ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ. ДУРНАМОИ РУШД ВА ХУШБИНИҲО АЗ  СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

ПАЁМ. ДУРНАМОИ РУШД ВА ХУШБИНИҲО АЗ  СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

12 январ 2024, Ҷумъа
142
0


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, чун солҳои гузашта, мавриди таваҷҷуҳи амиқи ҷомеаи кишвар қарор гирифт. Зеро масъалаҳои дар ин дастури раҳнамо зикршуда, бо паёмҳои қаблан ироагардида алоқамандӣ дошта, паёмҳои минбаъда низ аз он сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар Паём матраҳшуда ҳамеша актуалӣ боқӣ мемонанд.

Таҷриба собит намуд, ки дар низоми давлатдории навини мо, Паём як навъ алоқамандии мутақобилаи ҳокимият ва ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ба халқ тааллуқ доштани ҳокимият ва дар назди халқ ҳисоботдиҳанда будани ҳокимияти давлатиро ифода мекунад. 
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки зимни ироаи Паём ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд, ин нақш ва мавқеи ҳуқуқ дар давлат, низоми сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Президенти мамлакат ин падидаи муҳими сиёсию иҷтимоиро унсур, сарчашма, омил ва роҳу механизми асосии таъмини стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъминкунандаи суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат арзёбӣ намуданд. Воқеан, ҳуқуқ таъмикунандаи адолати иҷтимоӣ дар давлат буда, тавассути он қоидаи рафтори давлат ва мақомоти давлатӣ ҳамчун унсури сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, рафтори ҷомеа ва шахс дар чорчӯбаи муайян муқаррар карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат дар тамоми паёмҳои худ ва дигар маърузаву баромадҳояшон бевосита ё бавосита ба масъалаҳои гуногуни конститутсионӣ, меъёру принсипҳои он, ки дар Конститутсия эълон карда шуданд, рӯ меоранд. Зимнан, истифодаи васеи мафҳумҳои конститутсионӣ сатҳи баромаду маъруза ва паёмҳои Пешвои миллатро боз ҳам арзишмандтар, қавитар ва таъсирбахш мегардонад. Чунончи, Сарвари давлат дар Паём зикр карданд: «Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад». Ибораи «бунёди ҷомеаи адолатпарвар» мафҳуми конститутсионӣ буда, он ифодаи худро дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфта, ҳамчун вазифа ва мақсади ниҳоии халқи Тоҷикистон эътироф шудааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.
Қобили зикри хос аст, ки дар пайвастагӣ ба Конститутсия ва ҳуқуқ, риояи қатъии онҳо ва баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии ҷомеа, ки бе тақвияти фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайриимкон аст, аз таъкид ва дастуру супоришҳои ҳамешагии Роҳбари давлат ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ ба ин нукта ишораи возеҳ сурат гирифта, чунин таъкид ба амал оварда шуд: «Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Умед аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеаи Тоҷикистон нақши назарраси худро мегузорад. Ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи мамлакат дар соли маърифати ҳуқуқӣ бо амалҳо ва қоидаи рафтори созандаи тамоми қишрҳои ҷомеа бо шукӯҳу тантана ва дар фазои оромӣ ва гулгушукуфии кишвари азизамон баргузор мегарданд. Дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат соли 2024 низ дар рушду нумуи минбаъдаи давлату давлатдориамон, иқтисоди миллӣ ва боз ҳам боло рафатани вазъи некуаҳволии халқамон нақши хотирмон хоҳад гузошт.

Карим КАРИМЗОДА, 
муовини раиси Суди конститутсионии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 12.01.2024 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив