ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

16 январ 2024, Сешанбе
19
0


Ҷоми Осиё - 2023: мусовии Тоҷикистон бо Чин
12-уми январ дар Давлати Қатар Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол оғоз гардид. Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ (0:0) бозӣ кард. 
Дар бозии дигари гурӯҳ Қатар бар Лубнон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт. Ҳамчунин, бозиҳои гурӯҳҳои “В”, “С” ва як бозии гурӯҳи “D” дар даври аввал баргузор шуданд. Австралия бар Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0, АМА бар Ҳонгконг (3:1), Эрон бар Фаластин (4:1), Ҷопон бар Ветнам (4:2) зафар ёфта, қувваозмоӣ миёни дастаҳои Сурия ва Ӯзбекистон мусовӣ (0:0) шуд.  
Дар мусобиқот 24 тими беҳтарини қора дар шаш гурӯҳ ширкат дорад. Бо натиҷагирӣ аз бозиҳои марҳалаи гурӯҳӣ, ки 25-уми январ ба анҷом мерасад, дудастаӣ аз ҳар гурӯҳ, инчунин чор дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон додаанд, мусобиқаро дар даври ҳаштякфинал идома медиҳанд.
Тими миллии Тоҷикистон дар даври дуюм 17-уми январ бо Қатар вомехӯрад. Бозии дастаҳо соати 19:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.


“Вахш” – “Хатлон” – “Вахш”
Бошгоҳи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар тасмим гирифтааст, ки номи таърихии даста – “Вахш”-ро барқарор кунад. 
“Вахш” соли 1960 таъсис ёфта, қадимтарин бошгоҳи футбол дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Соли 2018 зимни ислоҳоти сохтори даста аз “Ташкилоти ҷамъиятӣ” ба “Муассисаи давлатӣ” роҳбарият номи бошгоҳро “Хатлон” гузошт. 
Бо гузашти 6 сол ба даста номи таърихияш баргардонда шуд ва рӯзҳои наздик рамзи нави бошгоҳ муаррифӣ мешавад. 

ҶУДО

Паҳлавонони тоҷик ба аввалин мусобиқаи сол сафарбар мегарданд
Сайри ҷаҳонии ҷудо бо Гран-прии Португал оғоз меёбад. Мусобиқа 26-28-уми январ дар шаҳри Одивелас доир мегардад.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо барои ширкат дар мусобиқа 641 варзишгар (356 мард, 285 зан) аз 90 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгарро ба Португал сафарбар мекунад: Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (ҳар ду -100кг).
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр мегарданд. Ба ғолибон 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро супурда мешавад. Ҳамчунин, варзишгарон хол гирифта, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунанд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.01.2024 №: 11
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив