ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ. АЗ КОРКАРДИ МАЪДАН ТО ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ ЗАНҶИРАИ ИСТЕҲСОЛӢ

САНОАТ. АЗ КОРКАРДИ МАЪДАН ТО ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ ЗАНҶИРАИ ИСТЕҲСОЛӢ

29 декабр 2023, Ҷумъа
27
0


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон намудани Ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, як қатор барномаҳоро дар соҳаҳои гуногуни саноати кишвар қабул намуда, мавриди иҷро қарор додааст. Дар соҳаи коркарди маъдан низ “Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019, № 93 тасдиқ шудааст. 
Мақсад аз таҳия намудани Барнома ташкили истеҳсолоти инноватсионии рақобатпазир, васеъ кардани номгӯй ва зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, навсозӣ, таҷдид ва ба кор андохтани корхонаҳои амалкунандаи бойгардонии кӯҳӣ, сохтмони саривақтию пайи ҳам ба истифода додани иншооти нави самараноки металлургӣ ва маҷмааҳои бойгардонии кӯҳӣ, азхудкунии конҳои  нав, таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои истихроҷи иқтисодиёт бо ашёи хоми минералӣ ва таъмини захираҳои ашёи хоми минералӣ дар ҳаҷмҳое, ки ҳалли масъалаҳои корхонаҳои азимро таъмин мекунанд, иборат мебошад. Тибқи  Барномаи мазкур, шумораи кормандон ба 8123 нафар, музди меҳнати миёна ба 2046 сомонӣ ва ҳаҷми сармоягузорӣ ба 2732,2 миллион сомонӣ расонда мешавад.

КОРКАРДИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА
Айни замон дар ҷумҳурӣ хокаҳои бойгардондашудаи дорои унсурҳои фоиданок, аз қабили қӯрғошим, ки онро маъмулан сурб ном мебаранд, руҳ, мис, сурма ва нуқраю тилло истеҳсол карда мешаванд. Аз тарафи корхонаҳои соҳа хокаи сурбдор ва сурмадор дар дохили ҷумҳурӣ то маҳсулоти тайёр, яъне сурби металлӣ ва сурмаи металлӣ, коркард мешаванд. Мавриди зикр аст, ки ҶДММ КМ «Зарафшон» бо ба имзо расондани Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ КМ “Зарафшон” оид ба коркарди маҷмуи конҳои тиллои “Тарор”, “Ҷилав” сохтмони заводи металлургии истеҳсоли миси металлиро бо усули оксидкунонӣ бо ҷалби зиёда аз 119 миллион доллари ИМА ба анҷом расонд. Иншооти мазкур 5-уми июли соли 2023 бо иштироки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.  Дар ин бора Абдулғанӣ Муродов, сардори шуъбаи саноати металлҳои ранга ва металлургияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи номбурда, корхонаи мазкур  ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуда, 228 тонна миси катодӣ истеҳсол кардааст. Ифтитоҳи чунин корхонаҳо аз аҳамият холӣ нест, чунки ҷойҳои кории нав пайдо ва пардохти андозҳо ба буҷети давлат зиёд гардида, уҳдадориҳои иҷтимоӣ иҷро мешаванд. Инчунин, иқдоми болозикр барои рушди инфрасохтори маҳал мусоидат менамояд. Ҳамзамон, хокаи дар дохили кишвар коркардшуда, маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ буда, дорои арзиши баланди иловашуда мебошад.

САНОАТИ МАЪДАН ВА ИҚТИСОДИЁТ
Соҳаи саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ  яке аз соҳаҳои дорои имкониятҳои васеъ  ҷиҳати рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад. Агар   соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳа 41 миллион сомониро ташкил дода бошад,  дар 10 моҳи соли 2023 ба 10,8 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки тақрибан 263,4 маротиб зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда 29,1 дарсадро аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад. 
Корхонаҳои соҳа кӯшиш  мекунанд, ки маҳсулоти рақобатпазир ва дорои арзиши баланди иловашуда истеҳсол намоянд.
Айни замон сурби дар заводи металлургӣ истеҳсолшаванда дорои омехтаҳои гуногун мебошад. Бо сабаби мазкур, корхона тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи ба роҳ мондани коркарди пурраи хокаи сурб бо бадастоварии тамоми унсурҳои ҳамроҳ дар шакли маҳсулоти ниҳоиро амалӣ намояд.  Ҳангоми ба фурӯш баровардани сурби омехтадор унсурҳои зикргардида инкор ё бо нархи паст баҳогузорӣ мешаванд. Бинобар ин, зарур аст, ки занҷираи истеҳсолӣ васеъ гардонда шуда, истеҳсоли маҳсулот дар шакли сабика ба роҳ монда шавад.
Барои амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми 42,6 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 33,4 миллион доллар барои сохтмон, дар назар дошта шудааст.
Моҳи апрели соли 2022 аз тарафи ҶСП «Талко Голд» дар заминаи гурӯҳи конҳои «Кончоч» фабрикаи бойгардонӣ бо иқтидори коркарди 1,5 миллион тонна маъдан дар як сол бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Ин иқдом имконият дод, ки дар даҳ моҳи соли 2023 корхонаи мазкур дар ҳаҷми 293,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.
Ба фаъолият шуруъ кардани корхонаҳои нав имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти содиротии дорои арзиши баланди иловашуда ба роҳ монда шуда, марҳила ба марҳила барои ташкили ҷойҳои нави корӣ бо музди меҳнати муносиб ва манбаи боэътимоди андозбандӣ мусоидат намояд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив