ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАМЪБАСТИ СОЛ

ҶАМЪБАСТИ СОЛ

05 январ 2024, Ҷумъа
18
0


Ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш доир шуд
Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён ҷаласаи навбатии Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шуро аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаи варзиши кишвар ширкат карданд. Матлубахон Сатториён дар сухани ифтитоҳӣ  аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ҳозиронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Тибқи рӯзнома муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини вазири молия, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони соҳаи варзиши кишвар ва федератсияҳои варзишӣ суханронӣ намуда, дархосту пешниҳодҳои худро вобаста ба рушди минбаъдаи соҳа ироа карданд.


То имрӯз варзишгарони мо 5 роҳхати олимпӣ доранд
30-юми декабри соли 2023 ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он, аз ҷумла омодагӣ ба 33-юм Бозиҳои Олимпӣ дар Париж ва Бозиҳои олимпии наврасон мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Ноиби президенти Кумита Абдулло Раҳмонзода иброз намуд, ки хушбахтона то имрӯз 5 варзишгари мо аз 3 намуди варзиш ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 роҳхат гирифт: аз намуди бокс ду варзишгар, аз намуди шиноварӣ ду варзишгар ва аз намуди варзиши сабук як варзишгар.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки варзишгарони муваффақи кишвар боз имкони ба даст овардани зиёда аз 10 роҳхати олимпиро доранд. Тибқи таҳлилҳо метавонем 4 роҳхат аз ҷудо, 4 роҳхат аз бокс ва 2 роҳхат аз намуди гӯштии тарзи озодро касб намоем. Ҳамин тариқ, мо зиёда аз 15 нафар иштирокчии Бозиҳои олимпӣ хоҳем дошт. 
Таъкид гардид, ки ба ин шумора қаноат накарда, масъулони соҳа бояд мунтазам бо федератсияҳо ва варзишгарон корбарӣ намуда, ҷиҳати сафарбар кардани онҳо ба мусобиқаҳои интихобии олимпӣ чора андешанд.


ФУТЗАЛ
"Соро компания" – барандаи Ҷоми Тоҷикистон
Дастаи футзали "Соро компания"-и Душанбе бори чорум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Соро компания” дар бозии ниҳоӣ, ки дар "Кохи Олимп" доир гардид, дастаи "Амонатбонк"-ро бо ҳисоби 6-1 шикаст дод. Даста аз ин пеш солҳои 2020, 2021 ва 2022 сазовори Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.


ФУТБОЛ
Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Ҳонгконг бозии санҷишӣ доир мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Абу-Заби як бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Рақиби дастаи мо яккачини Ҳонгконг мебошад, ки чанде пеш бар тими миллии Чин (2:1) ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон 4 январ ба нақша гирифта шудааст. 
Дар Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврал дар Доҳаи Қатар баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) бозӣ мекунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив