ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ.  ПШИХАРВ СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББИИ НАВ ГАРДИД

ВАНҶ.  ПШИХАРВ СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББИИ НАВ ГАРДИД

09 январ 2024, Сешанбе
9
0

Дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси татбиқи  барномаи ҳукуматии рушди деҳот сокинони деҳаи баландкӯҳи Пшихарви деҳоти Вотхуди ноҳияи Ванҷ соҳиби бунгоҳи тиббӣ шуданд.

Ба гуфтаи раиси деҳоти Вотхуд Зинатшо Давлатов,  рустои Пшихарв аз шафати қитъаи шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, ки азнавсозиаш босуръат идома дорад, дар масофаи 7 километр дар доманакӯҳ воқеъ гардидааст. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси  андешидани тадбирҳо оид ба рушди деҳот роҳи ҷониби ин рустои дурдаст тахту ҳамвор ва пули мошингузар, ки тарма  ду сол муқаддам онро вайрон карда буд, аз нав барқарор гашт. Чанд сол пештар аз ин  дар  деҳа неругоҳи барқи обии хурд ба кор дароварда шуд. Дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии тавоноиаш зиёдтар бунёд карда мешавад. Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти асосии деҳа ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил ёфтааст. Рустонишинон соҳиби мағозаи дорои молҳои саноатӣ, маводи хӯрокворӣ ва дигар асбобу анҷомҳои зарурии рӯзгор мебошанд. Аз ҷониби муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи русто таъмир мегардад. 
Ягона  камбуд  он  буд,  ки  деҳотиён  бунгоҳи тиббӣ надоштанд. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ин мушкилот низ ҳалли худро ёфт. Тибқи иттилои Ҳукумат Шарифзода, роҳбари Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар арафаи Соли нави милодии 2024 бунгоҳи тиббӣ ба маблағи бештар аз 750 ҳазор сомонӣ, дорои се ҳуҷраи корӣ ва хонаҳои ёрирасон, қомат афрохт, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ аст. 
                                                                            
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 09.01.2024 №: 5-7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив