ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "МАН". ҲАФТ РӮЗИ НОТАКРОРИ ЗИНДАГИИ ҲОШИМ ГАДО

"МАН". ҲАФТ РӮЗИ НОТАКРОРИ ЗИНДАГИИ ҲОШИМ ГАДО

23 феврал 2023, Панҷшанбе
40
0
Армуғони ғайриинтизори Ҳошим Гадо баъди танаффуси дурудароз филми тарҷумаиҳолии «Ман» мебошад. Дар филми “Ман” Ҳошим Гадо нақши асосиро бозидааст. Ин филм кори аввалини коргардони чилсола Ҳамро Розиқов мебошад. Намоиш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва пас аз нахустнамоиш шумораи муроҷиаткунандагон ба Хонаи кино афзуд. Онҳо мехостанд филм такроран намоиш дода шавад. Намоиши такрорӣ бахшида ба ҷашни 85-солагии Ҳошим Гадо дар Кинотеатри “Зебуниссо” баргузор ва тамошои он ба ман низ муяссар гардид.
Медиамунаққиди  ҷаридаи “Мухбири нав” Лилия Гайсина баъди тамошои филм дар мақолаи алоҳида чунин менависад: “Наворгирии филм аз манзили Ҳошим Гадо оғоз мешавад. Коргардон он ҷо барои маслиҳати наворгирӣ ва нишон додани сенарияи филми оянда меояд. Актёри маъруф қаблан таъкид мекунад, ки агар сенария ба вай писанд наояд, кафши коргардон пеши по хоҳад шуд. Боз хотиррасон мекунад, ки ҳаққи корро пешакӣ медиҳад. Коргардон розӣ мешавад ва филмбардорӣ ибтидо мегирад.
Филм, дар маҷмуъ, ҳафт рӯзи зиндагии нотакрору аҷоиби Ҳошим Гадоро фаро гирифта, аз хонаи ҳунарманд оғоз мешавад. Ӯ якҷо бо Ҳамро Розиқов ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ мераванд. Ҳамон даргоҳе, ки бошандагонаш ӯро кайҳо фаромӯш кардаанд ва ҳамон саҳнае, ки зиёда аз сад нақши хурду бузурги худро офаридааст.
Ӯ пеш аз он ки ба саҳнаи азизаш барояд, ба зону истода, кафи дастонро ба рӯи фарш гузошта, мисли кӯдак остонаи онро мебӯсад. Тоҷикон эҳтиромашонро ба ҷойҳои муқаддас бо чунин шева ифода мекунанд. Дар паси саҳна ӯ бо коргарони театр гап мезанад, онҳоеро, ки аллакай дар қайди ҳаёт нестанд, ба хотир меорад. 
Дар давоми филм Ҳошим Гадо ба сайри кӯчаҳои Душанбе баромада, ба ҳар каси ростомада китобҳояшро тақдим мекунад ва ҳамзамон, мепурсад:
- Оё филми «Рустам ва Суҳроб»? – ро дидаед? – ин савол ба як бонуи шаҳрист.
- Бале, тамошо кардаам, – посух медиҳад ӯ.
- Кӣ нақши Суҳробро офаридааст, рус ё тоҷик? – мепурсад Ҳошим Гадо.
- Озарӣ.
- Ин аст туҳфаи ҷавоби савол ба ту – китоб! – мегӯяд Ҳошим Гадо.
- Оё филми «Рустам ва Суҳроб»? – ро дидаед? – мепурсад аз ду ҷавони раҳгузар.
- Не, тамошо накардаем, - посух медиҳанд онҳо.
- Агар чунин аст, марҳамат ба шумо туҳфа – китоб. 
Вақте раҳгузарон дигар ба чашм наметобанд, ба майдончаи кӯдакон мегузарад. Бо ҳайкалчаҳои бетонӣ ба суҳбат мепардозад. Онҳо қаҳрамонони афсонаи машҳури «Бузаки ҷингилапо»-анд. Ба сари шохи онҳо китоб мегузорад ва хитоб мекунад: «Хонед!»
Баъдан ба арғунчакҳои кӯдакона нишаста, ба гуфтани қиссаи талхи масхарабозе мепардозад, ки ба шодмониву хандидани тӯдаи халқ саргарм асту аммо дилаш саршори ғаму ғусса ва чашмонаш пур аз ашки хунбор аст.  
Дар рӯзи панҷум коргардон ва ҳунарманд ба ҷануби Тоҷикистон, ба он минтақае, ки филми «Рустам ва Суҳроб»-ро ба навор гирифта буданд, ҳамон сарзамине, ки Ҳошим Гадо таваллуд шудааст, мераванд. 
Ҳар ду нуқта ҳам барои актёр муқаддас аст. Ҳарчанд дар филми «Ман» шиору ҳикмату суханрониҳои махсус нест, аммо тамошогар чанд бор мегиряд, ҳамроҳи қаҳрамони филм то замони расидан ба зодгоҳ ҳаяҷонзада мешавад. Гӯё ҳамроҳи ҳунарманд ба замине по мегузорад, ки Ҳошим Гадо 30 сол боз он ҷо по нагузоштааст. Албатта, дар баробари лаҳзаҳои ғамангез, ҳастанд диалог ва лаҳзаҳое, ки пур аз ҳаҷву лутф аст ва хонандаи ба гиряомада ногаҳон ба ханда низ оғоз мекунад. 
Ҳамин гуна ба ҳам омадану гоҳо бо ҳам созиш накардани ҳиссу ҳаяҷони қаҳрамони филм бидуни ороишу пероиш тамошогарро шефта мекунад ва филмро ба дил наздик меорад. Тамошогарон бо пайгирии филм ба қаҳрамони асосӣ, ки соҳибҷашн ҳам ҳаст, каф мекӯбанд. Ҳаҷви таркиби филм бо забони тоҷикӣ садо дода, ба расму оини халқ сахт марбут аст».
«Шумо умуман медонед, ки Ҳунарманди халқии СССР будан, яъне чӣ?», - мепурсад Ҳошим Гадо дар яке аз лаҳзаҳои филм. Ва худаш посух медиҳад: «Албатта, кишвари шуравӣ дигар нест, аммо ман ҳастам-ку!»
Ҳунарманди мардумӣ будани ӯро, албатта, аз рӯи филмҳову саҳнаҳои бозидааш фаҳмидан имкон дорад, аммо касе, ки дар театри Лоҳутӣ ӯро дар нақши Эдип надидааст, намедонад, ки шукӯҳи Ҳошим Гадо дар чист. Барои ин албатта, бояд донад, ки нақши Эдип байни мунаққидони соҳа бо ибораи «санъати осмонӣ» тавсиф шудааст. 
Одамони одӣ дар бораи Ҳошим Гадо хеле кам донанд ҳам (дар давоми филми «Ман»), аммо баъди тақсими китоб ва донистани кӣ будани ӯ, аз сараш қанд мепошанд. Халқи тоҷик одатан ба рамзи истиқболи самимии одамони некӯву машҳур чунин амал мекунанд. Кӯдакони зодгоҳаш дар Кӯлоб аз паси сабукрав давида, доду фарёд мекунанд: «Ҳошим Гадо! Ҳошим Гадо!». Ҳамсинф ва хеши наздиктаринаш Бобо ашкҳои худро дошта натавониста, гоҳ бо ситезаву гоҳо бо тавалло хоҳиш мекунад, ки Ҳошим наравад, шабе бо ӯ бимонад…
Ҳисси сипосгузорӣ бо вуҷуди мушкилфаҳм будани табиати Ҳошим Гадо, аз ӯ бегона нест. Аз оғози филм инро мушоҳида кардан мумкин аст. Ӯ нахуст бо гулдаста сари қабри Борис Кимёгаров меравад. Сари таъзим фуруд оварда, зикр мекунад, ки Борис ба як «актёри қаторӣ» (дар ҳоле ки ӯ баъди хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский, аллакай ҳунарманди боистеъдод буд) офаридани нақши Суҳробро бовар кард. Бо чунин сипосгузорӣ ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва назди муҷассамаи устод Лоҳутӣ ташриф меорад.
Қаҳрамони мо дар намоиши «Наврӯзномаи Ҳошим Гадо» ба Ҳукумат ва давлати навини Тоҷикистон, ба ҳар касе, ки қадри санъатро медонад, арзи сипос менамояд. Ба давлат, ба мардуме, ки ҳунарманди бузургеро дар симои Ҳошим Гадо доранд аз давлати ҳастии ӯ бахти баланде насибашон гаштааст.
Хулоса, Ҳошим Гадо дар баробари ҳама муаммоҳои пуливу молӣ, чопи китобҳоро қатъ намекунад ва то имрӯз ба даҳҳо мактабу донишгоҳ, китобхонаҳову хонаи пиронсолон ва ба шаҳрвандони алоҳида китоб туҳфа мекунад, хайру саховатро идома медиҳад. Ҳадафи аслии ӯ китобро то ба дасти хонанда расондан аст. Хонед ва лаззат баред!
 
Аз русӣ тарҷумаи Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив