ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Бардоштани парда аз рӯйи муҷассамаи Куруши Кабир 

Бардоштани парда аз рӯйи муҷассамаи Куруши Кабир 

29 декабр 2023, Ҷумъа
17
0


Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рӯйи муҷассамаи яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, асосгузор ва шоҳи сулолаи Ҳахоманишиён Куруши Кабир парда бардошт.
Аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки муҷассама дар боғи Куруши Кабир қомат афрохта, аз масолеҳи хушсифат ва бо санъати баланд сохта шудааст. Рустами Эмомалӣ ба сифати кори анҷомёфта баҳои баланд дода, қомат афрохтани пайкараи ин шахсияти маъруфро дар самти эҳтиром гузоштан ба хизматҳои бузург ва қадр кардани шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик нек арзёбӣ намуд.


Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи доимии барномаи рушди СММ
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиелро ба ҳузур пазируфт.
Дар Вазорат тавзеҳ доданд, ки зимни мулоқот ҳамсуҳбатон бо изҳори ризоят аз сатҳи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, перомуни лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои байналмилалии дарпешистода ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
 

Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 11,88 км сарҳади давлатиро мувофиқа намуданд.
Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.


Имзои Ёддошти тафоҳум байни минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Комиссияи неруи ҳастаии минтақаи Африқо 
Дар шаҳри Вена Ёддошти тафоҳум байни Минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Комиссияи неруи ҳастаии минтақаи Африқо ба имзо расид. 
Вазорати корҳои хориҷӣ дар хабари вобаста ба ин рӯйдод интишордодаи хеш таъкид менамояд, ки Тоҷикистон имсол дар ин ниҳоди минтақавӣ раёсатро ба уҳда дошта, санадро сафири ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар ва мудири иҷроияи Комиссияи Африқо Энобот Агборав ба имзо расонданд.


Тавсеаи ҳамкориҳо миёни Хадамоти алоқа бо ҶС «Технологияҳои иттилоотии миллӣ»-и Қазоқистон
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур бо ҳайати меҳмонон аз Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси шурои Ҷамъияти саҳомии «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» Дмитрий Мун мулоқот намуд. 
Аз  Хадамоти алоқа ба мо иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба, амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо мақсади рушди «ҳукумати электронӣ» мубодилаи афкор намуданд. Дар охир байни Хадамоти алоқа ва ҶС «Технологияҳои иттилоотии миллӣ» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.


Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб оид ба ҳунарҳои мардумии Авруосиё
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии ИДМ» баргузор гардид. 
Вазорати фарҳанг хабар медиҳад, ки дар фестивал ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва намояндагони ёздаҳ давлати дунё намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии худро, ки комилан тавассути зеботарин ва арзишмандтарин ҳунар – ҳунари дастӣ сохта шудаанд, ба маъраз гузоштанд.

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив