ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОБУРДА РАНҶ, ГАНҶ МУЯССАР НАМЕШАВАД...

НОБУРДА РАНҶ, ГАНҶ МУЯССАР НАМЕШАВАД...

05 январ 2024, Ҷумъа
130
0


Аз таҷрибаи лимӯпарварон ва фаъолияти гармхонаҳо борҳо навиштему парвариши ин меваи ситрусӣ имрӯз бароямон муқаррарист. Аммо дарахти ғарқи мандарин ва афлесун навгонист. Ҳисси кунҷкобӣ моро ба деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом овард. Дар ин ҷо мо бо Мадамин Ҷӯраев шинос шудем ва ӯ моро ба хонааш бурд. Гулҳои рангорангу хушнакҳати рӯи ҳавлӣ назаррабо менамуданд. Бо роҳнамоии соҳибхона Мадамин Ҷӯраев аз се гармхонае, ки дар саҳни ҳавлӣ бунёд ёфтааст, дидан намудем. Масоҳати умумии гармхонаҳо иборат аз панҷ садяк замин буда, дар ин ҷо зиёда аз 70 бех ниҳоли меваҳои ситрусӣ бороваранд. 

– Бори аввал даҳ сол қабл дар ду садяк замин  гармхона бунёд намуда, ҳафт ниҳоли лимӯ шинондем. Ҳосили хуб ва қаноатмандӣ боиси бунёди гармхонаи дуюму сеюм шуд. Набераҳо ба зебоии лимӯ ҳавасманд мешуданд, вале онро хӯрда наметавонистанд. Тасмим гирифтам лимӯҳоро бо мандарину афлесун пайванд созам. Бо ёрии дӯстон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистону Федератсияи Россия шохаҳои мандарини навъҳои «Мароккан», «Иронӣ», «Абхозӣ», «Покистонӣ»-ро дастрас намудем. Соли сеюм аст, ки нашъунамои рустаниҳо бад нест. Набераҳо аз ҳосилаш ком ширин мекунанд, барои фурӯш ҳам омода мешавад. Соли гузашта 1,5 тонна меваи ситрусӣ ҷамъ оварда, дар бозори марказӣ ба фурӯш баровардем. Таъсири сармои соли гузашта аст, ки  имсол ҳосил нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
 Ин боғбони сабздаст кунҷкобиро одати хуб меҳисобад. Маҳз туфайли ин хислаташ, ӯ ба рӯёндан ва парвариши кивӣ ва пистаи хандон муваффақ гардид. Ҳоло рӯи ҳавлиаш бештар аз чил ниҳоли писта нашъунамо дорад. Ҳамсараш гуфт, ки мавсими ниҳолшинониву киштукор ҳамасола то 1000  ниҳоли лимӯву писта, мандарин ва то 1000  кӯчати помидору бодиринг ба фурӯш мебароранд. Арӯсамон Нилуфар низ мисли худамон меҳнатист. Кашничу шибиту исфаноғ ва сирпиёзҳоро ба бозор мебараду барои кишти навбатии кабудиҳо имкон фароҳам меорад. Аз замини ҳавлиамон ҳамасола се-чаҳор маротиба ҳосил мерӯёнем. 
Қаҳрамони мо барои зудтар ҳосилдеҳ шудани писта навдаҳои хушнавъи пистаро аз Душанбе дастрас намудааст. 
– Табиатан писта то шаш сол ба ҳосил омода мешавад, аммо пайвандкунӣ метавонад онро дар се сол ба ҳосил дарорад. Барои ҳосилрезии тамоми дарахтон ба гармхона ва рӯи ҳавлӣ аз поруи маҳаллӣ, барои нобуд сохтани ҳашарот гоҳо аз дорувориҳои махсус истифода мебарем, – мегӯяд М. Ҷӯраев. 
Қуттиҳои занбӯри асал низ зеби як гӯшаи ҳавлӣ буданд. Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, бо иқдоми писараш, ки ҳавасманди занбӯриасалпарварист, як оилаи занбӯрро  гирифта, ҳоло ба панҷоҳ оила расондаанд ва аз асрори занбӯриасалпарварӣ низ хуб огаҳӣ доранд. 
– Боғбонӣ як шуғли писандидаи ман аст, – мегӯяд М. Ҷӯраев. – Нашъунамои ҳар шоху шукуфтани ҳар як гул хастагиро бартараф мекунад. Онро бо сухан маънидод кардан мушкил аст. 
Заҳматписандии ин оила ҳамоно таъкидҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба хотир меорад. Замин ҳеҷ гоҳ инсонро бенасиб намемонад. Истифодаи оқилонаву самараноки ҳар порча замини наздиҳавлигӣ ризқу рӯзии оила буда, ҳамзамон, дар фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат мекунад.  
Меҳмонони зиёде аз ҳудуди ҷумҳурӣ  барои омӯзиши таҷрибаи ин оилаи меҳнатқарин ташриф оварда, ба онҳо  баҳои баланд додаанд. 

Фирӯзаи АБДУЛАЗИЗ, 
шаҳри Конибодом

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив