ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИШОВАРЗӢ. МУШКИЛОТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲА

КИШОВАРЗӢ. МУШКИЛОТ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲА

05 январ 2024, Ҷумъа
109
0

 
Комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад. Кишоварзӣ муҳимтарин соҳае мебошад, ки бидуни он дигар бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодӣ ба таври самаранок фаъолият намуда наметавонанд. Соҳаи комплекси агросаноатӣ (КАС) вазифаи муҳимтарини иҷтимоиро барои шуғли аҳолии деҳот ҳал мекунад. Айни ҳол 75,4 дарсади аҳолии кишвар дар минтақаҳои деҳоти мамлакат зиндагӣ мекунанд.  

Муҳимтарин вазифаи соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама, таъмини аҳолӣ ба маҳсулоти озуқа ва корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Дар шароити ташаккулёбӣ ва тараққиёти муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон мавқеи КАС ниҳоят баланд мешавад, чунки КАС яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар шароити гузаштан ба иқтисодиёти бозорӣ дар ин соҳа пеш гирифтани ислоҳоти аграрӣ зарур аст. Самтҳои асосии азнавсозии сохтори хоҷагии қишлоқ, пеш аз ҳама, гузарондани ислоҳоти замин, ташаккули муносибатҳои бозорӣ, дар амал татбиқ намудани шаклҳои гуногуни моликият, беҳтар сохтани таркиби соҳавии КАС, яъне диққати асосӣ додан ба тараққиёти соҳаҳое, ки барои саноат ашёи хом истеҳсол мекунанд, ташкили корхонаҳои хурд ва муштараки коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ҷойгир кардани онҳо дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои нави кор ва ғайра мебошанд.
Бояд гуфт, ки  яке аз омилҳои асосии афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ин самаранок истифода бурдани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба шумор меравад. 
Таҳлили фонди замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки, мутаассифона, заминҳои корам ба ҳолати 1-уми январи соли 2023 нисбат ба 1-уми январи 2022 тамоюли пастравӣ доранд. Дар ин давра ин нишондиҳанда 630 га дар умум, аз ҷумла заминҳои корами обӣ 931 га, коҳиш ёфтааст. Дар ин давра замини зери боғҳо 469 га, чарогоҳҳо 21946 га афзудааст. 
Марбут ба ин масъала се чорабинии зеринро амалӣ намудан ҳатмист: 
-  беҳтар кардани истифодаи фонди замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ;
- пешгирӣ намудани ҳолатҳои аз таъиноти кишоварзӣ баромадани заминҳои корам;
- ба заминҳои корам табдил додани заминҳои берун аз кишоварзӣ истифодашаванда.  
Беҳтар кардани истифодаи фонди замин дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли проблемаҳои истифодабарии заминҳои обӣ алоқаманд аст. Ҳалли масъалаҳои истифодаи заминҳои обӣ ва афзун намудани миқдори онҳо ба самаранок истифода бурдани заминҳои обии бо усули анъанавӣ ва сунъӣ  обёришаванда вобаста мебошад.
 Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 260 ҳазор га замини обёрии мошинӣ мавҷуд аст, ки 100-110 гектараш замини санглох мебошад.
Тавре ки академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Ҷумонқулов қайд намудааст: «Хусусиятҳои зироаткории  обии Тоҷикистон зарурати тоза кардани заминҳои санглохро талаб менамояд. Бе ин  заминро истифода бурдан ва ба даст овардани самараи иқтисодӣ имкон надорад». 
Дар натиҷаи ислоҳот хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) табдил ёфтаанд, ки имконияти дар ҳолати хуби ирригатсионӣ нигоҳ доштани каналу заҳбурҳоро надоранд ва аз ин ҷо ҳолати мелиоративии заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ бад шуда, истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот  аз як қитъаи замин кам гардид. То давраи ислоҳот масъулияти истифода ва хизматрасонии техникию солимгардонии  заҳкашу заҳбурҳо ба зиммаи колхозу совхозҳо гузошта шуда буд. Дар ҳолати кунунӣ, баъди хурд кардан ва хусусигардонии хоҷагиҳо, ягон муассиса ва ё  идора ин масъулиятро ба дӯш надорад, дар натиҷа истифода ва хизматрасонии техникию солимгардонии заҳбуру заҳкашҳо дар дараҷаи хеле паст қарор дорад. Бад шудани ҳолати ин каналҳо, ба дараҷае расид, ки системаи ирригатсионӣ корношоям шуда, дараҷаи шӯршавии заминҳои таъиноти кишоварзӣ хеле баланд гардид. Дар натиҷа, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ,  махсусан пахта, паст шуд.  
Дар шароити маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ зиёд намудани заминҳои обӣ, баланд шудани нархи хизматрасонии об истифодаи самараноки  заминҳои обии мавҷуда дар мадди аввал меистад. Бо ҳамин сабаб, истифодаи об бояд ба заминаи илмӣ ва технологияи нав такя намояд.  Барои баланд бардоштани самаранокии системаи обтаъминкунӣ бо истифодаи насосҳои обкаш аз дарё, обанбор ё каналҳо имконият вуҷуд дорад, вале  бе барқарорсозии истгоҳҳои насосӣ ҳалли ин масъала хеле мушкил аст. Зарурати ҳалли проблемаи таъмини барқ расидааст. Системаҳои обёрии вилояти Хатлон дар ҳолати ниҳоят буҳронӣ қарор дошта, як қисми онҳо ба дараҷаи нобудшавӣ расидаанд. Агар чораҳои самарабахш оид ба барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва дренажӣ қабул нашавад, дар 10-15 соли охир мамлакат мумкин 150 ҳазор га замини ҳосилхезро аз даст диҳад. Ҳолати заминҳои обӣ ба ҳолати 1.01.2023  аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ  42626 га замин дар ҳолати ғайриқаноатбахш  қарор дорад, ки аз он: 21686 га ё 50,9 % ба вилояти Хатлон, 20887 га ё 49,0 % ба вилояти Суғд ва 53 га ё 0,1 % ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.  
Заминҳои  оби зеризаминияшон баланд 28034 га,  шӯрнокиашон  баланд 11184 га-ро ташкил медиҳад.
Сабаби асосии хароҷоти зиёди об дар бахши кишоварзӣ ин назорати пасти истифодабарии он дониста мешавад. Коэффитсиенти самаранок истифодабарии ҳақиқии об танҳо  20%-ро ташкил медиҳад. Назорати пасти пардохти хизмати обрасонӣ ба афзудани хароҷоти об оварда мерасонад. Ҳамчунин, чунин ҳолати мелиоративии заминҳо барои гузарондани кишти такрорӣ ва аз як замин гирифтани се ҳосил ғайриимкон мегардад. Барои ҳалли такмили рушди КАС тадбирҳои зерин заруранд:
1.     Бо техникаи ҳозиразамон пурра таъмин кардан ва бо ҳамин мақсад, сохтани корхонаҳои мошинсозии хоҷагии қишлоқ, барпо намудани коргоҳҳо дар корхонаҳои мавҷуда барои тайёр кардани инвентарҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, мустаҳкам сохтани базаҳои сохтмон дар деҳот ва ғайра…;
2.     Аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ ва қарзҳои имтиёзноки бонкҳо сохтани корхонаҳои хурд ва муштарак барои коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонӣ дар маҳали наздик ба ноҳияҳои истеҳсолкунандаи ашёи хом;
3.     Тараққӣ додани зерсохторҳои КАС, сохтани анборҳо барои нигоҳ доштани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, барқарор намудани анборҳои куҳна оид ба нигоҳдории маҳсулот, аз нав сохтани роҳҳои дохилии автомобилӣ, инчунин, истифодаи дигар намудҳои нақлиёт ва ғайра;
4.     Гузаштани ҳамаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ба технологияи индустриявӣ;
5.     Ҳосилхезгардонии заминҳои кишоварзӣ; 
6.      Беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ; 
7.     Азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов;
8.     Зиёд намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли пахта, картошка, сабзавот, полизӣ, ғалладона, мубориза бо ҳашароти зараровари кишоварзӣ ва касалиҳо;
9.     Бунёди боғу токзорҳо ва хоҷагиҳои махсусгардондашудаи ниҳолпарварӣ, зиёд кардани майдони тутзор, мақсаднок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ; 
10.      Харид ва парвариши чорвои хушзот, паранда ва моҳӣ, ташкил намудани нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар деҳот; 
11.     Рушди соҳаи байторӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорувории байторӣ ва гузарондани чорабиниҳои эпизоотӣ, ба тартиб даровардани роҳҳои чорвогузар;
12.      Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ.

Имомназари КАРИМИЁН, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив