ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ.  “ҶУМҲУРИЯТ” БА ДИДОР ВА ТАБРИКИ САРБОЗОН РАФТ

СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ.  “ҶУМҲУРИЯТ” БА ДИДОР ВА ТАБРИКИ САРБОЗОН РАФТ

29 декабр 2023, Ҷумъа
17
0


Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар арафаи Соли нави милодӣ бо туҳфаҳои арзишманди идона ва дигар маводи ниёзи аввал ба дидорбинии сарбозону афсарони қисми ҳарбии “Н”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт.

Зимни тақдими туҳфаҳои ихтисосшуда, ки аз маводи ғизоии ниёзи аввал иборат буд, байни сарбозону афсарон ва кормандони рӯзнома суҳбати гарму самимӣ сурат гирифт. Аз ҷумла, зикр шуд, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромада, ҳамчун муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватан эътимоди мардумро ба даст оварданд.
Таъкид гардид, то кунун бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам гардондани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар ва қобили тавсиф гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта, низ рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар арафаи Соли нави милодӣ бо туҳфаҳои идона ва дигар маводи ниёзи аввал барои хушнуд намудани тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки № 2»-и шаҳри Душанбе рафта буд.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив