ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ. 2023 СОЛИ БОБАРОР БУД

ВАРЗИШ. 2023 СОЛИ БОБАРОР БУД

10 январ 2024, Чоршанбе
23
0


Соли 2023 анҷом ёфт. Як соли пур аз дастоварду комёбиҳо. Як соли созандагиву ободкориҳо. Як соли ифтихоровариҳо. Дар баробари ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дар соҳаи варзиш низ дастовардҳо назаррас буданд, хусусан дар намудҳои ҷудо ва бокс. “Ҷумҳурият” дар ин матлаб муҳимтарин рӯйдодҳои соҳаи варзиши мамлакатро дар соли 2023 ёдовар мешавад. 

МЕДАЛИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН АЗ РӮИ НАМУДҲОИ ОЛИМПИИ ВАРЗИШ ПАС АЗ 8 СОЛ
Дар чемпионатҳои ҷаҳон аз рӯи намудҳои олимпии варзиш солҳо буд, ки варзишгарони мо медал намегирифтанд. Охирин маротиба соли 2015 Дилшод Назаров дар гурзандозӣ медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабукро ба даст оварда буд. Инак, соли 2023, пас аз 8 сол, ба Баҳодур Усмонов даст дод, ки медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро сазовор шавад. Ин рӯйдод барои бокси кишвар бошад, пас аз 12 сол (пас аз медали биринҷии Анвар Юнусов дар соли 2011) дигарбора рух дод. 
Умуман, соли гузашта барои муштзанҳои мо соли бобарор буд. Миёни наврасон муштзандухтари тоҷик Фариноз Абдуллоева ба гирифтани медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон даст ёфт, ки бесобиқа аст. Фариноз, инчунин, дар Чемпионати Осиё медали биринҷиро ба гардан овехт.
Дигар дастовардҳои Федератсияи бокси Тоҷикистон, медалҳои тиллои Давлат Болтаев ва биринҷии Миҷгона Самадова дар 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин ва ду роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Муштзанҳои мо дар чемпионатҳои Осиё миёни наврасону ҷавонон ҳам яке аз беҳтаринҳо буданд. Варзишгарони ҷавони мо дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола 3 медали биринҷӣ, миёни ҷавонон 2 медали биринҷӣ ва миёни наврасон 1 нуқра ва 6 биринҷиро мушарраф гаштанд. 

АВВАЛИН МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ҶУДОЧИЁН ДАР БОЗИҲОИ ОСИЁ
Соли 2023 барои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон низ соли пур аз комёбиву дастовардҳо буд. Темур Раҳимов давоми сол мавқеашро дар ҷои аввали радабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо нигоҳ дошт. Темур соли гузашта дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо 4 медали нуқра гирифта, дар Чемпионати ҷаҳон ҷои панҷумро мушарраф шуд.
Дар Бозиҳои Осиё, ки дар Ҳангжоуи Чин баргузор гашт, Сомон Маҳмадбеков медали тилло гирифт, ки барои ҷудои кишвар таърихӣ буд. То ин замон паҳлавонони мо дар Бозиҳои Осиё танҳо медали биринҷӣ доштанд. Умуман, ҷудочиёни мо соли 2023 дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ сазовори 48 медал – 12 тилло, 11 нуқра, 25 биринҷӣ – гаштанд. Рӯйдоди дигари таърихӣ барои ҷудои тоҷик – мизбонии аввалин Гран-прии Душанбе буд, ки дар он варзишгарону намояндагони беш аз 40 давлат ширкат намуданд. Мусобиқа аз ҷиҳати ташкилӣ дар сатҳи баланд доир шуда, аз ҷониби мутахассисон ва намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷудо баҳои баланд гирифт.

ВАРЗИШИ САБУК
Дар намуди варзиши сабук варзишгарони мо, асосан, дар мусобиқаҳои минтақавӣ фаъол буданд. Дар эстафетаи 4х400 метр дар Чемпионати Осиё дар толор тими Тоҷикистон медали биринҷӣ, ҳамчунин, дар 5-ум Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 18-сола Нигораи Амирхон дар масофаи 2000 метр бо монеаҳо медали биринҷӣ гирифтанд, ки дар таърихи Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аввалин буд.

ГӮШТИИ ТАРЗИ ОЗОД ВА ЮНОНӢ-РИМӢ
Дастоварди варзишгарони мо дар гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасону ҷавонон назаррас буд. Аз ҷумла, дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар гӯштии озод Абдулмаҷид Кудиев медали тилло, Мустафо Ахмедов медали нуқра ва дар гӯштии юнонӣ-римӣ Фирӯз Мирзораҷабов медали биринҷӣ гирифтанд. Муҳаммадамин Абдуллоев барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 20-сола гардид. Дар Чемпионати Осиё миёни наврасони то 15-сола бошад, Дамир Отаев, Алишер Рӯзимадов медали тилло, Умар Раҳимов медали нуқра, Алиризо Баҳромов, Амирҷон Обидов ва Шоҳиҷаҳон Бобоев (57кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.

ДАСТОВАРДҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН
Мунтахаби футзали кишвар таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» мақоми якумро касб карда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Бозиҳои гурӯҳи “Е” бо иштироки тимҳои Тоҷикистон, Мянма, Ҳиндустон ва Фаластин дар Душанбе баргузор шуд.
Ҳабдаҳумин Чемпионати Осиё оид ба футзал аз 17 то 28-уми апрели соли 2024 дар Тайланд доир мегардад. Тими Тоҷикистон маротибаи 12-ум дар ин мусобиқа ширкат мекунад. 
Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) низ ба марҳалаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар Малайзия ғолиби Ҷоми Мардека гардида, дар ду бозии даври интихобии Чемпионати ҷаҳон бо тими Урдун мусовӣ (0:0) бозӣ карда, бар тими миллии Покистон бо ҳисоби 6:1 ғолиб омад. 
Дастаи мунтахаби наврасони кишвар бошад, бо се пирӯзӣ ва як бохт дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни бозигарони то 17-сола ғолиб гардид. 

НАМУДҲОИ ҒАЙРИОЛИМПӢ
Тими муҳорибаҳои омехтаи кишвар дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонону калонсолон, ки дар Тирана (Албания) доир гашт, бо 17 медал - 6 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ – дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро гирифт. 
Варзишгарони мо дар Чемпионати ҷаҳонии самбо 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Гӯштигиронамон дар намуди кураш низ дурахшиданд. Тими кураши Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ду медали биринҷӣ, дар Чемпионати ҷаҳон 4 медали биринҷӣ, дар Чемпионати Осиё як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Жасмин Ан-Нимр дар 14-ум Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг дар шаҳри Вонҷуи Корея медали тилло гирифт.

ДАСТГИРИИ ВАРЗИШГАРОН
Соли сипаригардида мисли солҳои қабл дар ҷумҳурӣ як қатор иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд ва варзишгарон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ, дар шаҳри Хуҷанд Маркази камонварӣ ва дар дигар шаҳру навоҳӣ зимни сафарҳои кории Пешвои миллат якчанд майдону толорҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 барои ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ ёрии молиявии якумрӣ дода мешавад: аз рӯи намудҳои олимпии варзиши инфиродӣ ва даставӣ 50 нишондод барои ҳисобҳо барои ҷойи аввал (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 68 сомонӣ), барои ҷойи дуюм 30 нишондод ва барои ҷойи сеюм 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Кумакпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, ки дар даврони истиқлолият соҳиби медал гардидаанд, пардохт мегардад.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ғолибону ҷоизадорони 19-ум Бозиҳои Осиё манзили истиқоматӣ тақдим кард. Барандагони медали тилло (2 нафар) хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра (1 нафар) хонаи дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ (4 нафар) хонаи якҳуҷрагӣ гирифтанд. Дар баробари ин, бо натиҷагирии соли 2023 варзишгароне, ки меъёрҳои Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ иҷро кардаанд, бо ҷоизаи Президенти Тоҷикистон сарфароз мешаванд.

2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
Муҳимтарин чорабинии соли 2024-ум 33-юм Бозиҳои Олимпиада мебошад, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад. Ба барномаи Бозиҳо 32 намуди варзиш ворид гардидааст ва варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо талош мекунанд. Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ соли 2022 шуруъ гардид ва то моҳи июл идома меёбад. Тоҷикистон феълан ду иштирокдори Бозиҳои олимпӣ дорад: Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев (ҳар ду аз намуди бокс).

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.01.2024 №: 4
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив