ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА, АНГУР, МОҲӢ, АСАЛ КАМ ГАРДИД.  БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА, АНГУР, МОҲӢ, АСАЛ КАМ ГАРДИД.  БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

12 январ 2024, Ҷумъа
61
0
 
Таҳти роҳбарии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ, ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, сарраёсати кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ иштирок карданд. 

Зикр гардид, ки Вазорат бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолиятро дар асоси вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои кишвар, қарору фармоишҳои Ҳукумати мамлакат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти рустанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонд.

 

Дар соли ҳисоботӣ, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 63028,4 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Аз ҷумла, маҳсулоти рустанипарварӣ 43365,7 миллион сомонӣ (106,8 дарсад) ва чорвопарварӣ 19662,7 миллион сомонӣ (114,1 дарсад)-ро ташкил дод. Нисбат ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 9027,1 миллион сомонӣ (1,8 дарсад) зиёд гардида, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 24,6 дарсадро ташкил медиҳад.Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2022, № 370 «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2025», соли сипаришуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дурнамои истеҳсоли ғалладона 1671,2 ҳазор тонна, пахта 429,6 ҳазор, картошка 1112,1 ҳазор, сабзавот 2665,2 ҳазор, полизӣ 854,7 ҳазор, мева 500,2 ҳазор, ангур 281 ҳазор, гӯшт 355,1 ҳазор, шир 1092,3 ҳазор, пашм 8388, моҳӣ 5806, асал 4774 тонна ва тухм 1209,1 миллион дона пешбинӣ гардидааст. Ҷиҳати иҷрои дурнамо бо истифодаи самараноки имкониятҳои соҳа тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати якуми январи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона 1754,9 ҳазор тонна расонда шуда, иҷрои дурнамои пешбинигардида 105 дарсад, пахта 344,4 ҳазор тонна (85,1 дарсад), картошка 1144,9 ҳазор (102,9 дарсад), сабзавот 3026,2 ҳазор (113,5 дарсад), полизӣ 1009,9 ҳазор (118,1 дарсад), мева 664,3 ҳазор (132,8 дарсад), ангур 190,4 ҳазор (67,7 дарсад), гӯшт 398,1 ҳазор (112,1 дарсад), шир 1118,5 ҳазор (102,3 дарсад), пашм 8755 (104,4 дарсад), моҳӣ 5454 (93,9 дарсад), асал 4697 тонна (98,4 дарсад) ва тухм ба 1223,7 миллион дона (101,2 дарсад) таъмин гардид.
Дар ҷаласа сардорони сарраёсатҳои кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи Вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа маълумот  доданд. 
Сулаймон Зиёзода барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулонро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супоришҳо дод.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорат Лоиқ Тӯйчизода иттилоъ дод.
 
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.01.2023 №: 9
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив