ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПУЛРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА НАМОЕМ!

ПУЛРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА НАМОЕМ!

10 январ 2024, Чоршанбе
14
0


Пул ҳамчун асоситарин воситаи муомилоти хариду фурӯш дар тамоми олам истифода мешавад ва дар пешрафту тараққиёти иқтисодию маишӣ нақши ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд пулро оқилона, сарфакорона ва фақат дар ҳолати зарурат истифода намоем, сарфи ҳар гуна ҳараҷу мараҷи нодаркор накунем. Дар оила банақшагирӣ, пасандоз ва ба маврид истифода намудани пул аз ҳама муҳим аст. Чунки харҷи бемаврид ва беҳуда оиларо ба касодӣ ва нодорӣ мерасонад. Баръакс, муносибати сарфакорона ва донистани қадри пул зиндагии оилавиро тағйир дода, ба сатҳи баланд ва беҳтари зиндагӣ мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябр то 16-уми ноябри соли 2022 маъракаи иттилоотӣ – фароғатӣ  дар бораи пул гузаронда шуд. Мақсад аз ин чорабинӣ, сарфакорӣ ва пешгирӣ аз сарфу хароҷоти беҳудаи пул, оқилонаю сариштакорона истифодаи он дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишвар ба шумор мерафт.       
Бояд гуфт, ки пасандоз кардан қадами муҳим ба сӯи вазъи хуби молиявӣ буда, ҳар яки мо бояд аз ин усул кор гирем. Аксар одамони таҷрибаи зиндагӣ андӯхта пулро сарфакоронаву эҳтиёткорона ва дар ҳолати зарурӣ истифода мекунанд. «Барои рӯзи мабодо» гуфта, ҳамеша як миқдор маблағро сарф накарда, нигоҳ медоранд, ки ин анъанаи хуб аст. Пул он қадар қудрату тавонои дорад, ки метавонад муносибатҳоро тағйир диҳад. Барои мисол: Сарвазири собиқи Британияи Кабир Уинстон Черчилл дар мусофирбаре (таксӣ) нишаста барои мусоҳиба ба радиои BBC меравад ва аз ронанда хоҳиш мекунад, ки ӯро чил дақиқа интизор шавад. Ронанда, ки ӯро намешинохт мегӯяд: «Наметавонам, ман бояд ба хона равам, то суханронии Уинстон Черчиллро гӯш кунам». Черчилл чизе нагуфта 10 фунт ба ронанда медиҳад, ронанда пули зиёдро дида аз шодӣ мегӯяд: «Ҷаноб, ман соатҳо шуморо интизор мешавам. Бигзор Черчилл ба дӯзах равад». Дидед, қадру эътибори пулро то кадом андоза аст, ҳатто принсипҳоро дигар мекунад. 
Мутаассифона, аксари мардуми мо ба қадри пул намерасанд. Аҷобаташ дар он аст, ки кулли мардум аз субҳ то шом барои дарёфти ба қавле «чор танга» ҷон мекоҳонанд, аммо ба қадри он заҳматҳои худ, ба қадри он пуле, ки арақи ҷабин резонда ба даст овардаанд, намерасанд. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки «пул чирки даст аст», меояду меравад, ки ин андеша хатои маҳз аст. Пул «чирки даст» не, маҳсули заҳмати даст аст. 
Мушоҳидаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки аксари мардум, хусусан савдогарони дукону бозорҳо нисбат ба пул чунон муносибати бепарвоёна ва дағалона мекунанд, ки гӯё як коғази бекора дар даст дошта бошанд. Гоҳо пулҳое ба дастат меафтанд, ки бо скотч аз нав часпонда шудааст, ё дар болои пул рақамҳои телефон навишта кардаанд, ки ин бисёр аламовар аст. Наход бо пули миллӣ чунин муносибатро раво донем. Охир пул ҳам як рукни арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллии мо мебошад. Ё қассоб - гӯштфурӯши бозорро мебинӣ, ки бо дастони хунолудаш пулро аз дасти харидор гирифта, ғиҷим карда ба ҷайби пур аз чирку чарбаш меандозад. Ин тоифа бо чунин амал, на танҳо ба пул муносибати дағалона мекунанд, балки ба бузургони миллат, ки аксашон дар купюраҳо тасвир шудааст чунин амали ношоистаро раво мебинанд.
Барои хотима бахшидан ба чунин муносибатҳои бепарвоёна ва дағалона сохторҳои марбутаро лозим аст, ки як комиссияи босалоҳияти фаҳмондадиҳӣ ташкил намуда, дар бозору марказҳои савдо бо савдогарону дукондорон семинар-машваратҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, водор созанд, ки пули миллӣ ин як ҷузъи муқаддасоти миллӣ буда, барои арҷ гузоштан ба он эҳтиёткор бошанд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ на танҳо дар бозору марказҳои савдо, балки дар ҳама қишрҳои ҷомеа муассисаву корхонаҳо, донишгоҳу омӯзишгоҳо, муассисаҳои таълимӣ ба роҳ андохта шавад.  Қадру эътибор ва муносибати эҳтиёткорона ба пули миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи ҳар як сокини кишвар мебошад.
Хушбахтона, қурби пули миллии мо имрӯз нисбат ба пули ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мавқеи хоси худро дорад.
Барои беэътиборӣ ва муносибати дағалона нисбат ба пули миллӣ бояд ҷазо муқаррар карда шавад ё аз тарафи масъулони соҳа ҷарима ситонда шавад. Бо ин роҳу воситаҳо мо метавонем, ба мардум ҳушдор диҳем, ки дар муносибат ва доду гирифт бо пули миллӣ эҳтиёткор ва боандеша бошанд.

Муродалӣ СОБИР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив