ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТӮЙҲО ҲАМ ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИАНД…

ТӮЙҲО ҲАМ ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИАНД…

26 декабр 2023, Сешанбе
25
0


Қариб ҳар кадоми мо ба тӯйҳо, ҷашнҳои домодию арӯсӣ даъват мешавем. Шод мегардем, ки наздикону пайвандонамон ба ин рӯзи мубораку хурсандӣ расидаанд. Ҳамзамон, дар дил як фараҳ пайдо мешавад, ки ба дидори қадрдонҳоямон бо ин сабаб мерасем, аз кору рӯзгори якдигар дар ин лаҳзаҳои мувофиқ мепурсем.
Баробари нишастан дар гирди мизи пур аз анвои ғизо ин ҳама умедҳо, нақшаҳои кашида барбод мераванд. Оре, садои аз ҳад баланди созҳои мусиқӣ ва сурудхонии овозхонҳо ба воситаи баландгӯяк нороҳатамон мекунад. Дар ин маврид на танҳо суҳбат кардан наметавон, балки хостори он мешавӣ, ки ҳарчи зудтар толори тарабхонаро тарк намоӣ. На ҳам ғизо хӯрдан мехоҳӣ, на ҳам обу шарбат нӯшидан. Гӯшҳо гӯё ба эътироз садо медиҳанд, майнаҳо ба ҷӯш меоянд ва дилҳо ба дард. Чи кор кардану чи тасмим гирифтанатро намедонӣ. Агар зуд бархезиву биравӣ, соҳибони маърака дилозурда мешаванд, ки эҳтиромашонро ба ҷой наовардаему нахостем ба хурсандиашон то ба охир шарик бишавем. Ба дурӯғ узр овардан дар табиати калонсолон нест. Агар ҳам мегӯи, ки садои мусиқиро паст бикунанд, меранҷанд. Бигӯӣ ҳам, гуфтаат мисли об дар ҳован кӯфтан аст. Дар рӯят ҳам намегӯянд, аз қафоят ҳатман мегӯянд: «Ин тӯй аст, куҷо омадӣ, мурдахона, ки нест». Агар шахсияти шинохта бошӣ, пешниҳодатро, ки дар назарашон гӯё бемаврид аст, дар миёни мардум овоза мекунанд. Бадтар аз ин боз он аст, ки мегӯянд: «Ин гуна тӯй барои ҷавонон аст. Яъне, ту барои чӣ омадӣ? Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ, чӣ гум кардаӣ?». Намешавад ба ҳар кадоми онҳо бифаҳмонӣ, ки ба хотири даъвати падару модар ва ё пайвандони соҳибҷашнҳо омадам.
Як рӯз дар яке аз чунин ҷашнҳои домодиву арӯсӣ бо танз ба овозхоне гуфтам: «Офарин! Баландтар бикунед садоҳоро, намешунавем!» Дарнаёфт, ки танз аст ва боз садоҳоро баландтар кард.
Чунин ҷашнҳо бояд ба хотири шод гардидан, ба хурсандии наздикон  ҳамроҳ шудан, фароғату суҳбат кардан аст. Чаро ҳеҷ кас дар ин бора намегӯяд, наменависад? Ин ҳол то ба кай бояд идома биёбад?
Биёед ба ин масъала, ки ҷиддист, бетараф набошем, ба расму оин ва фарҳанги миллиамон эҳтиром бигузорем, инчунин, миллатамонро шоиста муаррифӣ бикунем. 

Шодӣ СОЛЕҲОВ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив