ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ.  НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

ВМКБ.  НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

02 январ 2024, Сешанбе
13
0


Дар шаҳри Хоруғ зимни як маросим аз маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон натиҷагирӣ карда шуд. Дар он раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовини вазири мудофиа, генерал-майор Абдусаттор Шоҳиён, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои қудратӣ ва роҳбарони идораю муассисаҳои вилоятӣ иштирок карданд. 
Раиси вилоят зимни суханронӣ зикр кард, ки давоми панҷ соли охир ВМКБ дар  маъракаи муҳими сиёсӣ – даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҷумҳурӣ  пешсаф аст. Дар маъракаи даъвати тирамоҳии имсола низ вилоят иҷрои нақшаи сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи аввал таъмин намуд. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва умуман мавқеи устувори шаҳрвандии сокинони Бадахшон баҳои баланд дода, онро намунаи беҳтарини  ватандориву миллатдӯстӣ арзёбӣ намуданд.
– Албатта, баҳогузории Пешвои муаззами миллат мояи ифтихор буда, моро водор месозад, ки ҷиҳати боз ҳам самаранок намудани фаъолият саъю талош намуда, дар ҳалли масоили мубрами ҷамъият ва махсусан дар самти таъмини амнияти давлат ва ҳифзи марзу буми он, дастовардҳои таърихиву фарҳангӣ, комёбиҳои замони соҳибистиқлол масъулияти бештар дошта бошем. 
Дар идома таъкид гардид, ки новобаста ба пешрафти технологияи муосири ҳарбӣ, то ҳанӯз омили инсонӣ дар ҷодаи мудофиаи ҳарбӣ нақши муассир дорад. Феълан нерумандтарин артиш он аст, ки дар сафҳои он аз фармондеҳ то сарбози қаторӣ дорои ҳувияти баланди миллӣ буда, қалбан, руҳан ва ботинан омодаи ҷоннисорӣ баҳри Ватан ва арзишҳои муқаддаси он бошанд.
– Вазъи имрӯзаи пурмоҷарои ҷаҳон, ки пешгӯинашаванда ва зудтағйирёбанда боқӣ мемонад, моро бештар аз ҳарвақта ҳушдор медиҳад, то дар ростои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва сарҳадоти Ватан ҳамеша омодаву устувор бошем, – иброз намуд раиси вилоят. – Танҳо соли равон бо дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди вилоят зиёда аз 30 дидбонгоҳи нави замонавӣ барои сарҳадчиён сохта мавриди истифода қарор гирифта, заминаҳои дигари моддӣ ва таҷҳизоти сохторҳои мудофиавию ҳуқуқӣ ва амниятӣ таҳким ёфт ва дар ин самт ҳоло низ корҳо идома доранд. Умуман, масъалаи амният ва мудофиаи Ватан, дастовардҳои он мавриди таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба он афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бо мусоидати Пешвои муаззами миллат шароити зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ низ беҳтар шуда истодааст. Аз ҷумла, барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ манзилҳои истиқоматии нав бунёд шуда, имтиёзҳои зиёд пешбинӣ мегардад. Танҳо дар шаҳри Хоруғ дар баробари хизматчиёни давлативу дигар қишрҳои ҷомеа, ба хизматчиёни ҳарбӣ низ хонаҳои барҳавои зист аз ҷониби давлат ҷудо гардид.
Раиси вилоят, ҳамчунин, тамрини пайвастаи ҷисмониву маънавӣ, муқаддас донистани таъриху забони миллӣ, аз худ кардани технологияҳои нав ва донишҳои муосир, забонҳои маъмули хориҷиро барои ҳама, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ муҳим арзёбӣ намуд. 

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив