ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕВАШТИЧ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА

ДЕВАШТИЧ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДУРНАМОИ ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА

05 январ 2024, Ҷумъа
25
0


Дар арафаи Соли нав картошкапарварони ноҳия нақшаи дурнамои истеҳсоли картошкаро сарбаландона иҷро карданд.  
Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  беш аз 200 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардид, ки ба ҳар гектар 330 сентнер рост меояд. Мавриди зикр аст, ки дар қиёс ба соли 1991 ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 110 сентнер афзудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ деҳқонон дар натиҷаи ҷорӣ намудани навгониҳои илмӣ тавонистанд, истеҳсоли  «нон»-и дуюмро ба дараҷаи дилхоҳ баланд бардоранд. 
Тибқи иттилои сардори  раёсати кишоварзии ноҳияи Деваштич Мирзо Мирзоев,  соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 7501 гектар кишт гузаронда шуд, ки назар ба соли гузашта 1000 гектар зиёд мебошад. Афзунгардонии кишт  аз ҳисоби заминҳои лалмии доманакӯҳӣ амалӣ гардид. Деҳқонон дар  минтақаи поёнии ноҳия низ ба кишти картошка ҷалб шуданд. Дар ин минтақа норасоии об ва аз кор баромадани насосҳои обкашӣ душворӣ ба амал овард. Ба ҳар ҳол, ба туфайли меҳнати ҳалол ба қадри имкон ҳосили зироат рӯёнда  шуд.
Дар  минтақаҳои асосии картошкапарварӣ, ки боду ҳавояш барои рӯёндани ин неъмати хуштаъму бозоргир мутобиқ мебошад, ҳосили дилхоҳ ба даст омад. Масалан, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Шоҳон», ки 820 нафар саҳмдор дошта, соҳиби 512 гектар замин мебошад, аз ҳар як гектар зиёда аз 350 сентнер ҳосил бардоштанд. Дар ин радиф, деҳқононе низ ҳастанд, ки нишондодашон боз ҳам баландтар аст. Аз ҳамин хоҷагӣ саҳмдор Шоқобил Қобилов дар майдони 2,3 гектар картошка кишт карда, аз ҳар гектар 400 сентнер ҳосил ба даст овард. А. Ёров 4 гектар замини лалмиро ба  иҷора гирифта, аз ҳисоби худаш бо истифода аз чоҳи амудӣ  обёрӣ намуда, қабл аз кишти картошка ба он  ба қадри зарурӣ нурии минералӣ ворид карда, шудгорро бо сифати баланд анҷом медиҳад. Дар натиҷаи истифодаи агротехникаи муосири парвариши зироат аз ҳар гектар 400 сентнер ҳосил ба даст овардааст.
Чанде қабл раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ шоҳиди авҷи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагиҳои ноҳия шуд. Раиси вилоят ҳангоми мулоқот аз заҳмати деҳқонон қаноатманд гашта, изҳор намуд, ки самараи дастранҷи картошкапарварони ноҳия боиси серию пурии ҳам бозору ҳам дастархони мардум мегардад. Картошкапарварӣ дар баробари ҷамоатҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Росровут, дар деҳоти Муҷун низ сол ба сол шакли оммавӣ мегирад. 
Дар маҷмуъ,  картошкапарварони ноҳия мавсими имсоларо бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст намуданд. Кишоварзон ғайр аз ба  бозор баровардани ҳосил 135 ҳазор тоннаи онро захира намуда, инчунин, аз ҳосили умумӣ 30 фоизро барои тухмӣ нигаҳдорӣ кардаанд.

Маратҷон ҶАББОРОВ, ноҳияи Деваштич

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив