ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶСК “СЕМЕНТИ ТОҶИК” ФАЪОЛИЯТАШРО ҚАТЪ КАРД

ҶСК “СЕМЕНТИ ТОҶИК” ФАЪОЛИЯТАШРО ҚАТЪ КАРД

29 декабр 2023, Ҷумъа
20
0


25-уми декабр Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сементи тоҷик» аз қатъ шудани фаъолияташ хабар дод. «Мутобиқи протоколи № 6-и маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми июни соли 2023 ҶСК «Сементи тоҷик», бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 205, ки аз соли 1942 фаъолият дорад, бо сабаби фарсуда шудани таҷҳизот ва таъсири манфӣ ба экологияи шаҳр аз 26-уми декабри соли 2023 фаъолияти худро қатъ мекунад», – омадааст дар иттилоия.
Тибқи хулоса, тамоми таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири онҳо имконнопазир аст. Бо ин сабаб, ҷараёни истеҳсоли семент натиҷаи дилхоҳ намедод. Ҳарчанд иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1 миллион тоннаро ташкил медод, аммо ҳеҷ вақт дар ин ҳаҷм маҳсулот истеҳсол нашудааст.
Дар ин замина 7-уми ноябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП “Тоҷиксемент” мавриди истифода қарор гирифт. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи нав ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, сементи маркаҳои сулфат, 500 ва 400 истеҳсол мекунад. Махсусан, сулфат барои ҷумҳурӣ маҳсулоти стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар бунёди иншооти ҳаётан муҳим ва махсус, аз қабили неругоҳҳо, нақбҳо, роҳу пулҳо истифода мешавад. Он аз лиҳози экологӣ безарар буда, ба ҳавои атмосфера чанг ё дигар дуди ғализ хориҷ намекунад ва дорои зиёда аз 50 ҳавотозакунак (филтр) аст. 
Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои сементбарорӣ 15 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 5, вилояти Суғд 6, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  3 ва шаҳри Душанбе 1 корхона. Дар ҷумҳурӣ то соли 2014 ҳамагӣ 300 ҳазор тонна семент истеҳсол мегардид, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2023 бошад, ин нишондод 3,3 миллион тоннаро ташкил дод.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив