ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲРИТУС. БУНЁДКОРӢ МАҶРОИ ТОЗА МЕГИРАД

ШАҲРИТУС. БУНЁДКОРӢ МАҶРОИ ТОЗА МЕГИРАД

29 декабр 2023, Ҷумъа
4
0


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Шаҳритус қабули сайёри шаҳрвандонро ба роҳ монд.
Қабули шаҳрвандон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус сурат гирифт. Дар ибтидо раиси вилоят гуфт, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.

Шаҳрвандон доир ба масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, тоза   кардани  заҳбуру  заҳкаши деҳаи Сайёд, ташкили хоҷагии  деҳқонӣ, ҷудо   кардани  қитъаи  замин  барои  сохтмони  корхонаи   полиэтиленӣ ва майдончаи варзиш, гирифтани  гранти   раиси  вилояти  Хатлон, расондани ёрӣ барои  табобати фарзанд, кумак ва ба нафақаи  маъюбӣ  баровардани аъзои хонавода дархосту пешниҳоди худро ироа намуданд. 
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор баромад карда, иброз дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бун-ёду навсозии иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва мо кӯшиш мекунем, ки сари вақт онҳоро ба анҷом расонем.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид гуфт, ки саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳияи Шаҳритус дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ назаррас буда, солҳои охир дар ноҳия майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати ҳазорҳо гектар афзудааст.
– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба ташаббускорию навоварӣ ҳидоят карданд. Бинобар ин, ҳамаи мо – фаъолони вилоят, аз ҷумла ноҳияи Шаҳритусро, мебояд ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои миллӣ, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда, тамоми неру ва малакаи худро равона созем, – таъкид намуд раиси вилоят.
Сипас, раиси вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои МТМУ № 11, ки дар деҳаи Лолазори  Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов воқеъ аст, дидан кард. Иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо усули муосири меъморӣ сохта, ба истифода дода мешавад. 
Раиси вилоят  ба сохтмончиён ва масъулон таъкид намуд, ки корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ тезонда шаванд ва дар амалӣ гаштани иқдомоти мазкур, қабл аз ҳама, роҳбарон, шуруъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд. 
Дар идома Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои навсозии мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос гардид.
Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар деҳаи Сайёд ҷойгир буда, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ   як қисми саҳни ҳавлии он бо усули муосири меъморӣ  навсозӣ  шудааст.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад», – нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф Александр Маркович Беленитский дар «Мавзолей у селения Саят» ном мақолаи худ.
Иттилоъ дода шуд, ки мадрасаи мазкур дар асрҳои  9-12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу  равоқдори аз хишти пухта ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ  мебошад.
Дар атрофи ин мавзеъ инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузорад.
Зимни боздиди раиси вилоят аз сохтмони корхонаи истеҳсоли шифер ва лӯлаи азбестӣ дар деҳаи Лолазори ноҳия гуфта шуд, ки он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта мешавад.
Иттилоъ доданд, ки мувофиқи нақша, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2022 оғоз ёфта, дар давоми бештар аз 2 сол бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода мешавад.  Баъди мавриди истифода қарор гирифтани  иншооти мазкур дар он 20-25 нафар бо ҷойи  кор таъмин мешавад.
Раиси вилоят аз он изҳори хушнудӣ кард, ки имрӯз соҳибкорони бонангу номуси вилоят барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ – саноатикунони босуръати мамлакат саҳми худро мегузоранд.

Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив