«ҶУМҲУРИЯТ» ПАРЧАМБАРДОРИ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ. ТАНТАНАИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ИДОРАИ РӮЗНОМА
Субҳи 23 феврал дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шарафи 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ фазои идона тантана дошт. Ба ин муносибат, дар идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» чорабинии хосе баргузор гардид, ки мазмуни баланди меҳанпарастӣ дошта, номуси ватандориро тарғиб мекард.
Дар чорабинӣ бо пешкории бонувони идора суруду саҳнаҳое иҷро шуданд, ки шарораи муҳаббат ба Ватанро аз нав ба дили ҷомеаи меҳнатии рисолатшиносу ватандӯсти рӯзнома фурӯ рехт. Чеҳраҳо шукуфону руҳияи шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватан, тавсеаи низоми сипоҳдорӣ, пирӯзӣ дар эҷоди мафкураи солими меҳанпарастӣ боло гирифта буд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзнома, ҳайати кормандонро бахшида ба 30-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки дар партави сиёсати бунёдгарои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қудрати тавоное дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, марзу буми сарзамини аҷдодӣ табдил шудааст, шодбош гуфт. Зикр шуд, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар навбати худ сарбозони ҳақиқие ҳастанд, ки тамоми неруи эҷодии худро дар роҳи татбиқи ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ормонҳои давлатдории навин сарф менамоянд ва идеяи милливу худшиносиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Дар идома Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзнома, зимни каломи табрикии худ аз таърихи таъсис ва саҳифаҳои касби камолоти Қувваҳои Мусаллаҳ мухтасар ёд кард. Ба қавли ӯ, дуруст ба роҳ мондани заминаҳои бунёдии Артиши миллӣ, ки 30 сол муқаддам аз сифр оғоз шуд, кунун онро ба сипари боэътимоди Ватан табдил додааст.
– Мо, кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» бояд ба гунае дар канори хизматчиёни ҳарбӣ қарор дошта бошем, зеро дар шароити набардҳои шадиди иттилоотии замони муосир аз рӯзноманигорон низ масъулияти баланди ватандорӣ тақозо мешавад. Хидмати сарбозии мо ин аст, ки бо қалами созанда ва ҳувиятгарои хеш дар баробари ҳама гуна таҳдидҳо ба сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватани азизи худ аз дидгоҳи манфиатҳои миллӣ бархӯрд намоем, – изҳор дошт М. Сангмамдова.
Дар ҷамъомади тантанавӣ собиқадорони рӯзнома дар шахси Қурбон Мадалиев, Абдулқодири Раҳим, Раҷабалӣ Исматуллоев низ суханронӣ карда, ба бонувони идораи рӯзнома барои созмон додани чунин як чорабинии хотирмону ифтихорбахш, ки саршор аз муҳаббати ватандорӣ буд, арзи сипос карданд.
Ф. РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:

21 феврал 2023, Сешанбе
АСОСГУЗОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. БОЗТОБИ ХИЗМАТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 феврал 2023, Панҷшанбе
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 23 феврали соли 2023
03 феврал 2023, Ҷумъа
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
07 феврал 2023, Сешанбе
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
21 феврал 2023, Сешанбе
«ҶУМҲУРИЯТ» БО КАРОМАТУЛЛО ОЛИМОВ АЗ ШЕЪР ТО ФАЛСАФАВУ СИЁСАТ
23 феврал 2023, Панҷшанбе
23 ФЕВРАЛ. АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҲАМЧУН МАКТАБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ
Шарҳҳо (0)