ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПОЙТАХТ. ТАВСЕАИ СОЗАНДАГИҲО ДАР НОҲИЯИ СИНО

ПОЙТАХТ. ТАВСЕАИ СОЗАНДАГИҲО ДАР НОҲИЯИ СИНО

19 декабр 2023, Сешанбе
36
0


Ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар қатори дигар ноҳияҳои пойтахти мамлакат ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, рӯз ба рӯз ободу зебо гашта, симояшро тағйир медиҳад. Дар ин раванди созанда, нақши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино назаррас буда, масъулони он ҷараёни корҳои созандагиро зери назорати доимӣ қарор медиҳанд. Тавре  Эраҷ Рамазонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ, иттилоъ дод, дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чанде пеш бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки  давоми 11 моҳи соли ҷорӣ аз шумораи умумии 253 нақша-чорабиниҳои солонаи корҳои ободонию созандагии бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ 231-тои он иҷро гардидааст, ки 91,3 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. 

ИФТИТОҲИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Вобаста ба иҷрои нақша-чорабиниҳои дар самти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳи октябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли равғани рафинад ва ширинкунию борҷомакунӣ дар зарфҳо, корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории навъи гуногуни макарон, ифтитоҳ карда шуданд.    
Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Файзи баракат» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев бо мақсади дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар дар кӯчаи Ҷ. Расулов, дар масоҳати 1 гектар бунёд шудааст. Корхона аз ҳисоби даромади софи ҶДММ «Файзи сомон» бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 25 ҳазор тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат мебошад. Дар он 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар оянда бо афзун шудани ҳаҷми иқтидори истеҳсолӣ шумораи коргарон ба 100 нафар мерасад. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, дар оянда ба содирот нигаронда мешавад.
Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод»-и ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж», воқеъ дар маҳаллаи Арбобхотун, дар масоҳати 7 гектар замин бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Ин имкон дод, ки 850 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шавад. Дар корхона дар 16 хатти истеҳсолӣ 36 намуд маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол истеҳсоли 300 000 ҳисобкунаки барқии интелектуалӣ, 10 000 лавҳаи мукаммали пастшиддати 0,4;6 ва 10 кВ, 60 истгоҳи мукаммали трансформаторӣ ва ғайра мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд буда, дар бозори дохилӣ талаботи зиёд дорад. 
Дар корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ «Шаҳри зебои мо», ки дар кӯчаи Ф. Муҳаммадиев сохта шудааст, дар як баст 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи «Лазоли» истеҳсол мешавад. Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Италия харидорӣ ва насб гардидааст. Дар корхона 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин мебошад.
Корхонаҳои истеҳсолӣ дар партави иҷрои супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шудаанд. 

РОҲИ МАҲАЛЛАИ ЧОРТУТИ НОҲИЯ МУМФАРШ ГАРДИД
Дар доираи вусъати корҳои ободонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар маҳаллаи Чортут беш аз 1 ҳазору 600 метр роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуд.
Роҳи автомобилгард дар гузаргоҳи поён ва болои маҳаллаи Чортути ноҳия ҳамакнун ҳамвору васеъ гардид. Асфалтпӯшкунонии роҳҳои маҳаллӣ ва байнидеҳавӣ дар ҳудуди гузаргоҳи поён ва болои маҳаллаи Чортут бештар бо саҳми сокинони маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино амалӣ гардид.  

БОЗ ДУ ГУЛГАШТИ НАВ ДАР НОҲИЯ
Дар радифи корҳои ободонию созандагӣ, ҳамзамон, бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои сайругашти сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар хиёбони Нусратулло Махсум гулгашти муосир бо тарҳи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин раванд, ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ «Манзилҳои аъло» Раҳим Муродов дар буриши кӯчаи Алишер Навоӣ ва хиёбони Нусратулло Махсум як гулгашти нави муосир ва дар кӯчаи Зафар майдончаи варзиши «Душанбе» ба истифода дода шуд. 
Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, гулгашту боғҳои фарҳангӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.12.2023 №: 244
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив