ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАҲРИ ХАЗАР ЗЕРИ ХАТАР ҚАРОР ДОРАД!

БАҲРИ ХАЗАР ЗЕРИ ХАТАР ҚАРОР ДОРАД!

23 феврал 2023, Панҷшанбе
67
0
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари баррасии масъалаи об дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин ба проблемаҳои минтақа, аз ҷумла масъалаи хушкшавии баҳри Арал, диққати ҷиддӣ медиҳанд. Кишвари мо яке аз муассисони Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал буда, дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Миёна (Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) кӯшишҳои худро барои ҳалли ин проблемаи минтақавӣ равона менамояд.  
 
Тавре мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи рустаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев  иброз намуд, баҳри Арал миёни бузургтарин кӯлҳои ҷаҳон пас аз Хазар, Кӯли Болоӣ (дар Африқои Шимолӣ) ва Виктория (дар Африқо) ҷойи чорумро ишғол менамояд.  
«Воқеан ҳам, хушк шудани баҳри Арал барои минтақаи Осиёи Миёна фоҷиаи бузург маҳсуб мешавад. Мутахассисони соҳа мушкилоти баҳри Аралро намунаи бараълои зиддияти манфиатҳои байни одаму табиат унвон карда, таъкид намудаанд, ки маҳз оқибатҳои чунин буҳрони экологӣ ба бекорӣ, паст гардидани сатҳи даромад, вайроншавии фарҳангу муҳоҷират, кам шудани давомнокии умр ва афзоиши бемориҳои бактериологиву вирусӣ оварда расондааст. Зикр бояд кард, ки масоҳати баҳри Хазар (Каспий) ба 3 626 000 км2 баробар буда, ду маротиба аз масоҳати Осиёи Миёна калон мебошад. Коршиносон эҳтимолияти сар задани як фалокати нави экологиро  дар минтақаи Хазар пешгӯйӣ менамоянд, ки ба қисман хушк шудани яке аз баҳрҳои калони Осиёи Миёна – баҳри Арал шабоҳат дорад. Яъне дар ояндаи наздик метавонад масоҳати баҳри Хазар аз таъсири тағйирёбии иқлим ва кам гаштани захираҳои обӣ хеле коҳиш ёбад.
Як нуқта боиси зикр аст, ки мувофиқи мушоҳидаҳои коршиносон оби дарёи Урал аз ҳудуди Федератсияи Россия ва Қазоқистон гузашта ба баҳри Хазар мерасад, сол ба сол кам мегардад. Дарё аз кӯҳи Неҷим дар Бошқирдистон сарчашма мегирад, ки дар масофаи 2543 километр аз ҳудуди вилоятҳои Челябинск, Оренбург ва Атирауи Қазоқистон мегузарад ва аз ҷиҳати дарозӣ сеюмин дарёи калонтарин дар Аврупо мебошад. Аз нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта коршиносон нишон додаанд, ки паст шудани сатҳи об дар Урал мушоҳида мегардад. Аз соли 2018, экологҳо зуд-зуд калимаи «Офати табиӣ»-ро дар якҷоягӣ бо ин огоҳиҳо истифода менамоянд”, - зикр кард Қурбоналӣ Партоев.
Александр Чибилев, яке аз экологҳои маъруфи дарёи Урал, ки дар шаҳри Оренбурги Россия умр ба сар мебарад, дар соли 1980 ба омӯзиши дарё шуруъ карда, дар ин мавзуъ мақолаҳои зиёди илмӣ ба нашр расондааст. Ба қавли ӯ, камшавии оби Урал бори аввал солҳои 70-ум мушоҳида шудааст. Ин ба оғози сохтмони стансияҳои барқи обӣ ва обанборҳои калон дар болооб рост меояд. То имрӯз дар ҳавзаи Урал 19 сарбанд ва обанборҳои калон сохта шудаанд, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди  Федератсияи Россия, дар вилоятҳои Оренбург ва Челябинск ҷойгир буда, 58 шохоб доранд, ки калонтарини онҳо Сакмара, Илик ва Чаган мебошанд. Аз замони сохта шудани обанбори Ириклинский дар Урали Боло 80 фоизи оби дарё ба шохоби Сакмара рост меояд.
- Солҳои 70-ум дар ҳавзаи Урал фаъолияти корхонаҳои нави хоҷагии қишлоқ ва саноатӣ пурзӯр гардида, сабзавоткорӣ, мевагӣ ва чорводорӣ, ки аз рӯи стандартҳои советӣ суръати хеле баланди тараққиёт доранд, бештар истифода бурдани обро талаб мекард, ки ба пасту баландии иқлими континенталӣ ва гармшавии глобалӣ дар ҷаҳон дар маҷмуъ, ба оби дарё таъсири манфӣ мерасонад. Баҳри Хазар, ки ба уқёнусҳо ва баҳрҳо пайваст нест, соле 7 сантиметр кам мешавад. Солҳои зиёд қисми шимолии баҳр як вақтҳо барои мардуми соҳил, ки моҳии баҳри Хазарро шикор мекарданд, манбаи рӯзгор буд. Ин минтақа як макони тухмпошии мавҷудоти обӣ, аз қабили белуга, осетр, морҳои Хазар ва парандаҳои муҳоҷир, аз қабили фламингоҳои гулобӣ буд, - илова намуд Қурбоналӣ Партоев.
Ба андешаи мусоҳиб, кам шудани оби Хазари шимолӣ хатари аз байн рафтани ин экосистемаи нодирро ба миён оварда, аллакай, намудҳои гуногуни морҳо дар ин минтақаи баҳр зери хатар қарор доранд. Хавфи ифлосшавӣ аз истихроҷи нафт ва партовҳои об, истисмор ва шикори ғайриқонунии аз ҳад зиёд аз ҷониби сокинони маҳаллӣ, аз тарафи дигар таъсирҳои антропогенӣ (бо фаъолиятҳои одам вобаста буда) метавонанд хисороти калонро дар аз байн рафтани гуногунии биологӣ, пеш аз ҳама, мавҷудоти зиндаи баҳри Хазар ва гирду атрофи он ва минтақаро пеш орад. Бинобар ин, ба давлатҳои ҳамҷавори минтақа, пеш аз ҳама, Россия ва Қазоқистон зарур аст, ки ба ин масъалаи ниҳоят муҳими экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чораҳои заруриро дар солҳои наздик роҳандозӣ намоянд.
 
«Таҳқиқоти гузарондаи Маркази тадқиқотии Naturalis дар Лейден, Нидерландия оид ба гуногунии биологии баҳри Хазар нишон додаанд, ки дар аксари минтақаҳои муҳими моҳидорӣ, дар оянда захираҳои мавҷудаи моҳии атрофи Хазари Шимолӣ метавонанд аз байн раванд, агар дар ин ҷода чорае андешида нашавад. Пайомадҳои манфӣ, бахусус барои мардуми муқими ин минтақа, хеле фоҷиаовар хоҳад буд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки дар сурати гузаронда нашудани тадқиқоти зарурӣ то охири ҳамин аср имкони аз 9 то 18 метр паст гаштани сатҳи оби баҳри Хазар мавҷуд аст ва он то 25-30 фоизи масоҳати худро метавонад гум кунад, ки ин ҳазорҳо гектарро ташкил медиҳад. Паст шудани сатҳи баҳр на танҳо ба муҳити зист ва иқтисодиёти кишварҳои ҳамсоя, балки ба вазъи геополитикӣ, ки аз сабаби номуайянии сарҳадҳои баҳрӣ, хатсайрҳои киштиронӣ ва ҳуқуқи моҳидорӣ, аллакай, муташанниҷ аст, таъсири харобиовар хоҳад дошт. Беэътиноӣ ба мушкилот, албатта, метавонад ба фалокати экологӣ оварда расонад, ба монанди он чизе, ки аз бандарҳои арвоҳ ва баҳри хушкшудаистодаи Арал боқӣ мондааст. Моҳи июни соли 2019 дар Форуми байналмилалии экологӣ қарор дар бораи таъсиси як ниҳоди байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳифзи Урал қабул шуд. Барномаи муфассали барқарорсозии экосистемаи Урал таҳия гашта, дар доираи ин барнома нақшаи мушаххаси чорабиниҳо, харитаи роҳ тасдиқ ва гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст. Ҷидду ҷаҳди якҷояи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон нишон медиҳад, ки шиддати буҳрони экологии ҳавзаи Урал дарк карда мешавад, вале то ҳол барои ҳалли мушкилиҳои муҳим чораҳои мушаххас дида нашудаанд”, - афзуд мусоҳиб.
Ба андешаи Қурбоналӣ Партоев, барои ҷуброни вақти гаронбаҳои талафшуда, агар баҳри Хазар ба мисли баҳри Арал то андозае хушк нашавад, амалиёти фаврӣ ва ҳамоҳангшуда лозим аст. Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки кишварҳои Қазоқистону Россия барои наҷоти дарёи Урал, ки ба баҳри Хазар оби зиёдро ворид менамояд, тавассути таъмини ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмӣ, ки на танҳо манфиатҳои экологӣ, балки иқтисодию иҷтимоии онҳоро низ, дар бар мегирад, тадбирҳои судмандро андешанд ба фоидаи ҳифзи баҳри Хазар ва ҳолати экологии минтақа ба шумор мерафт.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив