд, боз ҳам мустаҳкамтару зеботар шуд. Хусусан, дар панҷ соли охир, баъд аз он ки бо  дастони мубораки ду   бародар, президентҳои ду диёри ба ҳам дӯст – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев  иловатан ба бинои дӯстӣ боз як хишти тиллоӣ гузошта шуд, ин кохи дӯстӣ    шаҳомати дигар гирифт. 
Дар «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо»  паҳлуҳои гуногуни дӯстии ду халқ акси худро ёфтаанд. «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо!» ин таъбири абадзиндаи шоири маҳбуби тоҷик, сарояндаи сулҳу дӯстӣ устод Мирзо Турсунзода   аст, ки меҳру муҳаббати ду халқ – тоҷику ӯзбекро тараннум менамояд.
 
– Яке аз нишонаҳои изҳор доштани меҳру муҳаббат, садоқат, ҳамдилию ҳамраъйӣ, дӯстиву рафоқат, некхоҳиву некбинӣ ва ҳамсоягии хуб шеъри «ширу шакар» гуфтан будааст дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику ӯзбек. Дар вақташ ба ғазалҳои «ширу шакар»-и Шумо Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар баҳои хуб дода буд.
– Бале. Дузабонӣ барои  шоиру нависандагони тоҷику ӯзбек аз азал анъана буд ва то имрӯз ривоҷ дорад ва дар оянда ҳам хоҳад монд. Алишери Навоӣ  яке аз аввалин шуарои давронаш буд, ки ба санъати  «ширу шакар»  шеър гуфта, дар адабиёти  тоҷику ӯзбек  ҳунари ҷадиди чакомасароиро асос гузошт.  «Ширу шакар», воқеан,  аз саноеи душвор, вале зебо  ва шевои  шеърӣ буда, лаззати хосае дорад. Он дар адабиёти дигар  миллатҳо тақрибан вуҷуд надорад ва ё вуҷуд дошта бошад ҳам, ба назар кам мерасад.  Санъати «ширу шакар» нишонаи дӯстии тоҷику ӯзбек мебошад. Шамсиддин Шоҳин, Туғрал Аҳрорӣ, Ғафур Ғулом, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Аминзода, Ӯлмас Ҷамол ва дигарон дар ин намуд шеърҳо доранд.
Аз  «Тожигим ӯзбек билан» ном маҷмуаи ман, ки ба он Шоири халқии Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ сарсухан навиштааст, мақтаи як ғазалро овардан кофист: 
Мирзиё Шавкат, ки гуфт:  «Эмомалӣ Раҳмон келинг»,
Ин Сулаймон ҳам «келинг»  гӯяд,  баланд овоз билан.
 
– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиён таъкиде доранд: «Зиёиён, шоирон ва нависандагони мо бояд ёдгориҳои бойи адабию илмиро тарҷума ва паҳн намоянд». Дар тарҷумаи осори адибони тоҷик ба ӯзбек, ки  як ҳиссаи чашмраси эҷодиёти бадеии Шуморо ташкил медиҳад ва гувоҳӣ аз он аст, ки тараннуми дӯстии халқҳо бароятон арзиши воло дорад ва ба гуфте, тарҷума дили халқҳоро ба ҳам наздик месозад. Ҳамин тавр нест? 
– Оре. Боиси хушнудист, ки, баъди вохӯрии таърихии сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар соли 2018, робитаҳои илмиву эҷодӣ, адабию фарҳангӣ миёни халқҳои тоҷику ӯзбек ба зинаи нав баромад, ривоҷу равнақ ёфта, ранги тоза гирифт. Хусусан, уфуқҳои нави соҳаи тарҷумаи бадеӣ, ки таркиби меҳварии эҷод аст, кушода шуданд. Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфтани шуъбаи тарҷума, бо Фармони Президенти мамлакат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол шудани Маркази тарҷума ба ин мисоли равшан аст. 
Бо дастур ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашр расидани «Армуғони муҳаббат» ном китоб, ки дар он асарҳои беҳтарини шоирон ва нависандагони ӯзбек аз тарафи адибони номии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд низ аз нишонаи дӯстии ду халқ, меҳру садоқат ба халқи ӯзбек, ҳурмату эҳтиром ба адабиёту фарҳанги ӯзбек номидан мумкин аст. 
Ҳоло  дар таҳияи луғати тоҷикӣ-ӯзбекӣ ва ӯзбекӣ-тоҷикӣ, ки то ҳанӯз  вуҷуд надошт, кор бурда  истодаам. Фикр мекунам, ки ин, пеш аз ҳама, барои тарҷумонҳо зарур аст. 
Мегӯянд, ки маънавиётро нигоҳ доштан одамгариро нигоҳ доштан аст. Маҳз барои ҳамин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар паёмашон таъкид менамоянд, ки  тарбияи маънавӣ-ахлоқии фарзандони миллат яке аз масъалаҳои умдатарин ба шумор меравад. Мо бояд тарбияи ахлоқиро дар мадди аввал гузорем ва аз таҷрибаи нодири халқамон истифода бурда, ба фарзандонамон  одоб ёд диҳем. 
– Ташаккур.
 
Суҳбатнигор Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив