ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. ОБОДКОРИҲОИ ҶАШНӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

РАШТ. ОБОДКОРИҲОИ ҶАШНӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

26 декабр 2023, Сешанбе
14
0


Фарҳанги шаҳрдорию шаҳрсозӣ аз суннатҳои қадими ниёгони мутамаддинамон буда, ба мо мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин масъулият дар Тоҷикистони навини мо рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи худ гузошта, кишвари азизамонро ба яке аз гӯшаҳои зеботарину амнтарини ҷаҳон мубаддал гардондааст. Инро мо дар мисоли   шаҳри Душанбе, ки оинаи пурҷилои симои фарҳангу маърифати халқи куҳанбунёдамон аст, дида метавонем. Дар радифи ин шаҳри  пур аз афсона, дигар гӯшаҳои Тоҷикистон низ ободу зебо шуда истодаанд.
Таҳти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рашт дар ин масир рушди бемайлонро ба даст оварда, симои маркази ноҳия ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишини худро ба куллӣ тағйир додааст. 
Тайи солҳои охир дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои 30 ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин, дар доираи роҳандозии се давраи барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия бо ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, саҳми аҳолӣ ва дастгирии соҳибкорон иншоотҳои гуногун дар маркази ноҳия ва маҳаллаҳои дурдаст бунёду навсозӣ шуданд, ки ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат менамоянд. 
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозии  275  иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз сохтмону таҷдиди 125-тои он ба анҷом расидааст.
Мавриди зикр аст, ки тайи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия  бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 бинои муассисаи таълимӣ барои таҳсили 4800 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. 
Ёдовар мешавам, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша, анқариби 85 фоизи иншооти ба нақша гирифташуда аз ҳисоби бахши хусусӣ сохта мешавад.
Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025 256 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии онҳо 366 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Солҳои 2021-2022 ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ вобаста ба он дар 189 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, 82 иншоот ба истифода дода шуд. Мониторинги иҷрои ин Барнома нишон медиҳад, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ дар 21, саноат ва соҳибкории хурду миёна 37, сохтмон 6, маориф 26, тандурустӣ 18, фарҳанг 14, сайёҳӣ ва варзиш 22, барқтаъминкунӣ 9, обтаъминкунӣ 16, нақлиёт ва хоҷагии роҳ 17 ва ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода   3 иншоот корҳои бунёду азнавсозӣ бомаром идома доранд...
Рашт ноҳияи аграрӣ мебошад, бинобар ин, васеъ намудани майдонҳои кишт, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳо зери таваҷҷуҳи доимӣ  қарор дорад.
Барои ҳосили соли 2023 дар майдони 805,2 гектар кишти ғалладонаи тирамоҳӣ гузаронда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 59,8 гектар зиёд мебошад. Дар майдони 965,2 гектар кишти ғалладонаи баҳорӣ гузаронда шуд, ки ин назар ба нақша 33,2 гектар бештар аст.
Кишоварзон дар майдони зиёда аз 1570 гектар кишти картошка гузаронданд, ки 104,7 фоизи нақша-дурнаморо ташкил медиҳад.
Аз ҷониби аҳолӣ бошад, дар майдони 1844 гектар картошка кошта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 гектар зиёд мебошад. 
Майдони боғот дар  ноҳия  5173 гектарро ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав  соли равон дар майдони  17,5 гектар  ба нақша гирифта шуда буд, ки пурра иҷро  гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд давоми солҳои 2022-2026, бо назардошти мавҷудияти ашёи хом, бунёди 21 корхонаву коргоҳ, аз ҷумла   соли ҷорӣ 5 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, пешбинӣ шудааст. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия айни замон ба 30 адад расидааст.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ноҳияи Рашт лоиҳаи таъсиси технопарк таҳия шудааст, ки вобаста ба мавҷудияти манбаъҳои ашёи хом ва коркарди онҳо бунёди  корхонаҳои гуногун дар назар аст. Лоиҳаи мазкур ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои дастгирӣ пешниҳод  карда мешавад...
Рашт бо доштани манзараҳои дилрабою афсонавиаш метавонад соҳаи сайёҳиро рушд диҳад. Дар ноҳия барои рушди сайёҳии экологӣ, агро-сайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, пиёдагардӣ, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас имкониятҳо мавҷуданд. Аз ин рӯ, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ  мешаванд. 
Барои фароғати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ 3 меҳмонхона ва 1 ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 кат бунёд гардида, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Илова бар ин, бунёди 3 меҳмонхона дар маркази  ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр ва Сиёҳдара пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия 12  хатсайри сайёҳӣ таҳия ва ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ муаррифӣ мешавад.
Дар натиҷаи таҳияи хатсайрҳои нав ва таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ҳамасола ташрифи сайёҳон ба ноҳия меафзояд.
Ҳамин тариқ, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ноҳияи Рашт ба дастовардҳои назаррас ноил мешавад. Он рӯз дур нест, ки  ин гӯшаи диёр ба макони сайру саёҳат мубаддал гашта, дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон қарор мегирад.

МУҚИМӢ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив