ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАҲОН САР БА САР ИБРАТУ ҲИКМАТ АСТ

ҶАҲОН САР БА САР ИБРАТУ ҲИКМАТ АСТ

02 январ 2024, Сешанбе
22
0


Андешаҳо дар ҳошияи китоби «Андарзнома». – Душанбе: Нашриёти муосир, 2023. – 320 с.
Панду ҳикмат ва андарзи мутафаккирону донишмандон ва, умуман, шахсиятҳои барҷаста дар ҳама давру замон арзиши баланд ва аҳамияти бузург дошта, монанди доруест, ки беморро қуввату мадор, ҳастию тавон ва нерую ҷон ва солимонро донишу хирад, ақлу ҳуш ва заковату ибрат мебахшад:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро 
хомӯш аст.

Бо назардошти ин нукта ва каломи болозикр узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саймумин Ятимов аз гуфторҳои пандомез, суханони баландмазмун ва каломи фалсафии донишмандону мутаффакирон ва ашхоси бузурги касбу кори гуногун ва инчунин, зарбулмасалу мақолҳо таҳти унвони «Андарзнома» китоберо мураттаб намудааст. Китоби мазкур, ки аз зарбулмасалу мақолҳо, порчаҳои назмию насрӣ, суханони пандомӯз, гуфторҳои ибратомӯз ва каломи фалсафӣ таҳия гардидааст, хеле ҷолибу омӯзанда мебошад ва барои аҳли ҷомеа ҳамчун раҳнамо хидмат менамояд. Аз гирдоварии суханони баландмазмун ва каломи ибратомӯз, аз сарчашмаҳои гуногуни ватанию хориҷии бо забонҳои тоҷикӣ (инчунин, хатти форсӣ), русӣ ва англисӣ интишорёфта комилан бармалост, ки мураттиб оммавӣ гардондани донишҳои илмӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмии аҳолӣ, огоҳу бедор намудани мардум ва ба аҳолӣ расондани ҳар гуна каломи хубу иттилои заруриро ҳамчун масъулияти инсонӣ пазируфтаву онҳоро рисолати олимии хеш меҳисобад. Зиёда аз ин, профессор С. Ятимов ин ҳамаро бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ анҷом додааст ва инчунин, вижагии дигари «Андарзнома» дар он аст, ки ҳам зарбулмасалу мақолу суханони пандомӯз ва ҳам мавзуъбандиҳо бо ҳар се забон якранг, яъне тарҷумаи ҳамдигар нестанд, балки куллан тафовут доранд. Аз ин рӯ, чунин амал аз як тараф мутолиаи фаровон доштани мураттибро нишон диҳад, аз ҷониби дигар китоби «Андарзнома»-ро намояндагони халқу миллатҳои дигар, ҳар нафаре, ки забонҳои русию англисиро медонад, метавонад истифода намояд.
Мураттиби «Андарзнома» дар сарсухани он чанд нуктаро роҷеъ ба гирдоварӣ кардан, мураттаб сохтан ва ба нашр расондани китоби мазкур таъкид намуда, чун дигар бузургони илму адаб ба сухан баҳои баланд додааст. Аз ҷумла, ба андешаи мураттиби китоб: «Воқеият ва дараҷаи тавоноии инсон ҳам дар сухан падидор мешавад. Он қудрат ва ҷаҳони ботинии инсонро ба намоиш мегузорад». Бале, комилан ҳақ ба ҷониби профессор С. Ятимов аст, зеро ҳар сухане инсон мегӯяд, ин маҳсули афкору андеша ва дараҷаи донишу хиради ӯст. Ва сухани баландмазмун, гуфтори ҳикматомез ва каломи ибратомӯзро танҳо инсоне офарида метавонад, ки дараҷаи андешаронии олӣ дорад, аз илму дониш бархӯрдор аст, ҷаҳонбинии илмии фарох дорад ва жарфнигару мушоҳидакор аст. Яъне, сухан кардан ва андеша баён доштани ҳар нафар «камолоти маънавӣ ва сифати ҷаҳонбинии ӯ»-ро таҷассум менамояд. Маҳз бо ҳамин маъност, ки файласуфи Юнони бостон Суқрот гуфта буд: «Ҳарф бизан, то бубинамат». Ҳамин аст, ки дар тули таърих дурустӣ ва азамати каломи мондагори Фирдавсии бузургро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзиму идоракунии дониш ва таълимро ба вуҷуд овард:
Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Маврид ба зикр аст, ки дар даврони Эҳёи Аврупо таҳти маънои ин шоҳбайти ҷовидонаи Фирдавсӣ, яке аз донишмандони рӯшангар Френсис Бэкон ҳадафи илмро ҳокимияти инсон бар табиат талаққӣ карда, шиори «Дониш қувва аст» (Knowledge is power)-ро ба миён гузошт ва боиси рушду пешрафти на танҳо Аврупо, балки тамоми ҷаҳон гардид. Вале, пеш аз он, ки ин ибораро донишмандони гузаштаю муосири олам ба Бэкон нисбат диҳанд, 700 сол қабл аз ӯ падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ Рӯдакӣ донишро чароғи равшани дил ва ҷавшани тан аз ҳама бадиҳо арзёбӣ карда буд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!

Дар ин маврид, саволи матраҳ, вале барои қисми аъзами мардуми мо то ҳанӯз беҷавоб, ин аст, ки неҳзати хирадгароӣ, донишмеҳварӣ, илмдӯстӣ ва худшиносии мо – тоҷикон (форсҳо) ҳазор сол қабл аз аврупоиён оғоз гардид, аммо чаро имрӯз ҳам хурофотпарасту мутаассиб, вопасгарову нохудогоҳ ва бечоранолу бегонапараст боқӣ мондаем?! Зимнан, бояд таъкид намуд, ки мураттиби китоби «Андарзнома», профессор С. Ятимов дар робита ба посухи ин суол, дар чандин рисолаю мақолоти хеш андешаҳои ноб баён намуда, бархе аз гиреҳҳои ин мушкилотро боз кардааст. Ва дар китоби мазкур суханони баландмазмун, каломи ибратомӯз, гуфторҳои пандомӯз ва порчаҳои назмию насриеро мураттаб сохтааст, ки ҷавоби хубе ба ин саволанд. Минҷумла:
Зиёни касон аз пайи суди хеш, 
Биҷӯянду дин андароранд пеш.

Абулқосими Фирдавсӣ
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Саъдии Шерозӣ
Ҳофизо, май хӯру риндӣ куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро.
Ҳофизи Шерозӣ
Нуктаи хуш гуфтааст он дурбин,
Адл дорад мулкро қоим, на дин.
***
Воиз хар асту анҷумани вазъ харгала,
Гар хар равад ба харгала, натвон зи хар гила,
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳамин тавр, чунин абёти риндӣ, суханони рӯшангарӣ ва гуфторҳои озодандешӣ дар таърихи адабиёти тоҷик фаровонанд, вале на ҳама ба дарки ин маъно мераванд ва аз ин рӯ, дар вартаи хурофоту таассуб ғӯтаваранд. Дар ин маврид, яке аз рисолатҳои асосии зиёӣ он аст, ки ба мардум роҳ нишон диҳад, аҳолиро огоҳу бедор намояд ва мардумро ҳамқадами замон созад. Мутаассифона, на ҳама зиёиён, донишу хиради казоӣ доранд, худогоҳу худшинос ҳастанд ва миллату меҳанро  самимонаю содиқона дӯст медоранд, баръакс, бархе «дар либоси меш кори гург мекунанд». Маҳз дар посух бо чунин афрод, «Халлоқулмаонии сонӣ» ва бузургтарин ҳаҷвнависи таърихи адабиёти форсу тоҷик хеле мӯшикофона гуфта ва дар китоби «Андарзнома» низ ба маврид омада:
Меҳану миллат намедонанд, ин асҳоб чист?
Душмани деринаи мо, ҳар ки бошад, 
хонагист.
Убайди Зоконӣ

Хушбахтона, бархе аз олимону донишмандони тоҷик, аз ҷумла мураттиби китоби «Андарзнома» аламбардориро дар масири худогоҳию худшиносӣ ва рӯшанфикрию озодандешии миллӣ, бунёдашро бузургони миллат, чун Ибни Ровандӣ, Закариёи Розӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҳоқонии Шервонӣ ва садҳо шахсиятҳои миллиандеш гузоштанд, ҳамчун масъулияти инсонӣ ва қарзи фарзандӣ дар назди миллату меҳан ҳисобида, пайваста ҷаҳду талош менамоянд, то мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят кунанд, худогоҳу худшинос созанд ва дар замири ҳар як фард меҳри миллату меҳанро ҷой намоянд. Аз ин ҷост, ки ҳам бо сухан ва ҳам бо амал ҷаҳду талош менамоянд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, мардум ҳарчи бештар худогоҳу худшинос гардад ва тақдири миллату меҳанашро боз ҳам бештар ба даст бигирад: 
Ман бандаи он қавм, ки худро донанд,
Ҳар дам дили худро зи ғалат бирҳонанд,
Аз зоту сифоти хеш созанд китоб,
Феҳристи китобро аналҳақ хонанд.
Мавлонои Балхӣ

Ҳамин тавр, дар бахшҳои русии китоби «Андарзнома» каломи ҳикматбор аз мутафаккирону донишмандон, сиёсатмадорону адибон ва шахсиятҳои ҷаҳонӣ, ба монанди Афлотун, Ситсерон, К. Макс, Ф. Нитше, Ф. Волтер, Л. Толстой, Б. Шоу, И. Кант, И. Ҳёте, В. Ҳюго, Н. Макиавелли, А. Шопенгауэр, У. Черчилл, Ф. Рузвелт, Ҷ. Вашингтон, А. Линколн, Ш. Монтескё, О. Бисмарк, О. Балзак, Г. Лейбнитс, Ф. Ҳегел, Л. Фейербах, Ж. Руссо, В. Ленин, Р. Тагор, Б. Паскал, М. Ломоносов, В. Ҳумболдт, Ҷ. Локк, Д. Дефо ва дигарон оварда шудааст, ки хеле омӯзанда мебошанд. Онҳо низ ба қисматҳо ҷудо шудаанд, ки ҳар якеро омӯхтану фаро гирифтан ва дар зиндагӣ истифода кардан манфиатбор хоҳад буд. Дар фасли англисии китоб бошад, нуктаҳои пурмаъно аз зарбулмасалҳои бархе мардумони олам, аз қабили арабҳо, ҳиндувон, чиниҳо, форсҳо, русҳо, ҷопониҳо, бразилиҳо ва африқоиён гулчин карда шудааст.
 Дар маҷмуъ, китоби мазкур таҳти унвони «Андарзнома» аз ҳама ҷиҳат муфиду судманд буда, суханони ҳикматомез, каломи ибратомӯз ва зарбулмасалу мақолҳои дар китоб гирдоваришуда ба сифатҳои неку ҳамидаи инсонӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди шахсияти инсон нигаронда шудааст. Аз ин рӯ, китобро метавон дар дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ истифода намуд ва зиёда аз ин, китоб ба оммаи васеи хонандагон тавсия дода мешавад, зеро ба андешаи аллома Айнӣ: “Ҳар тоҷик бояд ҳар рӯз ду соат китоб хонад”.

Номвар ҚУРБОН,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив