ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ба  "Ҷумҳурият" ҷавоб омад

Ба  "Ҷумҳурият" ҷавоб омад

28 ноябр 2023, Сешанбе
16
0


«СИТРУСПАРВАРӢ. РУШДИ СОҲА БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД»
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи  ҳамкорӣ бо Шумо арзи сипос менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Матлубаи Абдуқаҳҳор таҳти унвони «Ситруспарварӣ. Рушди соҳа беҳбудӣ мехоҳад» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (24.04.2023, № 84) ба нашр расидаро мавриди омӯзиш  ва баррасӣ қарор дод. 
Мавриди зикр аст, ки соҳаи боғдорӣ яке аз шуғлҳои асосӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ба парвариши рустаниҳои нодиртарин, зироатҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ, солҳои 30-уми асри гузашта олимони Тоҷикистон оғоз бахшида буданд. Натиҷаи кори олимон ва нишондиҳандаҳои истеҳсолии ситруспарварон нишон дод, ки дар шароити мамлакати мо, хусусан дар водии Вахш ва Ҳисор, ба даст овардани ҳосили 25-28 тонна мева аз ҳар гектар, асосан лимӯ, бе истифодаи гармии иловагӣ, асоси воқеӣ дорад. Таҷрибаи парвариши ситрусҳо дар хандақу нимхандақҳои паҳноиаш 5-8 метр бо ҷойгиркунии 2-3 қатор буттаҳо барои гирифтани 40-45 тонна меваи лимӯ аз ҳар гектар мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, кишоварзони моро зарур аст, ки аз захираҳои беҳамтои биоиқлимӣ, хоку об ва неруи пуриқтидори истеҳсолии кишвар ба таври васеъ истифода баранд.       
Тибқи маълумоти оморӣ, майдони ситрусиҳо қариб 395 гектарро ташкил дода, солона зиёда аз 10000 тонна ҳосил ҷамъоварӣ мешавад.
Ҳоло бошад, ҳаҷми истеҳсоли меваҳои ситрусӣ дар ҷумҳурӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин карда наметавонад. Бинобар ин, ҷиҳати истеҳсоли меваҳои ситрусӣ дар минтақаҳои кишоварзии водигию наздикӯҳии ҷумҳурӣ барои васеъ намудани майдонҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ҳолати таъмин кардани технология ва риояи агротехникии парвариш   ҳосили фаровон ба даст  омада, самаранокии иқтисодӣ хеле баланд мегардад. Зеро сифати меваҳои ситрусии мо дар хориҷи мамлакат талаботи зиёд дошта, аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Бинобар  ин, ҷиҳати афзун гардондани ҳосил, пеш аз ҳама, шароити истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулотро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, бо назардошти истифодаи имкониятҳои мавҷуда,  пурра истифода бурдан лозим аст.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи Барномаи рушди боғдорӣ барои солҳои 2016-2020 дар ҷумҳурӣ 207 гектар гармхонаи нав барои парвариши рустаниҳои ситрусӣ бунёд  шуд. Ин иқдом дар солҳои минбаъда низ рушд ёфта истодааст.
Вазорати кишоварзӣ якҷо бо олимону мутахассисони соҳа вобаста ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ, хусусан рустаниҳои ситрусӣ ва субтропикӣ, зиёд намудани майдонҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва содироти он чораҳои зарурӣ меандешад. 

Ҷаббор НОСИРЗОДА, 
муовини якуми вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив